Профессор А. Абдурасулов

    Солҳои 2001-2005 вазифаи директории институтро номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Анвар Абдурасулович Абдурасулов - давомдиҳандаи мактаби академик А.А.Адҳамов ва академик С.О.Одинаев, мутахассиси шинохта дар соҳаи назарияи молекулӣ-кинетикии моеъҳои асимметрӣ, электролитҳо ва кристаллҳои моеъ иљро кардааст. А.А.Абдурасулов саҳми назаррасро дар рушди алоқаҳои институт бо Маркази байналмилалии илмӣ-техникии (МБИТ), фаъолона шомил намудани кормандони институт ба ҳамкориҳои байналхалқии илмӣ-техникӣ бо давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва Канада гузоштааст. Бо шарофати лоиҳаҳои Маркази байналмилалии илмӣ-техникии пайвастшавӣ ба Интернет, дастрасӣ ба базаҳои электронии маълумотҳои нашриётҳои илмӣ ва ғ. имконпазир гардид. Ҳоло дар вазифаи ректори Донишгоҳи техникии Тољикистон ба номи академик М.С.Осимӣ А.Абдурасулов ҳамаљониба ба устувор намудани алоқаҳои илмҳои академӣ ва мактабҳои олӣ, љалби љавонон ба илми фундаменталӣ ва амалӣ мусоидат намуда истодааст.