ИЛМУ МАОРИФ – МЕҲВАРУ ҶАВШАНИ ҶОМЕАИ АСРИ XXI
Доир ба муҳимияти рушди илму маориф ва технологияи муосир, ки дар Паёми Сарвари кишвар инъикос гаштанд
Ф. Шокир
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Фаъолияти илмӣ мураккабтарини амали зеҳнии инсон мебошад, ки аз якчанд нуқтаи назар метавон баррасӣ кард: ҳамчун системаи комплексии донишҳо, ҳамчун системаи ташкилоту муассисаҳои мушаххас, ки дар онҳо кормандони илмӣ фаъолияти мебаранд, инчунин ҳамчун як намуди махсуси фаъолият, ки ҷавҳари онро таҳқиқоти илмӣ ташкил медиҳад. Мазмуни асосии таҳқиқоти илмӣ ва умуман соҳаи илм дар миқёси ҷаҳон – ғанӣ намудани донишҳо оид ба олами объективӣ ва татбиқи он дар амал барои некӯаҳволии аҳолии кишвар ва рушди устувор мебошад. Аз ҷониби дигар набояд фаромӯш намуд, ки замони муосир бо чолишҳои нав ба наву ҳамарӯза ҳамроҳ аст ва водор менамояд, ки ҳар як қадами навбатӣ дақиқкорона гузошта шуда, ҳар як дақиқаро саҳеҳкорона истифода бояд намуд.
Тағйироти босуръат дар ҷаҳон, аз ҷумла пешрафти технологӣ, навовариҳои илмӣ, афзоиши суръати равандҳои ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии ниёзҳои қувваи корӣ, фишорҳои рақобатпазирии технологӣ ва иқтисодӣ, доираи васеи донишҳои муосир ва малакаҳоеро муайян мекунад, ки ба ҳар яке аз мутахассисону соҳибкасбон ва олимону муҳассилон барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар рушди ҳам шахсият ва ҳам ҷомеаи асри XXI зарур мебошанд. Ин малакаҳо на танҳо барои ташаккули ҷомеаи ба чолишҳои муосир устувор мусоидат мекунанд, балки инчунин ба ҳар яке аз шаҳрвандоне, ки роҳи илму ҳунаромӯзӣ ва фаъолияти созандаро интихоб карданд малакаҳои мубрами ҳаётӣ медиҳанд, ки ба муваффақият расидани онҳо кӯмак мерасонанд.
Ин аст, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбари Сарвари кишвар аз лаҳзаҳои аввалини ба даст овардани соҳибистиқлолии ватани азизамон дастгирии соҳаи илму маорифро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти хеш қарор дода, амалан 100% бо таҳсил фаро гирифта шудани насли наврасро таъмин намуданд, ки аз ҷониби таҳлилгарони ҷаҳон дар маълумотҳои оморӣ ва расмӣ доимӣ инъикос карда шуда, комилан пазируфта шудааст ва боиси ифтихори мардуми соҳибфарҳанги кишвар ва махсусан кормандони соҳаи илму маориф мебошад. Илова ба ин аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иқдомҳои бунёдии Сарвари кишвар, ки ба роҳҳои ҳалли муаммоҳои мубрами инсоният дар асри XXI равона шудаанд, доимо бо камоли эҳтиром қабул ва мавриди амал қарор меёбанд. Аз он ҷумла боиси ифтихори тоҷикони ҷаҳон аст, ки 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки бо ташаббуси бевоситаи Сарвари кишвар аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард.
Ҳамасола аз ҷониби Сарвари кишвар самтҳои асосӣ, масъалаҳо ва нуктаҳои муҳимтарини фаъолияти ҳама соҳаҳои кишвар ҳамчун роҳнамои асосии рушди соҳаҳои илму-маориф, иқтисодию иҷтимоӣ, саноату технология ва дигар соҳаҳои муҳими стратегӣ, ба таври муфассал бо таҳлилу асосҳои бунёдӣ ва дурнамои минбаъда баҳри некӯаҳволии мардуми тамаддунофари тоҷик пешниҳод карда мешавад. Аз ин ҷумла, санаи 23.12.2022 дар Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи масъалаҳои мубрам ва комплексии рушди кишвар мавриди таҳлилу баррасии дақиқ қарор гирифта, баҳогузории масъалаҳои иҷрошуда, вобаста ба самту нуктаҳои рушди минбаъдаи фаъолият, масъалаҳои муҳими бунёди соҳаҳои наву муосири коркардҳои техникию технологӣ дар пасманзари чолишҳои замони муосир, роҳҳои амалигардонии самаранок ва расидан ба ҳадафҳои стратегӣ пешниҳод карда шуда, вобаста ба онҳо дастуру супоришҳо дода шуданд. Дар ин радиф, вобаста ба рушди соҳаи илму маориф ва коркардҳои соҳаи илм маҷмӯи дастовардҳои назарраси даврони соҳибистиқлолии кишвар қайд карда шуда, доир ба боз ҳам баланд баровардани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй ва барои роҳандозӣ намудани самтҳои коркардҳои дар ҷаҳони имрӯза мубрами илмию технологӣ дастуру супоришҳо дода шуданд.
Дар самти рушди илму маориф ва коркардҳои наву инноватсионии техникию технологӣ аз ҷумла масъалаҳои зерин қайд ва таъкид карда шуданд: татбиқи «лоиҳаҳои сабз», хусусан, барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди «иқтисоди сабз», аз ҷумла «энергияи сабз»; масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо; истифодаи нерӯи барқи «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ баҳри коҳиш додани талаботи мамлакат аз маҳсулоти нафтӣ ва ба ин васила ҳифз намудани муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар; вобаста ба имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, коркарди пешниҳод вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои соҳаи энергетикаи гидрогенӣ; таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи он барои рушди иқтисоди рақамӣ, зеҳни сунъӣ, таъмин намудани амнияти иттилоотӣ, ҷалби сармоя ва ташкили паркҳои технологиву инноватсионӣ; ғамхорӣ кардан ба илму маориф ва ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ; рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат; баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй; ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ [1].
Масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯза, ки аз ҷониби Сарвари кишвар қайд шуданд, аз ҷониби кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон низ ҳамчун муаммоҳои мубраму ҳалталаби асри XXI пазируфта шудаанд.
Бояд қайд намоем, ки манбаи асосии тавлиди энергияи сабз захираҳои табиӣ дар асоси технологияи энергияи барқароршаванда ба монанди нури офтоб, шамол, об, манбаъҳои геотермалӣ ва биомасса мебошанд. Вале бо вуҷуди он зикр намудан бамаврид аст, ки ин энергияи сабз бо баъзе аз хусусиятҳои худ аз энергияи барқароршаванда ба самти афзалият фарқ мекунад.
Имрӯз истеъмоли энергия бузургтарин манбаи партовҳои антропогении газҳои гулхонаӣ мебошад, ки ба гармшавии глобалӣ мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти соли 2021, бахши энергетикаи анъанавӣ (аз ҷумла нақлиёт, истихроҷи гармӣ ва барқ бо истифодабарии сузишвории табиӣ ва ғайра) 76% партовҳои умумҷаҳониро дар ҳаҷми беш аз 35 Гт муодили CO2-ро ташкил медиҳад. Дар маълумоти омории расмӣ қайд шудааст, ки қисми асосии чунин миқдори газҳои гухонаӣ аз ҷониби кишварҳое ихроҷ мешавад, ки дар даҳсолаҳои охир тамоми нерӯи хешро ба рушди бесобиқаи саноат равона намуда, барои назорату пешгирии таъсироти манфӣ ба ҳифзи муҳити зисти инсоният акнун чораҳо дида истодаанд. Дар ин радиф, қайд намудан ҷоиз аст, ки таъсиру муносибати кишвари мо бо энергияи тозаи хеш ба ҳифзи муҳити зисти инсоният аз ҷониби мардуми ҷаҳон танҳо муфид арзёбӣ мегардад. Зеро чӣ тавре, ки дар Паёми Сарвари давлат қайд карда шуд – ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад ва аз рӯйи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.
Энергияи барқароршаванда – энергия мебошад, ки аз манбаъҳои табиӣ гирифта мешавад ва ин манбаъҳо хосияти таҷдидшвиро бо суръате, ки аз суръати истеъмоли онҳо бештар аст, доро мебшанд. Баръакси он, энергияи анъанавии аз сӯзишвории истихроҷшаванда – ангишт, нафт ва газ ҳосилшаванда аз манбаъҳои барқарорнашавандае ибтидо мегирад, ки барои таҷдид ин манбаъҳо садҳо миллион сол лозим аст. Иистифодабарии чунин сузишворӣ барои тавлиди энергия газҳои зарарноки гулхонаӣ ба монанди гази карбонро ба вуҷуд меорад.
Энергияи ҳосилшуда он вақт энергияи сабз ҳисобида шавад, агар дар раванди истеҳсоли он ба муҳити атроф зарари экологӣ расонида нашавад, яъне ҳама манбаъҳое, ки саноати энергияи барқароршаванда истифода мебарад, бояд аз ҷиҳати экологӣ тоза бошанд. Масалан, агар дар раванди тавлиди нерӯи барқ маводи органикӣ – биомасса (ҳезум, торф, этанол, метанол ва ғ.) сузонида шавад, гарчанде манбаъҳои барқароршаванда ҳисобида мешаванд, аммо аз ҳисоби ихроҷи CO2, ки дар ҷараёни сӯзиш тавлид мешавад аз ҷиҳати экологӣ пурра тоза намебошад. Яъне, яке аз афзалиятҳои асосии идеяи энергияи сабз дар он аст, ки дар натиҷаи коркард ва истифодабарии он газҳои гулхонаӣ ба атмосфера ва муҳити зист набояд хориҷ гардад.
Ҳамин тавр, энергияи сабз – энергияе аст, ки аз сарчашмаҳои табиӣ ба монанди офтоб, шамол ва об ҳосил мешавад. Энергияи тоза бошад – шакли энергияест, ки ба ҳаво моддаҳои ифлоскунанда ихроҷ намекунад. Манбаъҳои энергияи сабз ва барқароршавандаи энергия манбаъҳои устувори энергетикӣ барои иваз кардани сӯзишвории табиӣ (ангишт, нафт ва гази табиӣ) мебошанд.
Вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои соҳаи энергетикаи гидрогенӣ, ки дар Паёми Сарвари кишвар қайд карда шуданд, бояд зикр намоем, ки гидроген яке аз унсурҳои маъмултарин буда, барои инсоният имкони беназир аст барои ба энергияи тоза табдил додани он. Гидроген ҳамчун сӯзишвории тоза шинохта шудааст, ки ҳангоми сухтани он ба сифати унсури хориҷшаванда об истеҳсол мешавад. Амалан гидрогенро аз захираҳои гуногуни табиат, аз қабили гази табиӣ, нерӯи атомӣ, биомасса, ҳамчунин аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, аз қабили офтоб, шамол ва об ҳосил кардан мумкин аст. Онро дар нақлиёт, хонаҳо, захираҳои барқии сайёр ва бисёр дигар соҳаҳо истифода мебаранд. Умуман бошад гидроген барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли энергия истифода шуда метавонад ва имрӯз ҳамчун яке аз интиқолдиҳандаи энергияи ояндадор барои рушди иқтисодиёти камкарбон ва аз карбон озод ба ҳисоб меравад, ки таъсири антропогениро ба иқлим то ҳадди ақал коҳиш медиҳад.
Бояд ҳамчунин зикр намуд, ки дар ҳолати имрӯза гидрогени “сабз” (бо ишораи шартии “GH2”) аз ҳама тоза ҳисобида шуда, барои ба даст овардани он маъмулан энергияи офтоб, шамол ва энергияи гидродинамикӣ барои гидролизи об истифода бурда мешаванд. Яке аз татбиқҳои бевоситаи гидроген дар ҳаёти ҳаррӯза, ки дар ҳолати рушди технологияҳои зарурӣ ихроҷи газҳои гулхонаиро ба таври назаррас паст карда метавонад – нақлиёти гидрогенӣ мебошад, ки дар онҳо ба сифати сузишворӣ гидроген истифода бурда мешавад. Дар ҳолати автомобилҳо инҳо маъмулан ҳамон электромобилҳо мебошанд, ки аз электромобилҳои анъанавӣ бо аккумулятори худ фарқ мекунанд. Ёдрас менамоем, ки тибқи маълумоти оморӣ саҳми воситаҳои нақлиёти анъанавӣ (бо муҳаррикони бензинӣ, дизелӣ ва ғ.) дар ихроҷи газҳои гулхонаӣ тақрибан 21-24%-ро ташкил медиҳад [1]. Ҳамин тавр, гидроген аз ҷиҳати коҳиш додани партовҳои ифлоскунанда, газҳои гулхонаӣ ва диверсификатсияи захираҳои аввалияи энергия дорои потенсиалӣ бузурги амалӣ буда, яке аз имкониятҳои нодири инсоният барои рушди саноати аз карбон озод мебошад.
Ҳамчунин дар Паёми Пешвои миллат масъалаҳои мубрами фазои шабакавии ҷаҳони имрӯза – интернет ва мукаммал намудани дастрасӣ ба он мавриди таҳлил қарор дода шуд. Дар ҳақиқат имрӯз шабкаи интернет ҳар як нуқтаи ҷаҳонро мепайвандад ва барои муколамаи глобалӣ имкон медиҳад. Бо истифодабарии потенсиалу имкониятҳои нодири интернет ҷомеаи инсонӣ дар давоми даҳсолаҳои охир аз мубодилаи маданӣ ва фарҳангӣ оғоз карда, то рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ шоҳид ва иштирокчии тағйироти сифатии зиёд шуда истодааст. Интернет ба инсоният роҳҳо ва имониятҳои нави рушди зеҳнӣ ва ҳамкорию муоширатро пешниҳод намуд, ки дар таърих бесобиқа аст. Имкониятҳои шабакаи интернет раванди мубодилаи иттилоот, баргузории чорабиниҳои фосилавӣ ва маҷозӣ, равандҳои таълим, таҳқиқоти илмӣ, тиҷорат, кори бонкӣ, барномаҳои инноватсионии рақамӣ (интернети саноатӣ, интернети таҷҳизот ва ғ.) ва кору фаъолияти ҳаррӯзаи мутахассисону намояндагони касбу кори гуногунро ба сатҳи наву дастрас баровард.
Тибқи маълумоти омори расмӣ [2] ҳоло беш аз 65% аҳолии курраи замин ба шабакаи интернет дастрасӣ доранд, ки аз онҳо тақрибан 55% (ё 4,3 млрд нафар) бевосита ҳамчун истифодабарандаи алоҳида ба қайд гирифта шудаанд. Аз ҷониби мутахассисони соҳа тасдиқ шудааст, ки дастрасӣ ба шабакаи интернет метавонад рушди иқтисодиро тавассути таъсири он ҳам ба пешниҳод ва ҳам ба ҷониби талабот ҳавасманд суръат бахшад [3]. Дар ҳақиқат шабакаи босуръат ва дастраси рақамӣ метавонад бевосита ба афзоиши маҳсулнокии ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳо ва кормандон мусоидат намуда, ба раванди фаъолияту истеҳсолот ва ба стандартҳои баландтари сифат иҷро шудани нақшаю вазифаҳо имкониятҳои назаррас ва шароити муосир ба вуҷуд меорад. Интернет асоси иқтисодиёти рақамӣ, татбиқи васеи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, интернети таҷҳизотӣ ва таҳкурсии асосии фаъолнокии ҷаҳони имрӯза буда, суръатбахши тавонои инноватсия, рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии ҷомеаи имрӯза мебошад.
Пӯшида нест, ки бомуваффақият ва ба таври самаранок амалӣ шудани кулли масъалаҳои қайдшуда пеш аз ҳама аз мутахассисон вобаста аст, ки ҷавҳари истеъдоди онҳоро илму дониш ва ҳунару малакаҳои ҷавобгӯ ба талаботи муосир ташкил медиҳад. Дар ҷаҳони муосир сатҳи илму маориф дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандони соҳибаърифат, кадрҳои соҳибтахассус ва дар ин асос иқтисодиёту саноати рушдкарда мақоми марказӣ дорад. Потенсиали зеҳнӣ ва илмию маърифатӣ сарвати миллӣ буда, махсусан дар ҷомеаи асри XXI мақоми марказӣ дорад, зеро ояндаи миллат маҳз дар сатҳи илму дониш ва сатҳи маърифати илмии мардуми кишвар вобаста аст. Дар замони муосир сатҳи баланди донишҳои бунёдӣ ва малакаи мутахасисони соҳибкасб ҳамчун асос ва суръатбахши рушди соҳаҳои калидии хоҷагии халқ вобастагии бештару амиқтар пайдо намуда истодаанд. Аз ҷониби дигар, тағйироту рушди босуръати илму технология дар замони муосир тақозо менамояд, ки маҳдуд шудани сатҳи донишҳои зарурии ҳар як фарди соҳибмаърифат акнун бо таълимоти базавӣ барои муваффақияти шахсият кифоя буда наметавонад. Дар ҷаҳони муосир таҷрибаи гузаштан аз таълими анъанавӣ ба таълиму бозомӯзии бефосила самараи назаррас дода истодааст. Зеро ҳамагӣ беш аз ду даҳсола қабл дар системаи анъанавии асри XX одатшуда буд, ки раванди таҳсилу касбомӯзӣ танҳо барои муҳассилон – хонандагону донишҷӯён таааллуқ дошт, то онҳоро ба ҳаёти оянда омода созад. Вале тағйироту мураккабшавии бесобиқаи равандҳои муосири ҳаёту фаъолияти ҷомеи ҷаҳон дар асри XXI тақозо намуда истодааст, ки барои муваффақият ҳар яке аз аъзои солимфикри ҷомеа илму ҳунар, маҳорату малака ва касбу тахассуси муайян дошта бошанд. Амалӣ намудани нақшаи саросарӣ бо касбу ҳунар ва илмомӯзӣ ҷалб намудани ҳар яке аз аъзоёни ҷомеаи муосир пеш аз ҳама барои некӯаҳволии ҳаёту зисти онҳо ва дар маҷмуъ ба табдил додани кишвар ба сарзамини боз ҳам ободу тавоно, бо шаҳрвандони донишманду мутахассисони варзида мусоидат менамояд.
Манбаъҳо
- ПАЁМИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ». – 23.12.2022 с.
- Cars, planes, trains: where do CO2 emissions from transport come from? – https://ourworldindata.org/co2-emissions-from-transport.
- Internet Live Stats, 2022. – https://www.internetlivestats.com/internet-users/#sources.
- #Infra4Dev Conference: Infrastructure, Recovery & Growth: Building Out From the Pandemic. – https://www.worldbank.org/en/events/2021/11/19/ infra4dev-2022.