Самти «Физикаи атмосфера» тадқиқоти ҳолати атмосфера, параметрҳои ба ҳолати иқлим ва қабати озонӣ таъсиркунанда, инчунин омӯзиши равандҳои пайдошавии аэрозоли атмосфериро дар натиҷаи тӯфонҳои чангӣ ва мониторинги ҳолати ифлосшавии техногеннии атмосфераро дар бар мегирад: Мунтазам ченкуниҳои таркиби умумии озон дар сутуни амӯдии атмосфера дар давраҳои гуногуни сол гузаронида мешавад. Тадқиқи намунаҳои аэрозоли чангӣ бо методи спектроскопияи фотоакустикӣ дар соҳаи ултрабунафш ва аёни спектр ва муқоисаи ин натиҷаҳо бо маълумотҳои бо методи ИС-спектроскопия ва инъикоси диффузии ба даст оварда шуда имконият доданд, ки табиати ягонаи аэрозолҳои заминии чангӣ ва чанги миррихӣ муайян карда шавад. Натиҷаҳои ин тадқиқотҳо барои ҳалли масъалаҳои пешгӯии иқлим ва обу ҳаво, инчунин барои маънидод кардани мақоми аэрозол дар ин тағйиротҳо хеле зарур мебошанд.

Таҳлили таъсироти ҳавои ғуборолуд ба ҳосилнокии пахта, писта ва алафҳо гузаронида шуд. Миқдори рӯзҳои ғубори чангӣ, вариатсияи шабонарӯзӣ ва мавсими ва давомнокии ғубори чангӣ дар давраи аз соли 2001 то соли 2009 барои Душанбе ва аз соли 2005 то соли 2009 барои Байрамалӣ, Репетек (Туркманистон), Термез (Ӯзбекистон) таҳлил шуд. Қайд шуд, ки дар давраи то соли 90-ум (20 сентябри соли 1989, 15 октябри соли 1990) асосан тӯфонҳои шадиди чангӣ бо давомнокии 6-8 соат ва камшавии шаффофияти горизонталӣ то 50 м бо боришоти минбаъда мушоҳида шуданд. Баъди солҳои 90-ум бештар ғубори чангӣ мушоҳида мешавад бо давомнокии аз 3 то 8 рӯз ва тағйирёбии набзии шаффофияти горизонталӣ вале бе боришот. Дар ин нақша тобистону тирамоҳи соли 2001, ноябри (аз 5 то 24) соли 2007, августи (аз 4 то 15) соли 2008 ва августи (аз 25 то 29) соли 2009-ро махсусан қайд кардан зарур аст, ки дар ин фосилаҳо ғуборҳои набзӣ бо шаффофияти горизонталии то 200 м ба вуҷуд омада буд. (Б.Назаров, С.Абдуллоев).