Академик Ҳикмат Ҳалимович МУМИНОВ (14.09.1966 — 21.10.2021)
Ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз марги устоди азизамон, доктори илмҳои физикаю математика (1996), дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (1996), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015), дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар бахши “Илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника” (2020), Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2004), академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017)
Ҳикмат Ҳалимович Муминов
сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила, пайвандону наздикон ва ҳамкорону шогирдони устод аз даргоҳи абад сабри ҷамил мехоҳанд. Хотираи неки устоди шодравон Ҳикмат Ҳалимович Муминов ҳамеша дар қалби мо, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ба роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.
Устод Ҳ.Ҳ. Муминов олими шинохтаву барҷаста ва мутахассиси маъруф дар соҳаи физикаи математикии ғайрихаттӣ ва назарияи муҳитҳои конденсӣ аз соли 2006 то соли 2019 ҳамчун роҳбари Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намудаанд. Яке аз ҷавонтарин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик буданд, ки дар синни 30-солагӣ сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои физикаю математика гардиданд. Аз ҷониби устод аппарати математикии ҳолатҳои когерентии умумикардашуда барои қимматҳои баланди спин таҳия шуд, ки имкон дод тавсифи комилан мувофиқи нимназариявии системаҳои спинии квантӣ бо дарназардошти ангезиши майдонҳои мултиполӣ ба даст оварда шавад. Дар ин замина, аз ҷониби устод Ҳ.Ҳ. Муминов як қатор муодилаҳои ғайрихаттии эволютсионӣ ба даст оварда шуд, ки динамикаи магнитнокиро бо баҳисобгирии майдонҳои мултиполӣ дар ферро- ва антиферромагнетикҳо бо қиматҳои спини 1 ва 3/2 чена, ки ба муодилаи маъруфи Ландау-Лифшитс намебарад, тавсиф мекунанд. Аз ҷониби устод назарияи фазаи геометрии Беррӣ барои қиматҳои баландтари спин таҳия гардид, ки дар асоси он назарияи гузаришҳои нақбӣ дар наномолекулаҳои магнитӣ кор карда баромада шуд. Ҳамчунин аз ҷониби устод ҳалҳои нави динамикӣ ва топологии сигма-модели ғайрихатии назарияи квантии майдон дар ҳолати статсионарӣ ба даст оварда ва таҳқиқ карда шуданд, ки яке аз дастовардҳои бунёдии физикаи назариявӣ мебошанд.
Мактаби илмии устод Ҳикмат Ҳалимович Муминов, ки яке аз шохаҳои пурмаҳсули мактабҳои илмии Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубнаи Федератсияи Россия (ИМТЯ ш.Дубна) мебошад, аз ҷониби шогирдони сершумори ватанӣ ва хориҷии устод, ҳам дар кишвар ва ҳам дар давлатҳои хориҷӣ, ҳамчун зершохаҳои илми тоҷик идома ёфта истодааст.
Устод Ҳикмат Ҳалимович Муминов 14 сентябри соли 1966 дар ш.Душанбе, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадаанд. Маълумоти миёнаро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60 ш.Душанбе (1973-1983) соҳиб шуда, муассисаи мазкурро бо медали тилло хатм кардаанд. Баъдан ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1988 бо дипломи сурх бомуваффақият хатм мекунанд. Солҳои 1988-1991 ҳамчун аспиранти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пажуҳиши илм машғул шуда, ҳамзамон ҳамчун олими ҷавони боистеъдод барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар чаҳорчубаи аспирантура ба лабораторияи техникаи ҳисоббарор ва автоматизатсияи ИМТЯ ш.Дубна фиристода мешаванд. Пас аз хатми бомуваффақияти аспирантура, соли 1992 дар синни 25-солагӣ дар ИМТЯ ш.Дубна рисолаи номзадии худро таҳти роҳбарии олимони барҷастаи мактабҳои илмии Иттиҳоди Шуравӣ – профессори ИМТЯ ш.Дубна Владимир Григоревич Маханков ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳабибулло Одинаевич Абдуллоев бо унвони “Таҳқиқоти назариявӣ ва моделсозии математикии баъзе системаҳои спинӣ” дифоъ менамоянд. Солҳои 1993-1996 ҳамчун докторанти ИМТЯ ш.Дубна таҳқиқот бурда, соли 1996 рисолаи доктории худро таҳти унвони “Муаммоҳои назарияи падидаҳои ғайрихаттӣ дар магнетикҳои анизотропӣ бо дарназардошти моментҳои мултиполӣ” дар синни 30-солагӣ бомуваффақият дифоъ менамоянд. Солҳои 1996-1999 ба ҳайси ходими калони илмӣ ва баъдан ҳамчун ходими пешбари илмии Лабораторияи физикаи назариявии ба номи Н.Н.Боголюбови ИМТЯ ш.Дубна фаъолият менамоянд. Пас аз ин, устод ба Ватан баргашта, солҳои 1999-2006 ҳамчун профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва таълимии худро ба омода намудани мутахассисон – физикдонҳои ҷавони тоҷик мебахшанд. Солҳои 2006-2019 ҳамчун директор (2006-2017) ва баъдан ҳамчун роҳбари Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2017-2019) фаъолият бурда, дар ин муддат як қатор навгониҳои илмиро дар соҳаи физика ва техникаи кишвар ворид менамоянд. Устод Ҳ.Ҳ.Муминов солҳои 2017-2020 ҳамчун ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раиси Шўъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият бурда, саҳми арзандаи хешро дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии кишвар гузоштанд. Бо сабаби бемории вазнин ва тӯлонӣ аз моҳи апрели соли 2021 бо хоҳиши устод Ҳ.Ҳ.Муминов ҳамчун сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои табобат ва ҳам пажуҳиши илмӣ ба Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроии ш.Дубна сафарбар карда шуданд.
То дами охирин машғул будан бо пажуҳиши илмӣ, яке аз хислатҳои бузурги инсонӣ ва олими ҳақиқӣ мебошад, ки дар масири ҳаёти пурмаҳсул ва фидокоронаи академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов мо бевосита дида метавонем. Дар давоми фаъолияти илмӣ ва ҷамъиятӣ устод Ҳикмат Ҳалимович Муминов ҳамчун шахси некбину меҳрубон, ки ҳар як нафаси ҳаёти хешро дар ғамхорӣ ба рушди сатҳу сифати илми тоҷик бахшиданд, ҳам дар қаламрави кишвар ва ҳам дар давлатҳои хориҷӣ шинохта шудаанд.
Устод Ҳикмат Ҳалимович Муминов ҳамчун роҳбари оқилу бомаърифат ва нуктасанҷу ғамхор дар омода намудани насли нави олимони тоҷик саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.
РӮҲАТОН ШОД БОД, УСТОДИ АЗИЗ