Home Uncategorized ЭЪЛОН оид ба гузаронидани озмуни ишғоли вазифаҳо дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.УмаровиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон

ЭЪЛОН оид ба гузаронидани озмуни ишғоли вазифаҳо дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.УмаровиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон

by usto
ЭЪЛОН оид ба гузаронидани озмуни ишғоли вазифаҳо дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.УмаровиАкадемияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (институт) мувофиқи бандҳои 2.15, 5.13 Оинномаи институт, банди 5-уми Низомномаи тартиби ишғоли вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда ва интихоби шўроҳои олимон дар институтҳои илмӣ-таҳқиқотии АМИТ, ки бо қарори Раёсати АМИТ аз «17» марти соли 2011, таҳти №45 тасдиқ гардидааст, оид ба ишғоли вазифаҳои зерин

О З М У Н

эълон менамояд:

  1. Мудири лабораторияи акустикаи физикӣ.
  2. Мудири лабораторияи криофизика.
  3. Мудири лабораторияи спектроскопияи молекулавӣ.
  4. Мудири лабораторияи физикаи атмосфера.
  5. Мудири лабораторияи физикаи кристаллҳо.
  6. Мудири лабораторияи электроникаи квантӣ.
  7. Мудири маркази байналхалқии тадқиқотии физикӣ-ядроӣ.
  8. Ходими пешбари илмӣ
  9. Ходими калони илмӣ
  10. Ходими илмӣ
  11. Ходими хурди илмӣ
  12. Муҳандиси пешбар
  13. Муҳандис
  14. Лаборант

I. РУЙХАТИ ҲУҶҶАТҲОЕ, ки аз ҷониби номзадҳо пешниҳод мегарданд:

  1. Нусхаи тасдиқшудаи диплом оид ба маълумоти олӣ.
  2. Нусхаи тасдиқшудаи дипломи дараҷаи илмӣ (бо нишон додани мавзўи диссертатсия, ихтисос ва муассисае, ки дар он ҳимоя баргузор гардидааст) – ҳатмӣ барои довталабони вазифаи мудири зерсохтори илмӣ ва ходими пешбари илмӣ.
  3. Нусхаи тасдиқшудаи аттестати унвони илмӣ (дар ҳолати мавҷуд будан).
  4. Руйхати мақолаҳои илмии дар маҷаллаҳои муқарризишаванда дар солҳои 2017-2021 нашршуда.
  5. Маълумот оид ба шохиси Хирш-и номзад (тавассути пешниҳоди нусхаи саҳифаи сомона – масалан, elibrary.ru) – дар ҳолати мавҷуд будан.
  6. Маълумот оид ба татбиқи амалии ихтирооту кашфиётҳои номзад дар истеҳсолот (санад, шаҳодатнома ва ғ.) – дар ҳолати мавҷуд будан.
  7. Маълумот оид ба роҳбарии илмӣ ба аспирантон, докторантон, докторони фалсафа (PhD), аз ҷумла бо ишораи мавзўъ, ихтисос ва соли диссертатсияҳои ҳимояшуда – дар ҳолати мавҷуд будан.
  8. Барномаи фаъолияти сохтор барои панҷ сол – барои довталабони вазифаи мудири зерсохтори илмӣ.
  9. Маълумот оид ба собиқаи корӣ – умумӣ ва аз руйи ихтисос.
  10. Нусхаи тасдиқшудаи шиноснома.
  11. Варақаи шахсӣ ва ҳолнома.
  12. Ариза ба номи директори институт.

II. Ҳуҷҷатҳои зикршуда, ки дар баста (папка) сарҷамъ карда шудаанд бояд дар мўҳлати як моҳ аз санаи эълони озмун пешниҳод гарданд.

II. Ҳуҷҷатҳотанҳо дар ҳолати пурра будан қабул карда мешаванд.

IV. ЭЗОҲ:

  1. Дар озмун барои ишғоли вазифаи “мудири зерсохтори илмӣ” ва “ходими пешбари илмӣ” танҳо шахсони дорои дараҷаи илмии номзади илм, доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктори ҳабилитат дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ иштирок намуда метавонанд.
  2. Дар озмун ҳам кормандони институт ва ҳамчунин шахсоне, ки корманди институт намебошанд иштирок карда метавонанд.
  3. Матни эълони мазкур дар сомонаи институт phti.tj низ (тоҷ./русӣ) ҷойгир карда шудааст.
  4. ҲУҶҶАТҲО ДАР СУРОҒАИ ЗЕРИН ҚАБУЛ КАРДА МЕШАВАНД:

734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1, бинои асосии институт, ошёнаи 1, утоқи №135 (шуъбаи кадр, тел.: (+99237) 2258142).

  • Барои маълумоти бештар лутфан ба рақамҳо ва суроғаи электронии зерин муроҷиат намоед:

Тел.: (+992) 2258084 (муовини директор оид ба масъалаҳои илм ва таълим), (+992 37) 2258142 (шуъбаи кадр).

Email: phti.tajikistan@gmail.com

  • Веб-сомонаи институт: phti.tj.

   10.11.2021

  Бо эҳтиром,

директори институт                                                  Ф. Шокир

0 comment

Related Articles