Шӯъбаи наномаводҳо ва нанотехнологияҳо

Тадқиқотҳо дар ин соҳа асосан дар Шӯъбаи наномаводҳо ва нанотехнология, ки соли 2008 дар асоси 3 лабораторяи мавҷудбуда ташкил шудааст, бурда мешаванд: сектори физикаи назариявӣ, лабораторияи физикаи кристаллҳо ва акустикаи физикӣ. Дар назли шӯъба вазифаҳо доир ба идомадиҳии тадқиқотҳои қаблан оғозшуда дар соҳаи коркарди технологияи тартибдиҳӣ ва тадқиқи таҷрибавию назариявии маводҳои нав, кристаллҳо, ки дорои хосиятҳои муфиди физикӣ мебошанд ва дар тартибдиҳии таҷҳизотҳои технологияи баланд (лазерҳо, микроэлектроника, детекторҳои навъҳои мухталифи нурафканӣ ва ғ.) татбиқоти васеъ доранд гузошта мешаванд. Бо тараққиёти пуршиддати нанотехника, дар назди шӯъба вазифаҳо доир ба тараққиёти нанотехнологияҳо гузошта шуданд, ба монанди тартибдиҳии маводҳои нави (монокристаллҳо ва наноматериалҳо) дорои хосиятҳои муфиди физикӣ, ки аҳамияти хеле муҳим дар тараққиёти техника ва технология доранд, инчунн вазифаҳо доир ба тартибдиҳӣ ва тадқиқи хосиятҳои маводҳои нав, кристаллҳои наноструктуравии ҳаҷмнок, наносатҳҳо ва дигар маводҳо, ки метавонанд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода шаванд. Ба техникаи муосир маводҳои кристаллӣ бо хосиятҳои физикии гуногун заруранд. Тараққиёти соҳаҳои зиёди илм ва техника бо дастовардҳо дар соҳаи ҳосилкунии маводҳои нав алоқаманд мебошанд, ки метавонанд на танҳо параметрҳои мавҷудаи таҷҳизотҳоро беҳтар намоянд, балки таҷҳизотҳои нав низ сохта шаванд.