Home Uncategorized ТАЛАФОТИ БУЗУРГИ ИЛМИ ТОҶИК

ТАЛАФОТИ БУЗУРГИ ИЛМИ ТОҶИК

by usto
ТАЛАФОТИ  БУЗУРГИ  ИЛМИ  ТОҶИК

Ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз марги устоди гиромиқадр, Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1975), доктори илмҳои физикаю математика (1995), сазовори Ордени “Шараф” дараҷаи 2 (2004), директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ (1999-2001), Узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2001), ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ (2001-2005), академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008), ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2005-2008), ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2008-2016), аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005-2010), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2019), сарходими илмии сектори физикаи назариявии институт (2016-2023)

САИДМУҲАММАД  ОДИНАЕВ

сахт андӯҳгин буда, барои аҳли оила, пайвандону наздикон ва ҳамкорону шогирдони устод аз даргоҳи абад сабри ҷамил мехоҳанд. Хотираи неки устоди шодравон Саидмуҳаммад Одинаев ҳамеша дар қалби мо, дӯстон ва ҳамкорону шогирдон ҳамчун рамзи садоқат ба роҳи пуршарафи илм боқӣ хоҳад монд.

Устод Саидмуҳаммад Одинаев – олим ва физикдони шинохтаи сатҳи байналмилалӣ, мутахассиси варзидаи назарияи молекулӣ-кинетикии равандҳои релаксатсионӣ, ҳодисоти интиқол, хосиятҳои чандирӣ ва акустикии моеъҳои классикӣ, яке аз пажуҳишгарони нотакрори соҳаи назарияи статистикии ҳолати моеъи моддаҳо, муаллифи беш аз 300 мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо аз соли 2016 то лаҳзаҳои охирин ҳамчун сарходими илмии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият намуданд.

Мактаби пурқудрати илмии устод Саидмуҳаммад Одинаев, ки идомаи пурмаҳсули соҳаи таҳқиқоти академик А.А.Адҳамов мебошад, аз ҷониби шогирдони сершумори ватанӣ ва хориҷии устод, ҳам дар кишвар ва ҳам берун аз он, ҳамчун зершохаи тавонои илми тоҷик пазируфта шуда, идома ёфта истодаанд.

Устод Саидмуҳаммад Одинаев 19 октябри соли 1942 дар деҳаи Шайхмизони ноҳияи Ховалинги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадаанд. Маълумоти ибтидоии касбиро дар Омӯзишгоҳи омӯзгории ш.Кулоб (1955-1959) соҳиб шуда, солҳои 1959-1960 ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар н.Восеъ фаъолият намудаанд. Соли 1960 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1965 бо бомуваффақият хатм мекунанд. Солҳои 1965-1966 ҳамчун ассистенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо пажуҳиши илм машғул шуда, солҳои 1966-1967 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС хизмат мекунанд. Солҳои 1968-1988 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун ходими хурди илмӣ ва баъдан ба ҳайси ходими калони илмӣ (1984) фаъолият мебаранд. Дар ин муддат соли 1983 рисолаи номзадии хешро таҳти унвони “Баъзе масъалаҳои назарияи молекулярии хосиятҳои часпакию чандирии моеъҳои содда” таҳти роҳбарии академик А.А.Адҳамов бомуваффақият дифоъ мекунанд. Солҳои 1988-1999 ҳамчун дотсент ва баъдан ба ҳайси профессори (1996) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин фаъолият мебаранд. Дар ин муддат соли 1996 рисолаи доктории хешро таҳти унвони “Масъалаҳои назариявии молекулярии релаксатсияи сохторӣ, ҳодисаҳои интиқол ва хосиятҳои чандирии моеъҳои классикӣ” бомуваффақият дифоъ мекунанд. Ҳамзамон устод С.Одинаев оғоз аз соли 1965 ҳамчун ассистент, баъдан ба ҳайси дотсент ва ниҳоят профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти илмӣ ва таълимии худро ба омода намудани мутахассисон – физикдонҳои ҷавони тоҷик бахшидаанд. Солҳои 1999-2001 ҳамчун директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият бурда, дар ин муддат як қатор навгониҳои илмиро дар соҳаи физика ва техникаи кишвар ворид менамоянд. Соли 2001 ҳамчун Узви вобаста ва соли 2008 ҳамчун Узви пайваста (академик)-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб шудаанд. Солҳои 2001-2005 устод С.Одинаев ҳамчун ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва солҳои 2005-2008 ҳамчун ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар омода намудани мутахассисон барои кулли соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳми назаррас гузоштаанд. Баъдан солҳои 2008-2016 ҳамчун ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва раиси Шўъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолият бурда, саҳми арзандаи хешро дар рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзии кишвар гузоштанд. Аз соли 2016 то лаҳзаҳои охирин бо пажуҳиши илмӣ дар сектори физикаи назариявии Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти пурмаҳсули хешро идома доданд.

То дами охирин машғул будан бо пажуҳиши илмӣ, яке аз хислатҳои бузурги инсонӣ ва олими ҳақиқӣ мебошад, ки дар масири ҳаёти пурмаҳсул ва фидокоронаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, устод Саидмуҳаммад Одинаев бевосита дида метавонем. Дар давоми фаъолияти созандаи илмӣ ва ҷамъиятӣ устод Саидмуҳаммад Одинаев ҳамчун инсони некбину бунёдкор, маслиҳатгару роҳнамои насли физикони кишвар, ки ҳар як нафаси ҳаёти хешро дар ғамхорӣ ба рушди сатҳу сифати илми тоҷик бахшиданд, ҳам дар қаламрави кишвар ва ҳам дар миқёси байналмилалӣ шинохта ва пазируфта шудаанд.

Устод Саидмуҳаммад Одинаев ҳамчун классики физикаи тоҷик, роҳбари оқилу бомаърифат ва нуктасанҷу ғамхор дар омода намудани насли нави олимони физикдони кишвар саҳми бузург гузоштанд, ки ҳоло илми устодро идома дода истодаанд.

РӮҲАТОН ШОД БОД, УСТОДИ АЗИЗ

0 comment

Related Articles