Home Uncategorized Физикдонҳои ҷавони институт дар машғулиятҳои лексионии Мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Хеваи Узбекистон иштирок менамоянд

Физикдонҳои ҷавони институт дар машғулиятҳои лексионии Мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Хеваи Узбекистон иштирок менамоянд

by usto
Физикдонҳои ҷавони институт дар машғулиятҳои лексионии Мактаби тобистонаи байналмилалии шаҳри Хеваи Узбекистон иштирок менамоянд

Дар ҷаҳони муосир бо баробари зиёд шудани талабот ба энергияи электрикӣ таваҷҷӯҳ ба истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи энергия ба маротиб афзоиш ёфта истодааст. Нури офтоб яке аз манбаъҳои энергияи барқароршаванда мебошад, ки олимону мутахассисон ва ширкатҳои саноатии кишварҳои ҷаҳон барои босамар истифода бурдани потенсиали он таҳқиқоти интенсивӣ бурда истодаанд. Маводи гуногуне, ки дар асоси онҳо лавҳаҳои композитӣ энергияи офтобро ба энергияи гармӣ ва электрикӣ табдил медиҳанд, яке аз объектҳои марказии таҳқиқоти соҳаи маводшиносии муосир мебошад. Ҳоло технологияи лавҳаи офтобии насли нав дар асоси яке аз маводҳои маъмул – перовскитҳо коркард мешавад, ки нисбати лавҳаҳои офтобӣ дар асоси силитсий ба маротибҳо арзиши паст доранд ва нурҳои офтобии ба сатҳашон афтандаро якчанд маротиба бештар ба энергияи электрикӣ табдил медиҳанд. Яъне гузариш ба лавҳаҳои офтобӣ дар асоси перовскитҳо арзиши энергияи электрикиро ба таври назаррас паст намуда, раванди истеҳсоли лавҳаҳо низ содда ва дастрас мегардад. Ёдрас мешавем, ки маводи перовскитӣ гарчанде ҳанӯз соли 1839 аввалин маротиба ошкор карда шудааст, вале татбиқи инноватсионии он дар лавҳаҳои офтобии насли нав танҳо даҳсолаи охир кор карда баромада шудааст.

Бо баробари ин, бояд зикр намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рушди соҳаи энергетикаи сабз – омода намудани кадрҳои илмии баландихтисос ва муҳандисони касбии соҳа мебошад. Ин масъала таҳти таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба ҳалли масъалаи ба маротибҳо зиёд намудани теъдоди кардҳои донишманду соҳибтахассус чораҳои созанда дида мешаванд. Аз он ҷумла бевосита бо ташаббус ва аз ҷониби Сарвари кишвар “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар соҳаи илму маориф” эълон шудани солҳои 2020-2040 яке аз иқдомҳои бунёдӣ дар миқёси байналмилалӣ вобаста ба таври куллӣ боз ҳам баланд баровардани сатҳи илму донишандӯзии миллати тоҷик шинохта шудааст.

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои бистсолаи мазкур аз ҷониби ташкилому муассисаҳои илму маорифи кишвар чораҳои мушаххас андешида мешаванд. Аз он ҷумла дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба омода намудани кадрҳои муосири илмӣ ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳоло 3 нафар аз олимони ҷавони институт дар лабораторияҳои донишгоҳи Ҷопон ва Лаҳистон дар таҷрибаомӯзии 2 моҳа қарор дошта, дар самти коркарди технология ва синтези нанокристаллҳои перовскитӣ бо пажуҳишу таҷрибаҳои илмӣ машғул ҳастанд.

Дар ин рӯзҳо бошад, бо ташаббуси бевоситаи ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ санаҳои 14-21 майи соли ҷорӣ, иштироки 4 нафар физикдонҳои ҷавони институт ва 3 нафар олимони ҷавони донишгоҳҳои кишвар дар Мактаби тобистонаи байналмилалии ш.Хеваи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти унвони “Дурнамои унсурҳои офтобии перовскитӣ: табдили энергияи камкарбон бо маводҳои пешрафтаи функсионалӣ” пешбинӣ мешавад. Мактаби мазкур аз ҷониби Ҷамъияти физикаи ин кишвар бо дастгирии Маркази байналмилалии физикаи назариявӣ (воқеъ дар Италия) ва фонди илмии Фолксваген (Олмон) ташкил карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки имкониятҳои мазкур барои олимони ҷавони кишвар дар асоси дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории бевосиати Институти физикаю техника бо донишгоҳу ташкилоти илмии кишварҳои Ҷопон, Полша ва Узбекистон баҳри омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ роҳандозӣ шуда истодаанд.

БОЗНАШР ДАР АСОСИ МАВОДИ АМИТ “ХОВАР” АЗ САНАИ 12.05.2023:
https://khovar.tj/2023/05/fizikdon-oi-avoni-to-ik-dar-mash-uliyati-leksionii-maktabi-tobistonai-bajnalmilalii-sha-ri-hevai-uzbekiston-ishtirok-menamoyand/

0 comment

Related Articles