Академик Р.М.Марупов

Аз соли 1991 то 1999 вазифаи сарварии институтро олими шинохтаи соҳаи спектроскопияи пайвастҳои баландмолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ, профессор, Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абўали ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, академик Раҳим Марупович Марупов дар ўҳда дошт. Аз тарафи ў методҳои махсус кор карда баромада шуданд, ки аввалин маротиба ба системаи муайян овардани нишондиҳандаҳои спектроскопӣ ва аён намудани хусусиятҳои нахҳои пахтаи навъҳои гуногунро имконият медоданд. Хусусиятҳои сохтори молекулии селлюлозаи пахта дар раванди биосинтези он, нахи пахта ва базрак (зағир), нитратҳои селлюлоза ва қонуниятҳои тағйирёбии параметрҳои молекулӣ-динамикии спектрҳои резонансии электронӣ-парамагнетӣ ва коррелятсияи онҳо бо хосиятҳои физикӣ-механикӣ тадқиқ шуданд. Мактаби илмии академик Р.Марупов бо итминони том метавонад бо номҳои д.и.к. П.Бобоҷонов, д.и.к. Т.Шукуров, д.и.ф.-м. Д.Саидов, н.и.ф.-м. И.Юсупов ва дигар олимони барҷаста ифтихор намояд.

Бо Қарордоди худ Президиуми АИ ҶТ дар асоси маълумотнома ва хулосаи комиссияи баҳогузории фаъолияти институт дар тўли солҳои 1991 – 1995 ба роҳбарияти институт супориш дод, ки лабораторияҳои соҳаҳои наздик муттаҳид ва мавзўъҳо васеътар шуда, онҳо ба ҳалли масъалаҳои ба тараққиёти хоҷагии халқи ҷумҳурӣ равоншуда алоқаманд гарданд. Моҳи феврали соли 1996 Шўрои олимони институт сохтори нави институтро дастгирӣ намуд, ки аз тарафи Шўъбаи илмҳои физикаву математика, кимиё ва геология тасдиқ шуда буд. Миқдори зерсохторҳои илмӣ аз 15 то 9 ихтисор шуд. Ҳамзамон бо таҷдиди сохтори институт мавзўъҳо васеъ карда шуданд. Агар дар соли 1995 тадқиқотҳо аз рўи 17 мавзўи нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии АИ ҶТ мерафт, ки аз тарафи бўҷа маблағгузорӣ мешуданд, пас дар соли 1996 миқдори мавзўъҳо ба 7 оварда шуд.