Home Uncategorized Масъалаи сифати ҳаво ва раванди омода намудани кадрҳои илмии ватанӣ дар самти таҳқиқи таркиби атмосфера

Масъалаи сифати ҳаво ва раванди омода намудани кадрҳои илмии ватанӣ дар самти таҳқиқи таркиби атмосфера

by usto
Масъалаи сифати ҳаво ва раванди омода намудани кадрҳои илмии ватанӣ дар самти таҳқиқи таркиби атмосфера

Аэрозоли атмосферӣ суспензияи заррачаҳои хурди сахт ё қатраҳои моеъ дар ҳаворо ташкил намуда, ҳам аз падидаҳои табиӣ ва ҳам аз манбаъҳои антропогенӣ пайдо мешаванд. Дар минтақаҳои хушк бошад, аэрозолҳои атмосферӣ аксар вақт ҳангоми тӯфони чангӣ ба вуҷуд меоянд. Қисматҳои ҷанубӣ ва марказии Тоҷикистон дар камарбанди глобалии чанг ҷойгир буда, чанг ба ин минтақа тавассути сарҳади ҷанубии кишвар аз сарчашмаҳое, чун биёбонҳои Аралқум, Қизилқум, Қароқум, Гоби ва Такла-Макан, биёбонҳои эронии Дашти Лут ва Дашти Кабир, инчунин аз баҳри хушкшудаистодаи Арал ворид мешавад.

Бо мақсади пурқувват намудани соҳаи омӯзиши таркиби атмосфера ва хоки кишвар дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон марҳила ба марҳила чораҳои мушаххас дида шуда истодаанд. Яке аз масъалаи мубрам – омода намудани кадрҳои ҷавони ватанӣ ва мактаби илмии муосир мебошад, ки нерӯи ба роҳ мондани таҷдиди соҳаи мазкурро бо истифодабарӣ аз технологияҳои муосир доро бошанд.

Аз ин ҷумла, санаи 21 декабри соли 2023 яке аз олимони ҷавони институт, хатмкардаи докторантура аз руйи ихтисос (PhD) назди институт, ходими илмии лабораторияи физикаи атмосфера – Халифаева Шоҳина Хуршедҷоновна рисолаи илмии худро зери унвони “Таҳқиқоти таркиби унсурии аэрозоли атмосферӣ ва хоки Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ” таҳти роҳбарии д.и.ф.м., мудири лабораторияи физикаи атмосфераи институт Абдуллозода Сабур Фузайл бомуваффақият дифоъ намуд.

Раёсат ва аҳли кормандони ИФТ ба номи С.У. Умарови АМИТ  олимаи ҷавон Ш.Х.Халифаева ва роҳбари илмии ӯ д.и.ф.м. С.Ф.Абдуллозодаро барои бомуваффақият ҷамъбаст намудани яке аз марҳилаҳои фаъолияти илмиашон самимона табрик менамоянд.

Дар ин маврид, бояд зикр намуд, ки рушди саноати кишварҳои ҷаҳон дар асри 21 махсусан аз донишҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ вобаста гаштааст, ки яке аз муҳимтарин захираҳои стратегии он — неруи кадрии илмӣ мебошад. Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ кишварҳое, ки тавонистанд теъдоди кифояи нерўи зеҳнии ватаниро омода намоянд ва дар ин замина маҳсулоти нави илмию амалии рақобатпазирро ба даст оранд, ба дастовардҳои бештар ноил гардидаанд. Аз ин лиҳоз, аҳли кормандони институт кӯшиш доранд, ки бо ташкили саҳеҳи фаъолият, меҳнати илмӣ, ихтироъкорию навгониҳои муосир ва омода намудани кадрҳои илмии болаёқату пурмасъулият рақобатпазирии мактабҳои миллии илмиро боз ҳам баланд бароварда, дар раванди ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии таъмини рушди босуръати саноат ва иқтисодиёти кишвар бештару аёнтар саҳмгузор бошанд.

0 comment

Related Articles