Home Uncategorized МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА МОҲИЯТИ ФАЛСАФӢ ВА ИҶТИМОИИ ВАҲДАТ

МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА МОҲИЯТИ ФАЛСАФӢ ВА ИҶТИМОИИ ВАҲДАТ

by usto
МУЛОҲИЗАҲО ОИД БА МОҲИЯТИ ФАЛСАФӢ ВА ИҶТИМОИИ ВАҲДАТ

          Аз нашри шумораи зиёди мақолаҳою матолиб дар саҳифаҳои интернетӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо бахшида ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бармеояд, ки барои аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ваҳдати миллӣ на ҳамчун як шиори сиёсӣ, балки чун муҳимтарин омили субот, пешрафт ва шукуфоии ҷомеа арзёбӣ мегардад.

          Бо вуҷуди истифодаи фаровони ин мафҳум дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоӣ, мо на ҳамеша ба умқи маъно ва бунёди фалсафии он таваҷҷуҳ менамоем. Барои дарки моҳияти ваҳдат зарур аст аз ҳудуди тафсирҳои рӯзмарра фаротар рафта, ба решаҳои забонӣ, фалсафӣ ва маънавии он назар афканем.

          Аз назари семантикӣ калимаи «ваҳдат» аз решаи арабии «ваҳд» сарчашма гирифта, маънои ягонагӣ ва якпорчагиро дорад. Ин мафҳум аз решаи калимаи «ягона» (воҳид) маншаъ гирифтааст.

          Дар тафаккури фалсафӣ мафҳуми “ягонагӣ” яке аз мафҳумҳои бунёдии ҳастишиносӣ (онтологӣ) ба шумор мешавад. Ба тафсири мафҳумҳои “ягона” ва “касрат” файласуфон дар давраҳои гуногуни ташаккули башарият ба такрор рӯй овардаанду онро дар меҳвари таълимоти фалсафии худ ҷой додаанд. Дар фалсафаи Юнони қадим, махсусан мактаби Элея ин таълимот мавқеи муҳим касб карда буд.

          Яке аз таҳлилҳои амиқи фалсафӣ дар бораи мафҳуми “ягона” дар муколамаи «Парменид»-и Афлотун баён гардидааст.

          Суқрот ҳангоми мусоҳиба бо Праменид ва Зенон мушкилии духурагии дарки инсонро дар чизҳои моддӣ ба мисли сангу дарахт ва мафҳумҳо (идеяҳо) ба мисли зебоӣ, саодат, некӣ, бисёр ва монанди инҳоро матраҳ менамояд. Вобаста ба ин Парменид дар муколама бо Арасту масъалаи тафсири мафҳуми «ягона»-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

          Парменид аз фарзияи сода оғоз намуда мепурсад: “Агар “ягона” воқеан ягона бошад, оё он метавонад бисёр бошад?” Арасту посух медиҳад, ки ин номумкин аст. Парменид идома дода мегӯяд: “Пас он бояд на ҷузъ дошта бошад ва на кулл бошад. Зеро ҷузъ қисме аз кулл аст ва куллро ҳама ҷузъҳояш басандаанд. Дар ҳарду маврид “ягона” дорои ҷузъ мебуд ва бисёру камро ифода мекард. Ба ҳамин минвол “ягона” бе доштани ҷузъ на ибтидо дорад, на интиҳо ва на миёна.

          Ӯ таҳлилро идома дода мегӯяд, ки бе доштани ҷузъ “ягона” наметавонад шакл дошта бошад. Зеро доштани шакл ба мисли кура ё чоркунҷа маънои онро дорад, ки аз марказ то паҳлӯҳо масофаи мутаносиб мавҷуд буда, худ нишонаи тақсимшавию доштани ҷузъҳо аст. Аммо “ягона” орӣ аз ҳар ҷузъ буда, бешаклу ҳудуд аст, на маконе дорад на мавқеъ, на метавонад ҳаракат кунад, на ором бошад. Ба ҳамин минвол “ягона” на ба чизе шабеҳ аст, на аз худ фарқ дорад ва ҳеҷ хосиятҳоеро ба мисли калону хурд, баробару нобаробар, қадимию замонӣ барояш нисбат додан нашояд, ҳамчунон ки мавҷудияташро дар вақт. Бо ҳамин гуна мулоҳизаронӣ Парменид нишон медиҳад, ки “ягона” набудааст, нашудааст, намешавад, нест ва нахоҳад буд.

          Дар ин маврид Арасту мепурсад: «Оё ин маънои онро надорад, ки “ягона” ҳеҷ иртиботе бо ҳастӣ надорад?»

          Парменид тасдиқ менамояд, ки бале, аз ин хулосаи зоҳиран тазоддӣ бармеояд, ки “ягона” дар ҳеҷ куҷо нест. Аммо мо бояд дарк намоем, ки маҳдуд будани “ягона” дар таҳлилҳои мантиқии мо исботи беинтиҳоии он буда, на “маҳдудият”, балки “тамомият” аст.

          Дар ҳамин ҷо Парменид тарзи андешарониро дигаргун намуда, мепурсад, ки тавре мо гуфтем, “ягона” набудасту нашудааст ва мавҷуд нест, пас маънои онро надорад, ки ҳар чизи набуда на ном дошта бошаду на ҳис карда шавад ва ҳеҷ фаҳмишу идроке дар бораи он имконпазир нест?

          Арасту мегӯяд, ки бале, ҳамин тавр аст.

          Парменид мепурсад, пас намехоҳӣ ба аввал баргардему онро бипазирем, ки “ягона” мавҷуд аст?

          Арасту мегӯяд, ки албатта мехоҳам.

          Он гоҳ Парменид давом дода, мегӯяд, ки агар “ягона” мавҷуд бошад, дар мавҷудияташ ба “ҳастӣ” рабт дорад. Дар ин маврид “ягонаи мавҷуд” бо ду тарз зоҳир мегардад. Аввал он ки “ягона” аст, сипас дар ҳастӣ мавҷуд аст. Пас кулле ба вуҷуд меояд, ки ду ҷузъро дар бар мегирад: “ягона” ва “мавҷуд” будан. Ҳар як ҷузъ боз ду ҷузъи дигарро дар бар мегирад. Масалан, агар мавҷудро гирем он дар ҳамин ҷузъ ҳам мавҷуд аст ва ҳам мавҷуди ягона аст. Ҳамин тавр “ягона” аз ҷузъҳо иборат мегардад, барои он шуморидан ба вуҷуд меояд, дорои ибтидою интиҳо ва миёна мегардад.

          Дар идомаи муколама Парменид нишон медиҳад, ки мувофиқан “ягона” дорои шаклу ҳудуд буда, ҳамзамон беохир аст, ҳам ҳаракат мекунад ва ҳам дар оромӣ қарор дошта метавонад. Сипас, ба хулосае меояд, ки “ягона” ҳам кулл аст ҳам ҷузъ, ҳам дар худ қарор дорад ва ҳам дар дигарон.

          Аз и назари фалсафӣ хулосае бармеояд, ки “ягона” тамоми ҳастиро ба ҳам мепайвандад ва ҳар мавҷудоту низом дорои ягонагии дохилӣ, ҳамзамон ҷузъи низоми ягонаи бузургтаре мебошанд.

          Ғояи ягонагӣ минбаъд дар таълимоти динӣ ва фалсафии Шарқ низ мақоми хос пайдо намуд. Дар ислом, ки дар баробари яҳудият ва масеҳият ба гурӯҳи динҳои яккахудоӣ мансуб аст, сифати асосии Худованд яккаву ягонагии мутлақи Ӯ ҳамчун бунёди ҳастӣ дониста мешавад. Баъдтар, ин таълимот дар фалсафаи ирфонӣ ва тасаввуф ҳамчун “ваҳдати вуҷуд” хело равнақ ёфта, на танҳо як мавзӯи калом буд, балки тамоми системаи маърифатро фаро гирифта, ирфон, шеър ва сиёсати ахлоқиро аз нав шаклбандӣ намуд.

          Ин андеша дар осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ хеле равшан инъикос ёфтааст. Мавлоно инсонро болотар аз ҳама мухолифгузории қавмӣ, мазҳабӣ ва ҷуғрофӣ қарор дода, ба ягонагии аслии башар ишора менамояд:

Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,

На тарсову яҳудиям, на габрам, на мусалмонам.

На шарқиям, на ғарбиям, на барриям, на баҳриям,

На аркони табииям, на аз афлоки гардонам.

На аз хокам, на аз бодам, на аз обам, на аз оташ,

На аз аршам, на аз фаршам, на аз кавнам, на аз конам.

На аз Ҳиндам, на аз Чинам, на аз Булғору Сақсинам,

На аз мулки Ироқинам, на аз хоки Хуросонам.

На аз дунё, на аз уқбо, на аз ҷаннат, на аз дӯзах,

На аз Одам, на аз Ҳавво, на аз фирдавси ризвонам.

Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад,

На тан бошад, на ҷон бошад, ки ман аз ҷони Ҷононам».

          Ин шеър на танҳо баёни ҳоли ирфонии Мавлоност, балки як эъломияи бузурги инсонӣ барои радди таассубу тафриқа ва тасдиқи ҳақиқати ягонаест, ки ҳамаи инсонҳо дар он муштараканд.

          Ҳарчанд асосан ашъору таълифи аҳли тасаввуф ба таълимоти ирфонӣ вобаста аст, ҳамзамон дар он заминаҳои маънавии таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамзистии осоишта арзёбӣ гардидаанд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар асарҳои ирфонии худ ба мисли «Нақд-ан-нусус» ва «Субҳат-ул-аброр» дар қатори масъалаҳои назарии тасаввуф масъалаҳои ахлоқию иҷтимоъро чун садоқат, қаноат, давлатдорӣ, раҳнамоии раият ба хайрхоҳии салтанат, насиҳати фарзанд матраҳ намуда, “Баҳористон”-ро пурра ба панду ахлоқ, ҳикмати бузургон, адолату давлатдорӣ ва масъалаҳои иҷтимоии дигар бахшидааст.

          Шояд равшантарин ифодаи ваҳдати иҷтимоии инсонҳо дар адабиёти форсу тоҷик шеъри машҳури Саъдии Шерозӣ бошад:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

          Маҳз аз ҳамин дидгоҳ инсон, ҷомеа ва тамоми мавҷудот дар асли вуҷуди худ аз ҳам ҷудо нестанд. Ихтилофҳо, тафовутҳо ва ҷудоиҳое, ки инсон дар зиндагии рӯзмарра мебинад, бештар натиҷаи нигоҳ аз мавқеи касрат аст. Аммо ҳар қадар инсон ба асли ҳастӣ наздиктар шавад, ҳамон андоза ваҳдат ва ягонагии бештарро дарк мекунад.

          Аз ин нигоҳ, ваҳдати миллӣ на танҳо як мафҳуми сиёсӣ, балки идомаи мантиқии ҳамон андешаи куҳани фалсафист, ки ҳамаи гуногуниҳо, тазодҳо ва фарқиятҳоро дар худ муттаҳид месозад. Ҷомеа иборат аз шахсони гуногун, муносибатҳои иҷтимоии сершумор, фарҳангҳои маҳаллӣ ва манфиатҳои зиддиҳам мебошад. Бе ваҳдат ин гуногуниҳо ба парокандагӣ ва муборизаи дохилӣ оварда мерасонанд, ки дар ниҳоят ҳастии худ, миллат ва давлатро зери шубҳа мегузоранд.

          Ваҳдати миллӣ аст, ки барои ҳамаи унсурҳои ҷомеа замина ва ҳувият мебахшад. Ҷомеае, ки аъзои он худро ҷузъҳои як кулли воҳид эҳсос мекунанд, тавоноии бештар барои муқобила бо мушкилот, ҳифзи субот ва таъмини рушди устувор дорад. Аз ҳамин сабаб, ваҳдат арзиши фалсафӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки сарнавишти ҷомеаро ба ҳам мепайвандад ва заминаи пешрафти онро фароҳам месозад.

          Ҳамин тариқ, дар ваҳдати воқеӣ на мафҳуми маҳдуди «ман ва ту», балки мафҳуми васеи «мо» ҷойгузин мегардад, ки дар он мафҳуми «ман» бо саҳмгузории ҳар фард амиқтар ва маънодортар мегардад. Билохира Ваҳдати миллӣ иттиҳоди тоҷикони ҷаҳон аз Душанбе то Самарқанд, аз Кобул то Теҳрон, аз Маскав то Нюйорк буда, бо забон, фарҳанг, хотираи таърихӣ ва ормонҳои муштарак ба ҳам пайванданд.

Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ д.и.ф.м. Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон.

0 comment

Related Articles