Таҳқиқоти бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ шарти асосии рушди илми амалӣ, омода кардани заминаи донишҳои нав, ғояҳои навоварона ва ҳалли амалии масъалаҳо ва мушкилоти ҷомеаи муосир, аз дастрасӣ ба ғизои босифат, беҳдошти саломатӣ ва муҳити зист то ба тағйирёбии иқлим, татбиқи самараноки иқтидори технологияи баланд ва зеҳни сунъӣ мебошад. Дар баробари ин, ба фазои ягонаи илмию инноватсионӣ пайвастани нерӯ ва имконияти кишварҳои ободу рушдкарда махсусан самаранок аст, ки дар навбати худ боиси ҳамкории зич дар ин самт мегардад.
Бо ин мақсад 24 майи соли 2023 дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ш. Минск) ҷаласаи Гурўҳи кории Шўрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои иштирокдори ИДМ оид ба коркарди лоиҳаи Барномаи байнидавлатии тадқиқоти бунёдии кишварҳои иштирокдори ИДМ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид, ки аз ҷониби Департаменти ҳамкориҳои гуманитарӣ, масъалаҳои умумии сиёсӣ ва иҷтимоии Кумита ташкил карда шуд. Дар ҷаласа намояндагони макомоти ваколатдори кишварҳои иштирокдори ИДМ иштирок намуданд. Аз он ҷумла дар ҷаласаи мазкур бо пешниҳоди аъзои Шўрои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии кишварҳои иштирокдори ИДМ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умаров Ф.Шокир тариқи маҷозӣ иштирок ва баромад намуд.
Мӯҳтавои асосии ҷаласаро баррасии муфассали пешниҳодҳои воридшуда оид ба коркарди лоиҳаи Барномаи байнидавлатӣ ва чораҳои минбаъда оид ба таҳияи ҳуҷҷати дахлдор ташкил доданд. Аз он ҷумла, пешниҳодҳои намояндагони кишварҳои дар ҷаласа иштирокдошта оид ба ҳалли муаммоҳои татбиқи самараноки ҳадафҳои Барномаи байнидавлатии коркардшаванда ба таври муфассал таҳлил карда шуданд. Дар сатҳи муосири рушди технологияҳо, ташаккули ҷомеаи инноватсионӣ – дониш, иттилоот ва инноватсия нақши калидӣ доранд. Аз ин ҷиҳат ба илм, пеш аз ҳама, илми бунёдӣ, нақши махсус гузошта шудааст. Он омили асосии рушди саноатии ҳар як давлат, ҳамчун заминаи тавлиди дониш ва инноватсияҳои нав мегардад, ки бидуни он рушди кишварро бо роҳи инноватсионӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар асоси ин хамкории зичи кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи илми бунёдӣ, муттаҳид намудани саъю кӯшиши олимони кишварҳои иттиҳод дар ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти бунёдӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои баланд баровардани сатҳи некӯаҳволии аҳолии кишварҳо муҳим мебошад.