Академик А.А.Адҳамов

Дар ибтидои пойдоршавӣ ва тараққиёти илми физика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон, академик Акобир Адҳамович Адҳамов – аввалин директори Институти физика ва техникаи ба номи академик С.У.Умаров, ки онро то соли 1992 сарварӣ намуд, инчунин докторони илмҳои физика ва математика, профессорон Латиф Шарифович Хўҷаев ва Баҳрулло Нарзуллоев, номзади илмҳои физика ва математика Н.М.Ҳошимов фаъолият мебурданд.

Таҳти роҳбарии бевоситаи академик А.А.Адҳамов ҳамаи самтҳои асосии тадқиқотҳои илмӣ, ки дар институт тараққӣ меёбанд, ташкил ёфтанд. Академик А.А.Адҳамов кори шўъбаи физикаи назариявӣ ва лабораторияи акустикаи физикиро ташкил ва роҳбарӣ намуд. Таҳти роҳбарии ў лабораторияҳои маводҳои диэлектрикӣ, электроникаи квантӣ, техникаи криогеннӣ ва лабораторияи гелиотехника ташкил шуданд. Ў ба мавзўъҳои илмӣ-тадқиқотӣ доир ба физикаи назариявӣ, масъалаҳои акустикаи физикӣ ва физикаи маводҳои сегнетоэлектрикӣ роҳбарӣ мекард.

Академик А.А.Адҳамов мутахассиси барҷаста дар соҳаи физикаи назариявӣ буд, самтҳои асосии тадқиқотҳои ў соҳаҳои назарияи молекулавӣ-кинетикии газҳо ва моеъҳо, акустикаи молекулӣ ва назарияи гузаришҳои фазавиро дар бар мегирифтанд. Аз тарафи ў назарияи кинетикии равандҳои ѓайримувозинавӣ дар моеъҳо мукаммал карда шуданд, аз ҷумла паҳншавии мавҷҳои ултрасадо дар моеъҳо, назарияи молекулии хосиятҳои часпаку-чандирии моеъҳо, назарияи фурўбарии резонансии ултрасадо дар муҳитҳои конденсӣ. Аз ҷониби академик А.А.Адҳамов назарияи кинетикии равандҳо ва ҳодисаҳои флуктуатсионӣ дар моеъҳо дар наздикии нуқтаи критикӣ пешниҳод шудааст, хусусиятҳои хосиятҳои гармофизикӣ, динамикӣ ва оптикии кристаллҳои нуқсондор омўхта шудааст. Ин корҳои илмӣ-тадқиқотии фундаменталӣ дар соҳаи назарияи статистикии муҳитҳои конденсӣ ва акустикаи молекулӣ ҳамчун асос барои тараққиёти як қатор самтҳои тадқиқотҳои назариявӣ дар мактаби илмии назариётчиёни аз тарафи ў бунёдшуда буданд. Ба доираи физикҳо-назариётчиёни барҷастаи мактаби илмии академик А.А.Адҳамов академик С.О.Одинаев, профессорон М.И.Салоҳуддинов, Т.Х.Солеҳов, А.Асоев, В.И.Лебедев, А.Ашуров, н.и.ф.‑м., дотсентон А.Абдурасулов, Ҳ.Насруллоев ва як қатор олимони дигар шомиланд, ки саҳми худро ба тараққиёти илми ҷумҳурӣ гузоштаанд.

Академик А.А.Адҳамов яке аз ташкилотчиёни асосии илм дар Тоҷикистон буд. Таҳти роҳбарии ў Институти физика ва техника ба маркази калони тадқиқотҳои фундаменталии физика табдил ёфт, ки мукаммал бо таҷҳизоту асбобҳои замонавӣ буда, барандаи тадқиқотҳои физикаи комплексӣ аз рўи масъалаҳои гуногуни физика ва техникаи муосир мебошад. Таҳти роҳбарии ў институт кори серҷабҳаро доир ба татбиқи дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар хоҷагии халқ бурда истода, маркази омодасозии мутахассисони болаёқат барои соҳаҳои гуногуни саноати Тоҷикистон гаштааст.

Бо дастгирӣ ва тавсияи академик А.А.Адҳамов кадрҳои баландихтисос омода гаштанд – академик Р.М.Марупов, узви вобаста И.И.Исмоилов, профессорон Б.С.Умаров, Ш.С.Мазитов, Ш.М.Мавлонов, Х.М.Қурбонов, М.А.Султонов ва насли минбаъдаи физикон ба воя расиданд, ки бо тадқиқотҳои илмии худ ва натиҷаҳои ба даст овардашуда ба тараққиёти институт саҳми назаррас гузоштанд – академик С.О.Одинаев, академик Ҳ.М.Аҳмедов профессорон С.Ш.Аҳмедов, Ф.Нормуродов, д.и.ф.-м. У.Мадвалиев, Н.Мухторов, д.и.к. Т.Шукуров ва н.и.ф.-м. Бобоҷонов И.Б., А.А.Ҷўраев, С.Н.Соқиев, Ю.М.Шукринов, Р.А.Қориева, Қ.Кабутов, А.Холов, И.Раҳимов, Б.Назаров, Н.Н.Шкляр, В.Салимов, Ш.Азимов, М.Н.Цейтлин, С.Ф.Абдуллоев, В.М.Николаев ва дигарон.