НАВИД

Ҷашни Иди байналмилалии Наврўз дар осоишгоҳи Наврўзгоҳи илм

Санаи 30-уми марти соли 2019 дар осоишгоҳи Наврўзгоҳи илми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар дараи Ромит Ҷашни Иди байналмилалии Наврўз аз ҷониби кулли сохторҳои Академияи илмҳо бо мароми миллӣ ва дар сатҳи баланд таҷлил шуд. Аз ҷумла дар ин Ҷашн аҳли кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дастархони наврўзии ҳафт сину ҳафт шин ороста, дар маросимҳои наврўзӣ фаъолона иштирок намуданд. Ҷашн бо як шукўҳу шаҳомати хоса ва хотирмон баргузор гардид.

Ҷашни Иди байналмилалии Наврўз муборак бошад, ҳамдиёрони гиромӣ!