9-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале, ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳилаи таърихи навини тоҷикон, ки таърих ва фарҳанги қадима доранд ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном «драмаи миллӣ» дучор Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фазои сиёсии Тоҷикистон солҳои 90-ум тағйир ёфт. Тоҷикистон ҳамчун давлати собиқи Шуравӣ, низоми сиёсии кӯҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иқтисодии минтақаҳо, суст ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон боиси сар задании низои сиёсии тоҷикон гашт. Он рӯзҳо солҳои (1992 -1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин «драмаи миллӣ» кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои навмед, ҳат то фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад.
Ба ин масъала олимон ва рӯзноманигорон танҳо баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меравад.
Лекин ибтидои фаъолияти сарварии сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам»
Ба ақидаи Афлотун, сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос — ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.
Дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Генералии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чандин бор бо дарки сиёсии амиқ изҳор намуд: «Дар байни низоъҳо ва ҳолатҳои бӯҳронӣ, баъди анҷоми «ҷанги сард» аз масъалаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида муҳимтаре нест, ки ба паҳншавии яроқ, маводи мухаддир, терроризм ва ифродагароӣ дар минтақа мегардад». Мутаасифона ин пешгӯиҳои сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чандон ба назари эътибор нагирифтанд.
Воқеаи 11-уми сентябри соли 2001 амали терроризми байналмилалӣ дар ИМА исбот намуд, ки то кадом дараҷа андешаҳои сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлил ва баррасии масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон кодир аст. «Ташаккули муносибатхои сиёсӣ — ба ақидаи сотсиологи рус Кравченко А.И. — дар заминаи институти сиёсии ҷомеа, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеа ба шумор рафта, таъиноти асосии он амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, баррасӣ мегардад». Бинобар ҳамин ба ақидаи мо сарварии сиёсии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба арсаи сиёсати бузург омадани ӯ ба ҳайси намояндаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида, ба марҳилахои зерин ҷудо мешавад:
-марҳилаи якум, солҳои 1990-1991 то қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (24.08.1990. – 9.09.1992)
— марҳилаи дуюм – даъвати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтидои муттаҳидшавии халқи тоҷик (16.11.1992-6.12.1994).
— марҳилаи сеюм — ташаккули муносибатҳои нави сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти ҷумҳурӣ (06.11.1994. -27.6.1997).
— марҳилаи чорум – имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва фазои баъдиҷангӣ (27.06.1997 — 11.03.2002).
— марҳилаи панҷум – имзои ризояти миллӣ аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ (11.03.2002-22.06.2003).
— марҳилаи шашум — гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.06.2003-2006).
— марҳилаи ҳафтум – интихоби умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006).
— марҳилаи ҳаштум — гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.05.2016).
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардӯстии афкори сиёсии худро эълон намудааст. Аз ҷумла, ӯ иброз дорад: «Мо ба ягон кас модели демократияи худро бор намекунем, ки решаҳои худро дошта, бо системаи дунявии ҷомеа асос ёфтааст. Лекин мо ва ин ҳуқуқи демократии мост, ки моделҳои такмилшавандаи дигаргунсозии давлати худро қабул надорем, ки метавонанд вазъиятро дар кишвар ноором гардонида ба ҷудоандозӣ, бӯҳрони сиёсӣ, аз даст рафтани истиқлолият оварда расонанд.
Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби америкоӣ, мактаби англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд.
Ҳамватанони муҳтарам!
Рӯзи Президент барои ҳамаатон муборак бод!
Холмуродов Ф. Каримов Х.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ