Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров

Дўстони гиромӣ!

       Бо арзи эҳтиром Шуморо ба Симпозиуми байналмилалӣ оид ба усулҳои ҳисоббарор дар илмҳои маводшиносӣ ва биологӣ DSCMBS-2014 ("Dushanbe Symposium on Computational Materials and Biological Sciences"), ки 23-28 сентябри с.2014 дар ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, даъват менамоем.

 

Кумитаи тадорукот: 

Холмуродов Холмирзо T. (Институти муттаҳидаи таҳқиқотҳои ҳастаӣ, Дубна, вилояти Москва,Россия) 

Рахимов Фарҳод К. (Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Муминов Ҳикмат Ҳ. (Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) 

 

Дар DSCMBS-2014 мавзўъҳои таҳқиқотии зерин баррасӣ мегарданд: 

*Усулҳои компютерии моделиронии молекулӣ 

*Динамикаи молекулӣ ва техникаи Монте-Карло 

*Моделиронии молекулаҳои биологӣ (РНК, ДНК, сафедаҳои, ферментҳо, гузаришҳои мутатсионӣ ва ғ.)

*Системаҳои физикӣ ва биокимиёвӣ (газҳо, кристаллҳо, моеъҳо, полимерҳо, био-трибология ва ғ.) 

*Истеҳсоли маводҳо ва зебосозӣ (дизайн) (сохторҳои иондор, клатратҳои фишорбаланд, нанолўлаҳои карбон ва ғ.) 

*Тайёркунии доруҳо дар тиб (пайвасткунии як молекула ба дигараш, таъсири манъкунандаи ферментҳо ва ғ.)

*Ҳисобкунӣ ва физика, кимиё, биология ва тибби ҳисоббарор. 

*Динамикаи молекулиии ба таври графикӣ суръатдодашуда ва техникаи бо он алоқаманд

 

Рўйхати маърўзачиёни асосӣ: 

Prof. Yuko Okamoto (Nagoya University, Japan) 

Prof. Misuhiro Matsumoto (Kyoto University, Japan) 

Prof. Genri Norman (Joint Institute for High Temperatures, RAS) 

Dr. Takao Yoda (Nagahama Institute of Bio-Science and Technology, Japan) 

Prof. Konstantin Shaitan (Moscow State University, Russia) 

Prof. Kenji Yasuoka (Keio University, Japan) 

Prof. Vladimir Stegailov (Joint Institute for High Temperatures, RAS) 

Dr. George Rychkov (Petersburg Nuclear Physics Institute, Russia) 

Prof. Aram Shahinyan (NAS, Armenia) 

Prof. Tomoyuki Yamamoto (Waseda University, Japan) 

Prof. Roman Efremov (Institute of Bioorganic Chemistry, RAS, Moscow) 

Dr. Dmitry Shulga (Moscow State University, Russia) 

Prof. Catherine Etchebest (University Paris-Diderot, France) 

Prof. Viktor Lakhno (Puschino Scientific Center, RAS, Puschino) 

Prof. Dmitry Skladnev (Winogradsky Institute of Microbiology, RAS, Moscow)  

 

Пардохти ташкилӣ: $100 (иштирок ва ҷобаҷокуниро дар бар мегирад). Барои донишҷўёни магистратура ва PhD пардохти ташкилӣ нисфӣ маблаѓи зикуршударо ташкил медиҳад.  

Забони кории симпозиум: англисӣ

Лутфан мақолаҳои худро бо нишонаи номи машварат “DSCMBS-2014” ирсол намоед!

Санаи ниҳоии фиристонидани мақолаҳои боқимонда то 05.09.2014!  

(MS Word, New Times Roman 11pt; то 2 саҳифа якҷоя бо расмҳо, таблитсаҳо, истинодҳо; аз он ҷумла муаллифон ва суроѓаҳо. Намунаро метавонед аз суроѓаи зерин дастрас намоед: 

http://lrb.jinr.ru/conf/mssmbs12/BookOfAbstracts-MSSMBS2012.pdf).

Оид ба масъалаҳои раводид (виза) ва меҳмонхона ба Муминов Ҳикмат ба суроѓаи Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript  нависед.

Аз дидори Шумо дар DSCMBS-2014, дар ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон, 23-28 сентябри с. 2014 шод мегардем.   

Суроғаи баргузоршавии конференсия:

Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,

ш.Душанбе, к. Айнӣ 299/1.