Home Таҳқиқоти илмии лабораторияи физикаи кристаллҳо

Таҳқиқоти илмии лабораторияи физикаи кристаллҳо

by usto

ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМИИ ЛАБОРАТОРИЯИ ФИЗИКАИ КРИСТАЛЛҲО

Кормандони лабораторияи физикаи кристаллҳо, бо тадқиқотҳои илмӣ оиди самтҳои актуалии физикаи монокристаллҳо, ки бо усулҳои ҳосил намудани онҳо зич алоқаманданд, омўзиши хосятҳои физикӣ-химиявии онҳо, ки ба таркиб ва сохтори панҷараҳои кристаллии онҳо вобастаанд, машғуланд.

         Имруз соҳае нест, ки бе истифодаи монокристаллҳо ва маводҳои нав ягон асбобҳои ҳозиразамона дар соҳаҳои техника ва алоқа, тибб, микроэлектроника, электроникаи квантӣ, мошинҳои компютерӣ ва робототехника сохта шаванд. 

Бинобар ин лабораторияи физикаи кристаллҳо ҳосил намудани монокристаллҳоро бо усулҳои гуногун яъне: Чохралский, Багдасаров, гидротермалӣ ва  бо воситаи гармии нури лазерӣ ба роҳ мондааст. Аввалин  маротиба  технологияи  ҳосилкунии кристаллҳои  калони  дорои  хосиятҳои  оптикии  якҷинсаи  молибдатҳо  ва  волфраматҳои  дучандаи элементҳои ишқорӣ  бо  усули  Чохралский  аз  гудохта  дар лабораторияи физикаи кристаллҳо  кор  карда  баромада  шудааст.

Дар соҳаи коркарди технологияи тартибдиҳӣ ва тадқиқи таҷрибавию назариявии маводҳои нав, кристаллҳо, ки дорои хосиятҳои муфиди физикӣ мебошанд ва дар сохтани таҷҳизотҳои технологияи баланд (лазерҳо, микроэлектроника, детекторҳои навъҳои мухталифи нурафканӣ ва  ғ.) татбиқоти васеъ доранд, гузошта мешаванд.

Ғайр аз ин дар назди лаборатория вазифаҳо доир ба рушди нанотехнология ва наномаводҳо гузошта шудаанд, ки ба усули бадастовардани нанохокаи карбид силисий (SiC) бо тозагии баланд ва бо андозаи нанозаррачаҳо (20-28 нм) мусоидат намуданд.

Кормандони лаборатория бо Патентҳои муаллифӣ аз рўи коркарда баромадани усулҳои ҳосилкунии инчунин монокристаллҳо: CsLiMoO4, CsLiWO4, NaBi(WO4)2, LiBi(MoO4)2  гирифтанд. Кристаллҳои нав дар асоси оксидҳои элементҳои нодиризаминӣ бо оскиди висмут ва оксиди сурма ба даст оварда шуданд: Pr3Bi5O12, Y3Bi 5O12Er3Bi5O12, Yb3Bi5O12, Lu3Bi5O12, Y3Sb5O12 Pr3Sb5O12, Er3Sb5O12, Yb3Sb5O12, Lu3Sb5O12.

         Якумин маротиба бо усули Чохралский аз гудохтаи пайвастагиҳои дучандаи волфраматҳо ва молибдатҳои элементҳои ишқорӣ ва висмут,  монокристаллҳои ҳаҷмашон калони оптикӣ сифати баланд дошта ҳосил карда шудааст, ки хосиятҳои зеринро доранд: хосияти  пиезо-сегнетоэлектрикӣ, акустооптикӣ, лазерӣ, ва аз он ҷумла, барои истифода дар детекторҳои шуоҳои Черенков дар раванди бақайдгирии афканишоти зарраҳои энергияи фавқулбаланд истифода мешаванд.  

         Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минералҳо ва сангҳои қимматбаҳо бой аст. Технологияи истеҳсоли кристаллҳои  сунъӣ, ғанӣ гардондани сангҳои қимматбаҳо ва аз партовҳои минералӣ ҳосил намудани кристаллҳо барои татбиқ дар истеҳсолот кор карда шудааст.  Мисол дар асоси партовҳои Кўҳи-Лаъл ва корунд, кристалли рубин ва  лаъли Бадахшон ҳосил карда шуд. Ин технология имконият медиҳад, ки якчанд кристаллҳои гибридиро дар асоси хокаҳои минералҳои табии ҳосил кард, ба  монанди рубин, шпинел, форстерит, флюорит ва ғайра.