Султон Умарович Умаров

              (1908-1964)

Аз 1 июни соли 1964 дар асоси лабораторияҳои амалкунандаи Шўъбаи физика ва математика, ки дар он масъалаҳои номбаршудаи илми физика тадқиқ мешуданд, Институти физика ва техника ташкил шуд, ки номи бунёдкори худ, шахси дорои хислатҳои нотакрори инсонӣ – академик Умаров Султон Умаровичро мебарад. Ҳоло олимон-физикон бо як шарафи хоса ва ҳиссиёти сипосгузории самимӣ номи ин шахси бузург ва олими дорои ҷаҳонбинии энсиклопедӣ ва маҳорати баланди бунёдкориву созандагӣ, яке аз аввалин физикон-назариётчиёни Осиёи Миёна, олими барҷаста ва арбоби давлатиро ба ёд меоранд.

Маҳз таҳти роҳбарии академик С.У.Умаров дар Шўъбаи физика ва математика лабораторияи физикаи ҳаста, лабораторияи физикаи нимноқилҳо, лабораторияи физикаи устуворӣ ва лабораторияи оптикаву спектроскопия бунёд шуданд, ки асоси сохтори Институти физика ва техникаро ташкил медоданд, самтҳои афзалиятноки тараққиёти илми физика дар Тоҷикистон муайян гаштанд.

Паси сатрҳои оддии Қарордоди протоколи ҷаласаи Мушовараи Кумитаи Давлатии ИҶШС оид ба мувофиқгардонии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ аз 11 апрели соли 1964 таҳти №27 «Доир ба ҷобаҷогузории шабакаи муассисаҳои илмии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон», ки дар он гуфта шудааст «пешниҳоди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикстон ва Президиуми Академияи илмҳои ИҶШС ҷиҳати дар Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикстон ташкил намудани: - Институти физика ва техника дар базаи Шўъбаи физика ва математика қабул карда шавад» нерўи бузурги академик С.У.Умаров, ниҳоди бунёдкор ва маҳорати корбарии ў дар ҷалб намудани мақомотҳои боло, бо вуҷуди норасоии кадрҳо, нокифоягии таъминоти маводӣ-техникии лабораторияҳо, дар зарурати таъсиси додани институтҳои нав дар Академияи илмҳои Тоҷикстон ҳис карда мешавад.

Дар Қарори КМ ПК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 29 майи соли 1964 таҳти №228 омадааст: «Бо назардошти хизматҳои шоистаи академик С.У.Умаров дар соҳаи тараққиёти илм ва тадқиқотҳои физикӣ дар ҷумҳурӣ ва бо мақсади абадигардонии хотираи ў ба Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон номи академик С.У.Умаров дода шавад ва минбаъд он бо номи «Институти физикаю техникаи ба номи академик С.У.Умаров» шинохта шавад».

Бунёди Институти физикаю техникаи ба номи академик С.У.Умаров дар ҳаёти АИ ҶТ падидаи назаррасе буд. Асоси дурнамои тараққиёти нақшавии тадқиқотҳои физикӣ-математикӣ дар ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими хоҷагии халқ, коркард ва татбиқи технологияҳои нав дар саноати давлат гузошта шуд. Дар институт тадқиқотҳои муҳим дар соҳаи масъалаҳои фундаменталӣ ва амалии физикаи ҳаста, физикаи ҷисми сахт ва нимноқилҳо ба роҳ монда мешавад.