Home Uncategorized Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

by usto
Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ

1 сентябри соли 2023

Дар маркази равандҳои рушди саноатӣ ва маънавии ҷомеаи муосир таҳқиқоту ихтирооти илмӣ қарор доранд, ки махсусан дар асри XXI муҳимияти стратегии онҳо рӯз аз рӯз равшан шуда истодааст. Дар навбати худ, манбаъ ва сарчашмаи ягонаи кашфиёту ихтирооти илмӣ – пажуҳишу таҷрибаҳои илмӣ мебошанд, ки аз ҷониби кормандони илмӣ, муҳандисон ва дигар кадрҳои баландихтисоси илмӣ амалӣ карда мешаванд. Аз ин лиҳоз масъалаи таъмини сатҳи баланди раванди омода намудани кадрҳо, аз ҷумла кормандони илмӣ, шурӯъ аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо – яке аз масъалаҳои меҳварии соҳаи илму маорифи кишварҳои ҷаҳон мебошад.

Дар ин маврид, боиси ифтихор аст, ки дар мамлакати мо таъмини сатҳу сифат, устуворӣ ва рушди соҳаи илму маориф таҳти назорату дастгирии доимии Ҳукумати кишвар мебошанд.

Имрӯз ҳайати кормандони институт бо камоли эҳтиром тариқи мустақим дар ҷараёни суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки анъанаи неку оғозбахши соли таҳсил дар саросари кишвар аст сарҷамъ шуданд. Зеро чӣ тавре, ки Сарвари давлат қайд намуданд –  бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, яъне бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ таъмин намудани онҳо ва албатта, заҳмати содиқонаи аҳли маориф ва ҳамкориву дастгирии падару модарон имкон дошта метавонад.

_______________________________

Баъзе лаҳзаҳо аз раванди иштироки ҳайати кормандони институт дар раванди пахши мустақими ҷашни Рӯзи дониш ва мулоқот бо аҳли маориф:

0 comment

Related Articles