Home Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-055

Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-055

by usto

Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-055 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Институт) доир ба ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос аз рўйи самтҳои илми 6D060400 – Физика, 6D071700 – Энергетикаи ҳароратӣ ва 6D061200 – Метеорология (ШД ИФТ) таҳти фармоиши №82/шд Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) аз санаи 01.05.2023с. таъсис дода шудааст.*

*Эзоҳ. Ёдрас менамоем, ки то таъсисдиҳии ШД 6D.KOA-055 дар Институт ШД 6D.KOA-031 амал мекард, ки таҳти фармоиши №72-и Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) аз санаи 06.12.2017с. таъсис дода шуда буд.

Ҳайати ШД ИФТ 6D.KOA-055 аз 15 нафар иборат мебошад, ки аз онҳо 10 нафар доктори илм ва 5 нафар номзади илм мебошанд.

Раиси Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-055, д.и.ф.-м. С.Ф.Абдуллаев мебошанд.

Мувофиқи фармоиши Раиси КОА аз санаи 01.05.2023с. таҳти №82/шд ҳоло ба ШД ИФТ қабули диссертатсияҳо барои баррасӣ ва ҳимоя аз рўи ихтисосҳои зерин  иҷозат дода шудааст:

1). 6D060400 – Физика (6D060401/01.04.00 – Асбобҳо ва методҳои физикаи таҷрибавӣ).
2). 6D071700 – Энергетикаи ҳароратӣ (6D071703/05.14.08 – Дастгоҳҳои энергетикӣ дар асоси намудҳои барқароршавандаи энергия).
3). 6D061200 – Метеорология (6D061201/250030 – Метеорология, иқлимшиносӣ, агрометеорология).

Фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.05.2023, №82/шд