Дар институт технологияи ҳосилкунии кристаллҳои боратҳои секаратаи литийвисмут дар шароити градиентҳои пасти ҳарорат кор карда баромада шудааст. Ҳангоми кристаллизатсияи боратҳои секарата нуқсонҳое аён гаштанд, ки бо механизми афзоиши кристалл алоқаманд мебошанд. Тадқиқи табиат ва сабабҳои пайдоиши чунин нуқсонҳо имконияти муайян намудани ҳам фронти морфологии кристаллизатсия ва ҳам устувории он, инчунин муайян намудани сарҳадҳои камкунљ ва блокҳои бо тағйирёбии стехиометрияи гудохта ва ташкилёбии ҳамроҳҳои газӣ алоқамандбударо медиҳад.

Аввалин маротиба таљрибаҳо оид ба даст овардани боратҳои секарата бо методи механосинтез – тарзи ба кулли нави технологияи ҳосилкунии чунин пайвастҳо гузаронида шуд. (А.Холов).

Тадқиқотҳо дар ин соҳа асосан дар Шўъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, ки соли 2008 дар асоси 3 лабораторяи мављудбуда ташкил шудааст, бурда мешаванд: сектори физикаи назариявӣ, лабораторияи физикаи кристаллҳо ва акустикаи физикӣ. Дар назли шўъба вазифаҳо доир ба идомадиҳии тадқиқотҳои қаблан оғозшуда дар соҳаи коркарди технологияи тартибдиҳӣ ва тадқиқи таљрибавию назариявии маводҳои нав, кристаллҳо, ки дорои хосиятҳои муфиди физикӣ мебошанд ва дар тартибдиҳии таљҳизотҳои технологияи баланд (лазерҳо, микроэлектроника, детекторҳои навъҳои мухталифи нурафканӣ ва ғ.) татбиқоти васеъ доранд гузошта мешаванд. Бо тараққиёти пуршиддати нанотехника, дар назди шўъба вазифаҳо доир ба тараққиёти нанотехнологияҳо гузошта шуданд, ба монанди тартибдиҳии маводҳои нави (монокристаллҳо ва наноматериалҳо) дорои хосиятҳои муфиди физикӣ, ки аҳамияти хеле муҳим дар тараққиёти техника ва технология доранд, инчунн вазифаҳо доир ба тартибдиҳӣ ва тадқиқи хосиятҳои маводҳои нав, кристаллҳои наноструктуравии ҳаљмнок, наносатҳҳо ва дигар маводҳо, ки метавонанд дар соҳаҳои гуногуни хољагии халқ истифода шаванд. Ба техникаи муосир маводҳои кристаллӣ бо хосиятҳои физикии гуногун заруранд. Тараққиёти соҳаҳои зиёди илм ва техника бо дастовардҳо дар соҳаи ҳосилкунии маводҳои нав алоқаманд мебошанд, ки метавонанд на танҳо параметрҳои мављудаи таљҳизотҳоро беҳтар намоянд, балки таљҳизотҳои нав низ сохта шаванд.

Тадқиқотҳои комплексии гузаронидашудаи синфи молибдатҳои дукарата ва волфраматҳо, ки катионҳои як ва дувалентаро дар бар мегиранд, пешгўи ва баъдан тавассути таљрибаи физикӣ тасдиқ намудани чунин хосиятҳои муфид ба монанди - лазерӣ, акустооптикӣ, пйезо ва сегнетоэлектрикӣ, сегнеточандир, электролитӣ, люминистсентӣ, пироэлектрикӣ ва ғ. имконият доданд. Кристаллҳои навъҳои пастҳарорати волфрамати калий-иттриевӣ ва дигар пайвастҳои изоструктурии тавассути неодим фаъолкардашуда дорои хосиятҳои нотакрори спектро-генератсионӣ мебошанд ва дар тартибдиҳии махсуси таљҳизотҳо татбиқи худро ёфтаанд. Дар Шўъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, дар лабораторияи физикаи кристаллҳо оилаи нави кристаллҳои пйезо – сегнетоэлектрикӣ бо структураи кристаллшакл – молибдати тсезий-литий, волфрамати тсезий-литий ва дигар пайвастҳои изоструктурӣ коркард ва дарёфт шуданд, ки дорои хосиятҳои самараноки электромеханикӣ ва ғ. мебошанд. Шаҳодатномаҳои муаллифӣ барои тарзҳои ҳосилкунии монокристаллҳои: CsLiMoO4, CsLiWO4, NaBi(WO4)2, LiBi(MoO4)2 инчунин бо иловаи омехтаи неодим гирифта шуданд. Кристаллҳои нав дар асоси оксидҳои элементҳои нодири заминӣ ва оскиди висмут ба даст оварда шуданд: Pr3Bi5O12, Er3Bi5O12, Yb3Bi5O12, Lu3Bi5O12. Технологияи ба даст овардани монокристаллҳои сатҳи баланди мукаммал кор карда баромада шуда истодаанд. (А.Холов).