НАВИД

__________________________________________________________

 

04.04.2019  - Ҷаласаи навбатии ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҲХДТ (Фотон)

Имрўз дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Институт – аъзоёни Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷаласаи навбатӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа аъзоён аз ҷумла оид ба бо меҳнати софдилона дар ҷодаи илму техника баланд баровардани сатҳи таҳқиқотҳо, натиҷаҳои илмӣ, татбиқи онҳо, ворид намудани технологияҳои нав ва омода намудани кадрҳои соҳаи илмҳои махсусан физика ва техника баҳри амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар нақшаҳои амалии худ ва натиҷаҳои ҷориро иброз намуданд. Ҳайати кормандони Институт фаъолияти хешро доимо барои дар сатҳи баланд иҷро намудани нақшаҳои илмию амалӣ ва таҳқиқоту ихтироотҳо баҳри обод намудани кишвар равона менамоянд.

      

 

__________________________________________________________

 

Шанбегӣ дар Институт
(16 марти 2019с.)

Ҳайати кормандон ва муҳассилини Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар ҳафта тариқи баргузории ҳашарҳо дар корҳои ободонӣ фаъолона иштирок менамоянд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор ва ташкил намудани ҳашарҳои зикргардида, ҳайати кормандону муҳассилини Институт бо либосу лавозимотҳои корӣ ва ҳамчунин қувваи техникӣ таъмин карда мешаванд.
Аз ҷумла ҳафтаи ҷорӣ санаи 16.03.2019 аз ҷониби аҳли кормандони Институт тариқи ташкили ҳашар корҳои ободонӣ дар заминҳои назди бинои асосии Институт ва заминҳои лабораторияи физикаи атмосфера ва озмоишгоҳи гелиотехникӣ гузаронида шуданд.

              

 

__________________________________________________________

 

Информационное письмо

о приёме материалов в сборник научных статей

"Физика ва астрономия фани таълими ва муаммолари"

__________________________________________________________

 

Эълон оид ба озмуни дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2019.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соли 2019 озмун эълон менамояд. Маълумоти муфассал.