Санаи 29.10.2024 с. дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ семинари васеи илмӣ бо иштироки мутахассисон аз донишгоҳҳо ва муассисаҳои илмии дигар баргузор гардид. Дар семинар натиҷаи рисолаҳои илмии муҳаққиқон аз Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ дар ш. Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров маърӯза гардиданд. Сараввал Набизода Фирӯза Осим дар мавзӯи “Динамикаи гармизахиракунии ғайрифаъол ва фаъоли модули фотоэлектрикӣ” баромад карданду иштирокчиёни семинар оид ба натиҷаҳои бадастомада музокира намуданд. Сипас Раҳматзода Мадина Зикрулло дар мавзӯи “Гармизахиракунии элементҳои фаъол ва ғайрифаъоли системаи маҳдудкунандаи биноҳо” ва пас аз он Усмонзода Нилуфар Илҳом дар мавзӯи «Таҳқиқоти потенсиали назариявӣ ва баъзе ҷанбаҳои нави энергияи офтобӣ ва шамолӣ» маърӯза карданд. Дар рафти семинар фикру мулоҳизаҳои мутахассисон пешниҳод гардида, оид ба масъалаҳои муҳими марбут ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар рафти семинар диққати махсус ба масъалаҳои самаранокии энергетикӣ ва дар саноат ҷорӣ намудани технологияҳои нави энергетикӣ равона шуда буд.