Новости

Шанбегӣ дар Институт
(06 апрели 2019.с)

Имрўз ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи баргузории ҳашар дар варзишгоҳи бунёдшавандаи Институт корҳои ободонӣ гузарониданд. Ҳамчунин бо иштироки фаъолонаи бонувони Институт саҳни бинои асосӣ тозаву обод карда шуда, дар боғи назди бинои асосӣ гулҳо ва растаниҳои ороиши шинонида шуданд. Аз ҷониби Институт ҳайати кормандон пайваста бо либосу лавозимот, шароити кории муътадил ва дар ҳолатҳои зарурӣ бо қувваи техникӣ низ таъмин карда мешаванд.

     

    

__________________________________________________________

04.04.2019  - Ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ (Фотон)

Имрўз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Институт – аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоён аз ҷумла оид ба бо меҳнати софдилона дар ҷодаи илму техника баланд баровардани сатҳи таҳқиқотҳо, натиҷаҳои илмӣ, татбиқи онҳо, ворид намудани технологияҳои нав ва омода намудани кадрҳои соҳаи илмҳои махсусан физика ва техника баҳри амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақшаҳои амалии худ ва натиҷаҳои ҷориро иброз намуданд. Ҳайати кормандони Институт фаъолияти хешро доимо барои дар сатҳи баланд иҷро намудани нақшаҳои илмию амалӣ ва таҳқиқоту ихтироотҳо баҳри обод намудани кишвар равона менамоянд.