Home Uncategorized Баррасии нақшаи амали таъсиси лабораторияи инноватсионии коркарди маводи нанокомпозитӣ барои унсурҳои офтобии насли нав

Баррасии нақшаи амали таъсиси лабораторияи инноватсионии коркарди маводи нанокомпозитӣ барои унсурҳои офтобии насли нав

by usto
Баррасии нақшаи амали таъсиси лабораторияи инноватсионии коркарди маводи нанокомпозитӣ барои унсурҳои офтобии насли нав

Дар ҷаҳони муосир, ки даҳсолаҳои охир бо рушди бесобиқаи технологияи баланд фарқ мекунад, донишҳои бунёдӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мақоми марказӣ ва ҳалкунандаро дар рушди саноати кишварҳои ҷаҳон соҳиб гаштаанд. Яке аз самтҳои муосир, ки ҳам аз ҷиҳати бунёдӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ татбиқҳои самаранок дошта, ба рушди саноати ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузошта истодааст, коркарди илмӣ ва истеҳсоли маводи функсионалӣ бо хосиятҳои қаблан муайяншудаи функсионалӣ мебошад. Вобаста ба ин, дар асоси ҳамкориҳои институт бо маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ раванди таъсис додани лабораторияи инноватсионии таҳқиқ ва синтези нанохокаҳо барои коркарди лавҳаҳои офтобии насли нав амалӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, санаи 02 марти соли 2023 намояндагони маркази байналмилалии илмӣ-техникӣ ташриф оварда, бевосита бо кадрҳои ҷавон ва потенсиали зеҳнию имкониятҳои техникии институт шинос шуданд.

Дар шароити имрӯза, ки дар фарқият аз асрҳои гузашта бо суръати баланди равандҳои ҷаҳонишавӣ фарқ мекунад, ба таври саҳеҳ ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо олимону марказҳои бонуфузи байналмилалӣ, яке аз роҳҳои баланд баровардани рақобатпазирии қобилияти илмии ҷавонони тоҷик мебошад. Зеро дар асоси донишҳои бунёдӣ, меҳнати софдилона, интизоми баланд ва махсусан корбарии саҳеҳ потенсилаи беинтиҳо ва аслии илмро ифшо намуда, дар муддати на он қадар зиёд таъмин намудани рушди бесобиқаи кулли соҳаҳо пурра имконпазир аст.

0 comment

Related Articles