Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 28 декабри соли 2023
Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо динамика ва суръати бесобиқаи тағйирот дар ҳама соҳаҳо фарқ мекунад – илм ҳамчун такягоҳи асосии инсоният барои нигоҳ доштани устуворӣ ва таъмини рушд дар муҳити чолишҳои пуршиддат боқӣ мемонад. Дар ҳақиқат, таърих собит менамояд, ки танҳо такя ба илм инсоният тавонист муаммову душвориҳои пайваста дар масири рушд дучоршавандаро бартараф намояд.
Санаи 28 декабри соли 2023 дар Паёми Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян карда шуда, вобаста ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, энергетика ва дигар масаъалаҳои мубрами кишвар вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки – соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.
Дар ҳақиқат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати созандаи Сарвари кишвар – дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд, қисми даромади буҷети давлатӣ 102,5 фоиз таъмин гардида, давлат ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд. Аз ин ҷумла хароҷот барои илму маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,6 миллиард сомонии соли 2017 ба 18,5 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расонида шуд, яъне 1,9 баробар зиёд гардид ва чӣ тавре, ки Сарвари кишвар қайд намуданд – рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад. Дар ҳақиқат, як қатор иқдомҳои муҳим дар ин самт амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла аз иқдомҳои панҷсолаи охир – эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», таъсиси муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», таъсиси Озмуни ҳамасолаи ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмунҳои дигар, зиёд шудани маоши кормандони илмӣ ва мисоли инҳо иқдомҳои созандае мебошанд, ки аз онҳо на танҳо аҳли илм, балки кулли мардуми олими тоҷик қаноатманд мебошанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари кишвар ҳайати меҳнатии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон низ соли сипаришуда баҳри саҳм гузоштан дар рушди илми тоҷиқ ба як қатор дастовардҳо ноил гардид. Аз ин ҷумла, дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ш.Токио аввалин маротиба дар таърихи собҳибистиқлолии кишвар (апрел–майи соли 2023) — намунаҳои наноплёнкаҳои перовскитии оилаи CsSnX3 (сегалогенидҳои сезий-қалъагӣ — X: Cl, Br, I, F) бо хосиятҳои пешакӣ муайяншуда ба даст оварда шуданд. Ҳамчунин соли 2023 дар мавзеи бо иштироки олимону мутахассисони Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой – ифтитоҳ ва ба кор оғоз бахшидани лабораторияи муосири таҳлил ва мониторинги таркиби атмосфераи озмоишгоҳи нави иститут баргузор гардид. Технологияи зикршуда дар асоси ҳамкории бисёрсола ва шартномаи грантӣ аз ҷониби Донишгоҳи Ланчжоуи дастрас карда шуд, ки иборат аз – Лидари силсиллаи Polly-XT; фотометри офтобии Cimel; радар; таҷҳизоти омузиши сифати ҳаво мебошад. Илова ба ин моҳи декабри соли 2023 дар асоси ҳамкорӣ бо кишвари Ҷопон ба институт микроскопи электронии сканкунанда ворид гардид, ки иқтидори он то ба сатҳи якчанд нанометр буда, яке аввалин таҷҳизоти сатҳи баланд дар соҳаи микроскопия мебошад. Ҳамчунин дар асоси шартномаи грантӣ ба институт ворид шудани як қатор таҷҳизоти муосири ёрирасон пешбинӣ шуда, дар нимсоали якуми соли 2024 ифтитоҳи лабораторияи инноватсионӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳайати устодону олимони ҷавони институт соли сипаришуда ҳамчунин беш аз 70 маротиба тавассути ВАО вобаста ба тарғибу ташфиқи илмомӯзӣ баромадҳо намуда, маводҳои илмию оммавӣ нашр намуда, дар чорабиниҳои ҷаъмиятӣ вобаста ба илму маориф ва иқдомҳои созанади Ҳукумати кишвар фаъолона иштирок намуданд. Минбаъд низ, дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар мо кӯшиш менамоем, ки барои рушди потенсиал ва дастовардҳои неруи зеҳнии мардуми бофарҳангу соҳибилми кишвар баҳри амалӣ намудани иқдомҳои Сарвари давлат ва Ҳукумат саҳмгузор бошем.