NEW
САБТ КАРДАНИ МАҶМУАИ МАВОДҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ (Pdf)
Санаҳои 25-26 августи соли 2023, тибқи Нақшаи баргузории чорабиниҳои илмӣ, ки бо қарори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) санаи 27.03.2023 с. таҳти №69 тасдиқ шудааст, дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷаласаи пленарӣ аз ҷониби директори институт ифтитоҳ карда шуд, ки дар раванди он аз ҷумла таманниёти президенти АМИТ, академик Ф.Раҳимӣ барои иштирокчиёни конференсия расонида шуд.
Баъдан дар ҷаласаи пленарӣ мавзуъҳои илмии зерин маъруза ва баррасӣ гардиданд:
- Хусусиятҳои термофизикӣ ва термодинамикии хӯлаи алюминий ва оҳани AZh2.18 бо металлҳои нодири зергурӯҳи церий. (И.Н.Ганиев, Ф.Холмуродов);
- Модели математикии тавлиди мавҷҳои гармӣ дар диэлектрикҳо дар зери шуоъ бо нури ионҳои гармоникӣ. (Т.Х.Салихов, А.А.Абдураҳмонов).
- Дастовардҳои соҳаи физикаи атмосфера дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дурнамои ҳамкорӣ бо марказҳои илмии байналмилалӣ. (С.Ф.Абдуллаев, А.М.Ҷӯраев ва диг.).
- Амсиласозии математикии системаҳои квантӣ бо қимати баланди спин: функсияҳои коррелятсионии ҳолатҳои самтнок (Ф.Шокир).
- Коркарди дастгоҳҳо ва усулҳои нави таҳқиқот ва назорати равандҳои коҳишёбии геоматериалҳо ва массаҳои кӯҳӣ. (Х.Ф.Маҳмудов).
- Таҷҳизоти инноватсионӣ барои назорати оперативӣ ва муайян кардани параметрҳои энергетикии трансформаторҳои барқӣ ва шиддатнокии энергияи агрегати кории дамкаш. (К.Ботуров, З.Ш.Юлдашев ва диг.).
Баъдан дар ҷаласаҳои бахшҳои конференсия беш аз 60 маводи илмӣ доир ба самтҳои зерин баррасӣ гардиданд:
- Физикаи назариявӣ, системаҳои динамикӣ
- Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
- Муҳитҳои конденсӣ, маводшиносӣ, нанотехнология ва маводи нав
- Масъалаҳои энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ
- Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
- Физикаи тиббӣ ва биологӣ
Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои бахшҳо натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ доир ба мавзуъҳои зерин ба таври мушаххас баррасӣ гардиданд:
- Синтез ва хосиятҳои магнитии маҳлулҳои сахти системаи Tb5Bi3 – Ho5Bi3;
- Омӯзиши хосиятҳои оптикии плёнкаҳои полимерии карбондор дар асоси полистирол;
- Анизотропияи суръати садо дар моеъҳои магнитӣ;
- Паҳншавии садо дар антимониди индий;
- Сохтори мавҷи сӯзиши филтратсияи газ ҳангоми хориҷ кардани гармӣ аз соҳаи сӯзиш;
- Спектрҳои босуръати π-мезонҳо дар бархӯрди марказии dC-, CC- ва CTa-дар 4,2 AHeV/s ва таҳлили муқоисавии онҳо;
- Назарияҳои майдон бо массаи бунёдӣ;
- Оид ба назарияи тавлиди мавҷҳои акустикӣ дар металлҳо дар зери таъсири шуои ионҳои вазнини босуръат;
- Омӯзиши муқоисавии устувории сохтории ZrO2: гузаришҳои марҳилавӣ ва тағирёбии сатҳи Ферми;
- Ҳисоб кардани масири баръакси массаҳои ҳавоии дорои миқдори зиёди Zn, As ва Pb дар аэрозолҳои атмосферии Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Марказӣ;
- Хосиятҳои электрооптикии композитҳои полимерӣ-моеъ-кристаллӣ таҳти таъсири майдони беруна;
- Ҳолати фонон дар моделҳои Spin-Peierls
- Ҷудо кардани селҳои ҳавоӣ аз рӯи масса дар фосилаи энергетикии 100 ПеВ-1 ЭэВ бо истифода аз трекери мюонӣ барои шароити баландкӯҳ.
Ёдрас мешавем, ки дар конференсияи мазкур иштирокчиён аз муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишварҳои дигар низ ширкат варзиданд, аз ҷумла:
- Донишгоҳи давлатии Самарқанд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
- Донишгоҳи Дубна (Федератсияи Россия);
- Донишгоҳи Лусофон (Португалия);
- Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Самарқанд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
- Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н.Гумилёв (Ҷумҳурии Қазоқистон)
- Донишгоҳи Нова (Португалия).
- Донишгоҳи таҳқиқоти агротехникии Қазоқистон ба номи С.Сейфуллин (Ҷумҳурии Қазоқистон);
- Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ҳастаӣ, Дубна (Федератсияи Россия);
- Институти стандартизатсия ва метрологияи Қазоқистон (Ҷумҳурии Қазоқистон);
- Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи илмҳои Россия (Федератсияи Россия);
- Литсейи академии Донишгоҳи давлатии меъморӣ ва сохтмони Самарқанд (Ҷумҳурии Ӯзбекистон);
Дар аксарияти ин муассисаҳои илмию таълимӣ ҳоло физикдонҳои тоҷик кор мекунанд ва ё аз такмили ихтисос гузаштаанд.
Кумитаи тадорукот ба ҳамаи иштирокчиён ва меҳмонони конференсия барои мусоидати фаъолонаашон дар баргузории он, гузоришҳои пурмазмун ва баҳсҳои пурсамари илмӣ изҳори сипос менамоем.
Дар интиҳо аз номи ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, тамоми иштирокчиёни конференсия ва ҳамватанони моро ба муносибати 32-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ҳар яке аз онҳо ободӣ, комёбӣ ва муваффақиятҳои илмиро баҳри рушди кишварамон таманно дорем.
——-
Баъзе лаҳзаҳо аз ҷараёни баргузории Конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқлолият», бахшида ба 32-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
МАНБАЪҲО
1. АМИТ “ХОВАР” – Таджикские физики представили новые научные исследования. https://khovar.tj/rus/2023/08/tadzhikskie-fiziki-predstavili-novye-nauchnye-issledovaniya/.
2. АМИТ “ХОВАР” – 32-летие независимости таджикские учёные отметят проведением республиканской научно-практической конференции. https://khovar.tj/rus/2023/08/32-letie-nezavisimosti-tadzhikskie-uchyonye-otmetyat-provedeniem-respublikanskoj-nauchno-prakticheskoj-konferentsii/.
3. ТВ “Ҷаҳоннамо” (Шабакаи Ютуб – ИФТ АМИТ). https://www.youtube.com/watch?v=YYeK–Qdg5g