Яке аз асосҳои методологии рушди илм барасӣ ва мубоҳисаи созандаи масъалаҳои илмӣ мебошад, ки одатан дар шакли ҳамоиш, конференсия, мизҳои мудаввар ва махсусан самаранок семинарҳои илмӣ вобаста ба соҳаҳои илм баргузор мешаванд. Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваста семинарҳои илмӣ доир ба дастовардҳои ҷории илмҳои табиатшиносию дақиқ ва баррасии онҳо баргузор мешаванд. Аз ҷумла, санаи 03 майи соли 2023 семинари васеъшудаи илмӣ дар мавзуи “Моделсозии математикии мавҷҳои статсионарии сӯзиши филтратсионии газҳо ва устувории онҳо” дар чаҳорчӯбаи таҳқиқоти фаъолияти илмии н.и.ф.м. Қобилов Маруф Маҳмудович гардид. Мавзуи мазкур яке аз равандҳои мактаби илмии д.и.ф.м., академики Академияи илмҳои Россия Р.И.Нигматулин мебошад, ки ба моделсозии аналитикӣ ва ададии параметрҳои мавҷ ва сохтори мавҷҳои статсионарии сӯзиши филтратсионии газҳо дар ҳолатҳои пасти суръати паҳншавии сатҳи сӯзиш бахшида шудааст. Аз ҷониби иҷрокунандаи таҳқиқоти мазкур М.М.Қобилов оид ба натиҷаҳои ба дастовардашуда дар ин самт ҳам дар ҳолати ҷорӣ ва ҳам дар даҳсолаҳои охир маълумот дода шуд. Бояд зикр намуд, ки вобаста ба мавзуъ рисолаи илмӣ омода шудааст, ки натиҷаҳои асосии он аз ҷумла дар монография ва беш аз 38 мақолаҳои илмии маҷаллаҳои муқарризишаванда нашр шудаанд.
Лаҳзаҳо аз ҷараёни семинари илмии институт аз санаи 03.05.2023