Санаи 28 декабри соли 2022 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи васеъ вобаста ба таҳлилу баррасии нуктаҳои созандаи Паёми Сарвари кишвар доир гардид. Дар ҷаласа ҳамчунин намояндагони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва олимону кормандони институтҳои илмӣ-таҳқиқотии шаҳраки академӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро директори институт ифтитоҳ намуда, вобаста ба мавзуи ҷаласа сухан дар ибтидо ба муаллима Ш.Қурбонова, муовини КИИ “Хирадмандон” – и ҲХДТ дар АМИТ дода шуд. Мавсуф оид ба ташаббусҳои созанда ва бунёдии ҳамасолаи Сарвари кишвар ҳам дар миқёси ҷумҳурӣ ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ оғоз аз солҳои ба даст овардани соҳибистиқлоли то ба даврони имруза маърӯза намуд. Махсусан муҳимияту мубрамият ва дурнамои бандҳои асосии Паёми Сарвари кишвар аз санаи 23.12.2022 ба таври муфассал барои ҳозирин маънидод карда шуд.
Баъдан, директори институт Ф.Шокир доир ба нуктаҳои асоси Паёми Сарвари кишвар вобаста ба илму маориф ва махсусан рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ маърӯза намуд. Аз ҷумла потенсиали бузурги муҳтавои бандҳои Паёми Сарвари кишвар ба таври муфассал барои олимону кормандон ва меҳмонон таҳлил карда шуд оид ба:
- амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф, баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй;
- оид ба истифода дода шудани 3430 муассисаи нави таълимӣ барои қариб якуним миллион хонанда дар 31 соли истиқлоли давлатӣ, ки бори дигар ои ба сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад;
- оид ба имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар, коркарди пешниҳод вобаста ба амалӣ намудани масъалаҳои соҳаи энергетикаи гидрогенӣ;
- масъалаи истихроҷу коркарди металлҳои ранга, аз ҷумла сурма, литий, волфрам, никел ва дигар металлҳо ва ғ.
Дар раванди ҷаласа устодон ва кормандони илмӣ баромад намуда, қайд карданд, ки нуктаҳои асосии Паёми Сарвари кишвар бояд ҳам дар муассиса ва ҳам дар зерсохторҳои он ҳамчун дастурамал ба таври доимӣ амалӣ гарданд.