Дар давоми даҳсолаҳои охир таҳқиқоти илмӣ фаҳмиши моро дар бораи сохтори бунёдии материя, имконияти коркарди маводҳои нав ва тавассути пажуҳиши илмӣ ҳал кардани масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир хеле васеъ кард. Дар ин муддат рушди техника ва технология собит намуд, ки дар асри XXI баҳри тараққиёти тамаддуни инсонӣ нисбат ба ҳамаи наслҳои қаблӣ тайёр намудани мутахассисону олимони аз ҷиҳати касбӣ омодашуда махсусан муҳим мебошад. Зеро теъдоди масъалаҳои мубрам ва ҳалаталаби сатҳи байналмилалӣ мунтазам афзуда истодаанд, аз ин ҷумла таъминоти озуқавории босифат, саломатии аҳолӣ, пешгирии тағйирёбии глобалии иқлим, энергетикаи сабз ва технологияҳои муосирро номбар намудан мумкин аст.
Вобаста ба ин, аз ҷониби Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои мувофиқ намудани таҳқиқот ба сатҳи байналмилалӣ ва самтҳои афзалиятноки кишвар пайваста чораҳои мушаххас амалӣ мегардад. Аз ҷумла, дар институт гурӯҳи олимони ҷавони фаъоли физикдон, ки бо баробари ин аз методҳои барномарезии компютерӣ огоҳ ҳастанд дар атрофи таҳқиқ ва коркарди маводи нанокомпозитӣ сарҷамъ карда шуда, якчанд сол инҷониб фаъолият мебаранд. Яке аз талаботҳои асосии институт нисбати олимони ҷавон – интизоми намунавӣ, донишҳои чуқур дар илмҳои физикӣ, ҳамчунин химиявӣ, риёзӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва фаъолият дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мебошад, ки асоси рушд ва омодасозии ҳамаҷиҳатаи кадри муосир мебошад. Дар натиҷаи чунин ташкили фаъолияти корӣ, аз ҷониби олимони ҷавони институт як қатор натиҷаҳои сатҳи байналмилалӣ дар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр шуда, дар ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои маъруфи хориҷӣ яке аз аввалин нанокристаллҳо барои татбиқ дар таҷҳизоти фотоэлектрикӣ ҳосил карда шуданд, ки барои унсурҳои офтобии тандемӣ, спинтроника, диодҳо, лазерҳо, фотодетекторҳо истифода бурдан мумкин аст. Татбиқи техологияҳои мазкур ба коркарди лавҳаҳои офтобии насли нави ба шароит ва иқлими Тоҷикистон мувофиқ ва тиҷоратикунонии маводҳои хосияташон ба осони танзимшаванда муфид мебошад. Таҳқиқот дар самти маводҳои нанокомпозитӣ ҳамчунин яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқоти илмӣ ва илмию техникии кишварро ташкил дода, қадами устуворе барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва гузаштан аз шакли аграрию индустриалӣ ба индустриалию аграрӣ мебошад.
Баъзе аксҳо аз раванди таҷрибаомӯзӣ ва ҳисобҳои назариявию амалии олимони ҷавони институт дар ҳамкорӣ бо лабораторияҳои илмии донишгоҳҳои кишварҳори хориҷӣ.