Home Uncategorized ТАШКИЛИ САҲЕҲИ РАВАНДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ – АСОСИ РУШДИ СОҲА ДАР АСРИ XXI

ТАШКИЛИ САҲЕҲИ РАВАНДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ – АСОСИ РУШДИ СОҲА ДАР АСРИ XXI

by usto
ТАШКИЛИ САҲЕҲИ РАВАНДИ ҲАМКОРИҲОИ ИЛМӢ – АСОСИ РУШДИ СОҲА ДАР АСРИ XXI

Бояд қайд намоем, ки ҷаҳони муосир дар даҳсолаҳои охир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ мекунад ва донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди саноати кишварҳои ҷаҳон соҳиб гаштаанд. Аз ҷониби дигар динамикаи равандҳои илмию таҳқиқотӣ, ихтирооту коркарди технологияҳои нав бо баробари пурқувват шудани омилҳои ҷаҳонишавӣ бо шитоб ва қонуниятҳои нави хоса ба замони муосир рушд карда истодаанд. Дар чунин муҳити пуррақобат танҳо чораҳои саривақтии комплексӣ ва саҳеҳу дақиқ донистани қонуниятҳои рушди илм имкон медиҳанд, ки бо роҳҳои оптималӣ дар соҳаи илм ҷаҳишҳои мусбӣ ба даст оварда шаванд. Яъне қонуниятҳои рушди илми муосир аз чунин равандҳои одатшудаи асри гузашта, ки бо услубу коргузории бомаром мешиносем ба таври куллӣ фарқ мекунанд. Ҳоло бошад, рушди бошитоби технологияҳо ва талаботи ҳамарӯза рушдкунандаи бозори маҳсулоти илмию зеҳнӣ водор менамояд, ки услуб ва сатҳи масъалаҳои ташкили илм низ доимӣ рушд намояд ва ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ бошад. Аз даврони иттиҳоди шуравӣ танҳо сифати таҳқиқотро ҳамчун намунаи сатҳи пажуҳиш қабул намуда, тарзи ташкили равандҳои илмиро ба таври бефосила бо дарназардошти имконияту потенсиали хосиятҳои ҷаҳонишавӣ ба равандҳои таҳқиқоти илмии ҷаҳонӣ мутобиқ намудан самараи хуб хоҳад дод.

Яке аз роҳҳои амалӣ намудани идеяҳои муосири дар боло қайдшуда – ба роҳ мондани ҳамкории саҳеҳи илмӣ бо марказҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ин маврид барои рушди илми ватанӣ мусоидат ва равона намудани потенсиали олимони тоҷик низ, ки дар лабораторияҳо ва донишгоҳҳои кишварҳои пешсаф фаъолият мебаранд ба манфиати кор хоҳад буд. Ин буд, ки дар алоқаманди бо физикдонҳои ҷавони тоҷик, ки дар кишарҳои хориҷӣ фаъолият мебаранд аз ҷониби Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови ва марказҳои илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як қатор ташаббусҳо оид ба кишвар ворид намудани технологияҳои муосир амалӣ шуда истодаанд. Аз ҷумла, дар соли охир гуфтушунид бо Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи вилояти Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой (CQUPT – Chongqing University of Posts and Telecommunications) дар мавзуи таъсиси маркази байналмилалии коркарди маводҳои нанокомпозитии инноватсионӣ ҷараён дошт. Вобаста ба ин ба донишгоҳи мазкур олимони соҳаи физикаю математика барои баррасии бевоситаи роҳҳои амалигардонии ҳамкории самараноки илмӣ таклиф карда шуданд. Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар мавзуъҳои коркарди додаҳои калон, моделсозии дуҷонибаи омезиши онҳо ва ҳисоббарории когнитивӣ, зеҳни сунъӣ ва идоракунии додаҳои калон дар шароити иттилооти нопурра ва истифодаи ҳисоббарории зеҳнӣ дар маводшиносӣ ва муҳандисӣ баррасӣ гардиданд.

Баъзе аксҳо аз ҷараёни вохурии олимони тоҷик бо олимону мутахассисони Донишгоҳи почта ва телекоммуникатсияи вилояти Чунсини Ҷумҳурии Халқии Хитой ва намояндагони сохторҳои илму маориф.

0 comment

Related Articles