Home СУЛҲУ СУБОТ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

СУЛҲУ СУБОТ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

by usto

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим аст, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».

 Мардуми шарифу сарбаланди кишвари тоҷик тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Имрӯз бо боварии комил гуфта  метавонем, ки мо дар ватани азизамон Тоҷикистон, дар як фазои озоду беғубор, дар як давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем ва бояд ободию суботи сиёсати онро муҳофизат намоем.

Таи 28 сол мешавад, ки мардуми Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Сарвари ваҳдатпарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои сулҳу субот ва амният муваффақ ба пешрафти тадриҷии давлати худ ҳастанд.

Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсӣву иҷтимоии кишвар ва сарҷамъиву ваҳдати мардум бо мушкилоту монеаҳои душвор рӯбарӯ гардид.

Пеш гирифтани роҳи сулҳу ваҳдати миллӣ дар рӯзҳои аввали ба даст омадани истиқлолият чандон осону бехатар набуд. Даъвати нахустини Ҳукумати навтаъсис, бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳ ва музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ садо дод, ки ҷангу зӯровариро ҳамчун василаи ба эътидол овардани вазъи ҷомеа рад намуда, роҳи осоиштаи ҳалли мухолифату низоъи сиёсиро пеш гирифт.

Ҷасорат, хирадмандӣ, дурандешӣ, самимият, дарки рисолати сиёсии хеш ва вусъати назари Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти некандешонаи дигар чеҳраҳои мустақили сиёсӣ имкон дод, ки баъди  музокиротҳои  дурудароз Паймони ниҳоии сулҳ дар Москва ба имзо расад. Паймони ниҳоии сулҳ фарҳанги сулҳофарии тоҷиконро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд ва мақоми Тоҷикистонро дар низоми навини равобити байналмилалӣ баланд бардошт.

Аз рӯзи ба имзо расидани Паймони сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи сиёсии Тоҷикистон марҳилаи сифатан нав оғоз гардид. Ба миён омадани сулҳу субот ва қадамҳои нахустин дар роҳи ваҳдати миллӣ барои таҳкими пояҳои давлати ҷавони тоҷикон шароит фароҳам овард. Ба шарофати сулҳу оромӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварамон таҳаввулоти ҷиддӣ ба миён омаданд. Сулҳ ба мо имкон дод, ки дар ҳамаи соҳаҳои зиндагӣ қадамҳои устувор гузорем. Муҳимтар аз ҳама раванди худогоҳиву худшиносӣ такон ва густариши тоза пайдо карда, ҳисси ватандӯстӣ ва ватанпарварӣ, эҳсоси ифтихори миллӣ ба пояи  сиёсати давлатӣ бардошта шуд.

Имрўзҳо натанҳо халқи кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар ва тараққихоҳ муаррифӣ гардид. Сиёсати ҷории давлат ба ҷаҳониён амиқу дуруст фаҳмонида шуд ва дар натиҷа ин сиёсат дар доираҳои сиёсҳ ҳамчун сиёсати ибратбахш мавриди пазироӣ ва эътироф қарор гирифт. Раванди барқарорсозии сулҳ ва оштии миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беназир аст. Таҳаммулпазирӣ ва хиради волои халқи азиз имкон фароҳам овард, ки сулҳу салоҳ дар кишвар ҳукмфармоӣ намояд, ба зудӣ оташи низоъ хомўш гардад.

Маҳз тавассути ваҳдат ва сулҳу суботи ҷомеа мо ба тамоми ҳадафҳои худ расида, бо нерӯи созандагию бунёдкорӣ Тоҷикистони азизи худро дар қатори киварҳои пешрафти ҷаҳон ҷой дода метавонем.

Бедор кардани эҳсосоти худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории халқи тоҷик худ як иқдоми қаҳрамонона буда, марҳилаи тоза дар таърихи тараққиёти миллати тоҷик ба шумор меояд. Аз ин сабаб аҳли илму адаб ба таърих ва мероси ғании маънавии худ таҳдиди назар мекунанд, то ки ҳам сабақҳои ибратбахши таърих ва ҳам осори илмию фарҳангии аҷдоди бузургамон дар роҳи хештаншиносии миллӣ, инкишофи тафаккур, шуури таърихӣ ва давлатдории миллӣ ҳарчи беҳтару бештар мавриди истифода ќарор гиранд.

Худогоҳӣ паҳлуҳои зиёд дорад ва яке аз онҳо ҳифзи мероси миллист. Набояд имкон дод, ки мероси илмию фарҳангии миллӣ парешон гардад ва ба дасти бегона афтад. Агар мо бедордил бошем ва ваҳдатамон устувор бошад, нисбат ба мероси маънавии халқи худ бетарафу бепарво намешавем. Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масъала аҳли илму адабро пайваста таъкид медиҳанд. Ҳатто Сарвари давлат оид ба ин масъала дар Анҷумани сеюми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои ИДМ таваққуф карданд, то ки «ба мероси илмию фарҳангии якдигар ба хотири дӯстӣ ва ҳамкорӣ муносибати нави самимӣ дошта бошем».

Масъалаҳои омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Маҳз ҳамин таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва талошҳои пайвастаи ӯ мо кормандони илмро водор месозад, ки сиёсати пешгирифта ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа дастгирӣ намоем ва доимо баҳри пешрафт ва тарбияи насли наврас дар ҷодаи илм саъю кӯшиш намоем.

Бо ҳамин таманниёти нек аз номи кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тамоми мардуми шарафманди кишварро бо рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки сулҳу ваҳдат, якдиливу ягонагӣ ва тинҷию осудагӣ дар хонадони ҳар як сокини кишвар ҳувайдо бошад.

Ваҳдататон поянда ва муборак бод, халқи азизам!

Фитрат Холмуродов, н.и.ф.м., дотсент,
муовини директори Институти физикаю техникаи
ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон