Рамзи садоқат ба роҳи илм

by usto

Яке аз соҳаҳои асосӣ ва ҷолиби фаъолияти инсон – фаъолияти бунёдии илмӣ мебошад, ки қалби ӯро аз торикӣ ба равшанӣ ва сатҳи ӯро аз ибтидо то коинот мебарад ва мақоми ӯро ҳамчун падидаи нодири олами беканор муайян менамояд. Аммо ин хосиятҳо на бо осонӣ, балки бо меҳнати вазнин, гузаштани сахтию баландиҳои ҳаёт ва иродаи устувору қавӣ ба даст меоянд. Шахсони фарзонаи миллат, ки ин имтиҳони доимӣ ва пуршарафи ҳаётро интихоб намуданд ба мисли гавҳари бебаҳо дастовард ва манбаи асосии илму равшании тафаккури ҷомеа мегарданд. Вале бо тақдири инсонӣ аз ҳаёт рафтани чунин абармардони роҳи илм боиси ғаму андӯҳи беканори махсусан пайвандону аҳли ҷомеаи илмӣ мегардад.

Боиси таассуфи зиёди аҳли илму адаби кишвар аст, ки санаи 12 январи соли 2020 бо амри тақдир риштаи умри яке аз олимони шинохтаи миллати тоҷик, академик Раҳим Марупов дар синни 84 солагӣ канда шуд. Ҳайати олимону кормандони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла олимону кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хабари аз ҳаёт рафтани устоди азиз Раҳим Марупов сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила ва пайвандону наздикони устод пуртоқатӣ ва сабри ҷамил мехоҳанд.

Устод Раҳим Марупов олими шинохта дар соҳаи спектроскопияи пайвастагиҳои фаромолекулӣ, доктори илмҳои техникӣ (1984), профессор (1990), академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997), Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар соҳаи илм ва техника (2003), дорандаи Ордени «Дӯстлик» (2018), Директори фахрии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон то лаҳзаҳои охирини ҳаёти хеш ҳамчун сарходими илмии лабораторияи спектроскопияи молекулавии институти мазкур фаъолият намуданд.

Дар лабораторияи ва озмоишгоҳҳои институти мазкур устод Раҳим Марупов бо баробари таъсисёбии он дар соли 1964 алакай ба сифати олими ояндадори ҷавон зиёда аз 55 соли ҳаёти минбаъдаи хешро ба таҳқиқотҳои бунёдии илмии институт бахшиданд. Устод Раҳим Марупов зина ба зина қуллаҳои илмро фатҳ намуда, ҳанӯз дар синни 28-солагӣ рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «Тадқиқи спектрҳои инфрасурхи селлюлоза ва ҳосилаҳои намуди нави он» бомуваффақият дифоъ намуданд (1964). Кордонӣ ва қобилияти ташкилотчигии устод буд, ки аз сатҳи ходими хурди илмӣ (1964–1965) то ба сатҳи муовини директор (1966–1986), и.в. директор (1991–1993) ва директори институт (1994–1999) масъулиятро ба зимма гирифта, барои рушд ёфтани соҳаи физикаю техникаи кишвар саҳми арзанда гузоштанд.

Таҳқиқоти бунёдии устод Раҳим Марупов, кашфиётҳо ва коркардҳои илмиашон махсусан дар соҳаҳои спектроскопияи молекулавӣ, физикаи полимерҳо, физикаи молекулавӣ ва химияи физикӣ илми ҷаҳониро ғанӣ гардонида, ба он саҳифаҳои навро ворид намуданд. Устод Раҳим Марупов ҳамчун олими нуктасанҷу ғамхор дар роҳбарӣ ва омода намудани насли нави олимони тоҷик – кадрҳои баландихтисоси соҳаи физикаю техника низ саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд. Хотираи неки устоди шодравон Раҳим Марупов ҳамеша дар қалби ҷомеаи илмӣ – олимон, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ва ҷасорату мардонагӣ дар роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.

Ф.Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳ.Ҳ.Муминов, ноиби президенти Академияи илмҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ф.Шокир, директори ИФТ ба номи С.У.Умарови АИ ҶТ.