ИЛМҲОИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКА ДАР СОЛҲОИ ИСТИҚЛОЛИЯТ:
ЧОЛИШҲОИ ҶАҲОНИ МУОСИР
Фарҳод Шокир
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Ҷаҳони асри XXI тағйироту трансофрматсияи амиқ, мураккаб ва бунёдиро аз сар мегузаронад, ки бо шитоби бесобиқаи рушди илму техника алоқаманд аст. Дар айни замон тараққиёти пуравҷи илму техника воқеияти объективӣ мебошад, ки моҳияти он инсониятро ба таври табиӣ бо далели ҳукмронии тафаккури илмӣ дучор намудааст. Яъне, потенсиали воқеӣ ва аввалиндараҷа акнун на теъдоди аҳолӣ, балки сатҳи донишандӯзӣ ва малакаю маҳорату ҳунаромузии аҳолӣ; на масоҳат, балки то кадом дараҷа истифода бурда тавонистани он (замин, куҳсор, табиати дилнишин ва ғ.); на мавҷудияти ин ё он маҳсулоти хоҷагӣ ё сарвати табиӣ, балки ба таври самаранок коркард намудани он ва ғ. мебошанд. Аз ҷумла, дар самти илму техника таърихи навтарини инкишофи брендҳои ҷавони ҷаҳон нишон медиҳад ва исбот мекунад, ки ташкили илмии меҳнат ва тафаккури илмӣ категорияҳои устувортарин мебошанд, ки дар асри илму техника бояд ба онҳо диққати таъҷилӣ ва зарурӣ дода шавад. Бо ибораи дигар, асри XXI қудрат ва имконоти воқеии илмро бештару амиқ ошкор карда истодаст.
Чӣ тавре, ки анъанаи созандаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои ҳар кадоме аз тасдиқот исбот талаб менамояд, қайдҳои дар боло зикршударо бо далелҳои амиқу якмаъно исбот мекунем.
Тибқи таҳлили яке аз маҷаллаҳои бонуфуз ва маъруфи иқтисодии ҷаҳон, маҷаллаи молиявӣ ва иқтисодии амрикоии Forbes [1], пайдарпай чанд сол аст, ки садри раддабандии гаронарзиштарин брендҳои ҷаҳонро панҷ ширкат бо маҳсулоти зеҳниашон ишғол намуда истодаанд, аз ҷумла Apple (бо сармояи беш аз 2.5 триллион доллари ИМА), Microsoft (2.0), Google (1.4), Amazon (1.3), Facebook (0.4). Ин ширкатҳо сирф ба дониш асос ёфтаанд ва масалан, бо содироти нафт, газ ва дигар захираҳои табиӣ машғул нестанд. Дар ин замина, яке аз ширкатҳое, ки сармояаш аз рӯи пешгӯиҳо то соли 2023 аз 3 триллион доллар зиёд мешавад (Apple), дар ҷаҳон, бахусус, аз рӯи маҳсулоти брендиаш – iPhone шинохта шудааст. Арзиши расмии як нусхаи ин маҳсулот баъзан ҳазор доллари ИМА (iPhone 13 Pro: $999 [2]) ё бештар аз он аст. Аммо, агар аз нуқтаи назари физика назар кунем, маълум мешавад, ки як нусхаи iPhone-и муосир, ки массааш дар ҳудуди 140-240 грамм аст, одатан аз 40% оҳану алюминий, 15-20% нахи карбон, 15-17% аз масолехи композиционй (никель, мис, хром, кобалт ва ғайра), 6 фоиз аз кремний ва дигар унсурҳо ба андозаи хурдтар иборат аст. Умуман, агар арзиши 140-240 грамми чунин маводҳои таркибиро ҳисоб кунем, дар беҳтарин ҳолат маблағи муодили на беш аз 2 доллари ИМА ҳосил мешавад [3]. Яъне арзиши чунин маҳсулоти зеҳнӣ на аз рӯйи ашёи хоми сарфшуда, балки танҳо аз ҷиҳати зеҳнию илмӣ (зиёда аз 99,8 фоиз) муайян мешавад. Баъдан, чӣ тавре, ки маълум аст – нақшаи классикии бартарии мутлақи нусхабардории автоматии маҳсулоти зеҳнӣ сари кор меояд, ки раванди ҳосилшавии фоидаи ширкатро якчанд дараҷа суръат мебахшад.
Мисолҳои монандро зиёд овардан мумкин аст, ки дар ҳолати объективона назар намудан иқтидори бузурги созандаи потенсиали илми муосирро возеҳу равшан аён мекунанд, зеро натиҷаҳои мисоли дар боло зикршударо ба ғайр аз илм – бо роҳи дигар ба даст овардан имконнопазир аст. Аз тарафи дигар, илми созанда ҳамчун соҳаи фаъолияти инсон танҳо ва танҳо дар шароити осоишта арзи ҳастӣ ва рушд намуда метавонад. Таҳлили таърихи брендҳои муваффақи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар кишварҳое, ки низоми сулҳпарвар доранд ва ба нақзи қонун ва тартибот ба таври қатъӣ роҳ намедиҳанд, инфрасохтори илмиро инкишоф додан мумкин аст, ки дар сурати корбарии саҳеҳу бунёдӣ сармоягузории муассиртарин на танҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ, балки ба маънои стратегӣ низ мебошад.
Имрўз мо дар арафаи ҷашни 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, ки дар тӯли ин муддат илми тоҷик дар оғоз душвориҳои муайян ва ногузири марбут ба пошхўрии Иттиҳоди Шуравиро паси сар карда, ба шарофати сиёсати сулҳпарваронаи роҳбарияти мамлакат ва Сарвари давлат дар роҳи рушди устувор қарор дорад.
Аз ҷумла мо шоҳиди бевоситаи эҳёи самти физикаю техника дар давраи аввали пасошуравӣ ва гузариши он ба рушди устувор дар солҳои минбаъдаи даврони истиқлолият мебошем. Дар мисоли мушаххаси рушди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ИФТ АМИТ) дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо мебинем, ки чӣ тавр як қатор соҳаҳои калидии физикаю техникаи тоҷик устуворӣ нишон доданд ва бо шарофати сулҳу оромӣ ба роҳи рушд ворид гардиданд, оғоз аз эксперименти “Помир”, ки натиҷаҳои илмии он дар тамоми ҷаҳон машҳур аст то ба таъсисдиҳии лабораторияҳои инноватсионии муосир.
Эксперименти «Помир». Чӣ тавре, ки маълум аст шуруъ аз солҳои 70-ум инчониб ИФТ АМИТ якҷо бо Институти физикаи Академияи фанҳои ИҶШС (ҳоло “ФИАН”) дар Помир дар мавзеи Ак-Архор дар баландии 4360 м аз сатҳи баҳр дар самти омӯзиши таъсири мутақобилаи зарраҳои элементарӣ ва нуклонҳо бо нуклонҳо ва ядроҳо дар энергияи зиёда аз 1012 эВ таҳқиқот мегузаронад. Дар он вакт дар эксперименти “Помир” як қатор ҳодисаҳои нодир ва нотакрор мушоҳида карда шуданд, аз қабили супероилаи “Ситора”, ки аз заррае, ки энергияи он такрибан 1017 эВ ба вуҷуд омадааст. Ҳамчунин энергияи таъсири мутақобилаи зарраҳои нурҳои ибтидоии кайҳонии супероилаи «Точикистон» дар сатҳи 1018 эВ ба қайд гирифта шуда буд, ки ин баландтарин энергияи таъсири мутақобилаи зарраҳои дар амалияи ҷаҳонӣ тариқи камераҳои рентгенӣ-эмулсионӣ ба қайд гирифта шуда ҳисобида мешавад.
Дар солҳои истиқлолият физикони тоҷик барои эҳёи ин соҳа пайваста заҳмат кашиданд ва бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти кишвар аз соли 2008 бо имзои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ин соҳа ба роҳи рушд ворид гашт. Имрузҳо дар истгоҳҳои баландкӯҳи Помир корҳои таъмирӣ вусъат ёфта, таҳқиқоти доимии илмӣ ва экспедитсияҳои илмӣ ҳамасола давом доранд. Рушди таҳқиқоти нурҳои кайҳонӣ дар истгоҳҳои илмии баландкӯҳи Помир потенсиали бузург дошта дорои аҳамияти ҷаҳонӣ мебошад. Айни замон ИФТ АМИТ дар якҷоягӣ бо намояндагони Маркази байналмилалии илмӣ-таҳқиқотии «Помир-Чақалтой» бо мусоидати Академияи миллии илмҳо ва дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии мамлакатҳои ҷаҳон дар самти бо воситаҳои муосири бақайдгирии нурҳои кайҳонӣ муҷаҳҳаз намудани истгоҳҳо ҳисобҳо ва корҳои лоиҳагириро идома дода истодааст.
Физикаи ядроӣ — реактори таҳқиқотии Аргус-ФТИ. Дар ибтидои солҳои 1980-ум Академияи илмҳои ИҶШС тасмим гирифт дар асоси манбаъи тавонои афканишот – реактори таҳқиқотии «Аргус-ФТИ», ки ба таъмин намудани ҳаҷми калони таҳқиқоти аналитикӣ рабт дорад ва барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошанд дар ИФТ АМИТ маркази таҳлилии ҳастаӣ таъсис диҳад. Аммо дар робита ба пошхӯрии минбаъдаи Иттиҳоди Шуравӣ, корҳо оид ба кор даровардани реактор боздошта шуда буданд.
Аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ Роҳбарияти кишвар барои рушди илму маориф тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Бо шарофати дастгирии Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат соли 2015 Барномаи давлатии барқарорсозӣ ва истифодаи минбаъдаи реактори таҳқиқотии ҳастаии Аргус-ФТИ қабул гардид. Реактори «Аргус-ФТИ» бо бехатарӣ, сохтори оддӣ, нисбатан камхароҷот ва компактӣ буданаш фарқ намуда, ҳамзамон аҳамият ва арзиши баланди илмӣ-техникӣ дорад. Реактори Аргус-ФТИ имкон медиҳад, ки радиофармпрепаратҳои нодир ба даст оварда шаванд. Ин радионуклидҳо дар гузаронидани ташхиси барвақти бемориҳои онкологӣ, ҳамчунин барои табобати бемориҳои онкологӣ истифода шуда, имконият медиҳанд, ки бемории саратон дар марҳилаҳои аввалин (1 сол барвақттар нисбати усулҳои анъанавӣ) муайян карда шавад. Онҳо имконият медиҳанд, ки варам локалӣ карда шуда, раванди метастаз пешгирӣ гардад ва ҳамчунин онҳо дорои хосиятҳои таскини дард мебошанд. Реактор ҳамчунин имкон медиҳад, ки ба ғайр аз истеҳсоли радиофармпрепаратҳо ва муайян кардани элементҳои намунаҳои геологӣ тавассути таҳлили нейтронӣ-активатсионӣ назорати ғайримухарраби сифати маводҳо тавассути таҳлили радиографӣ анҷом дода шавад.
Физикаи атмосфера, иқлимшиносӣ. Масъалаи тағирёбии иқлим низ дар даҳсолаҳои охир махсусан муҳим аст. Дар ИФТ АМИТ самти «Физикаи атмосфера» омузиши ҳолати атмосфера, параметрҳои ба ҳолати иқлим ва қабати озон таъсиркунанда, инчунин омузиши ташаккули аэрозолҳои атмосферӣ дар натиҷаи тӯфонҳои чангу ғубор ва назорати ҳолати ифлосшавии техногении атмосфера: ченкунии таркиби умумии озон дар сутуни амудӣ мунтазам дар фаслҳои гуногуни сол гузаронида мешавад. Дар ин самт ИФТ АМИТ бо як қатор институтҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси Олмон (TROPOS) ва Коллеҷи илмҳои атмосферии Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитойро қайд намудан мумкин аст. Аз ҷумла, аз 26 июни соли 2019 дар доираи созишномаҳои грантӣ дар ИФТ АМИТ озмоишгоҳи нави инноватсиони ворид ва насб карда шуд, ки шашумин стансияи ченкунии ҷаҳонии шабакаи глобалии атмосферии таҳқиқотии иқлими «PollyNet» мебошад. Истгоҳи нав аввалин дар Осиёи Марказӣ буда, дар як камарбанди ҷаҳонии ғубор, ки аз Марокаш то Ҷумҳурии Халқии Хитой тӯл мекашад, ҷойгир аст. Дар чаҳорчӯби ин ҳамкориҳо ҳамчунин табодули олимони ҷавони тоҷику олмонӣ ба манзури омода кардани кадрҳои баландихтисос дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва иқлимшиносии байни ИФТ АМИТ ва TROPOS роҳандозӣ шудааст. Айни замон омодагӣ барои интиқол ва насби як озмоишгоҳи инноватсионии мушобеҳ дар ҳамкорӣ бо Коллеҷи илмҳои атмосферии Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой идома дорад.
Таҳқиқоти хосиятҳои маводҳои нави инноватсионӣ тавассути ҳисобҳои кластерӣ (квантӣ-механикӣ). Яке аз манбаъҳои муассири табиӣ ва равиши алтернативии тавлиди энергия – ин синтез ва оптимизатсияи хосиятҳои маводи нави наноандозӣ барои эҷоди табдилдиҳандаҳои энергияи офтобӣ ва гармӣ ба нерӯи барқ мебошад, ки дар муқоиса бо бисёр усулҳои дигар самаранок ва аз ҷиҳати экологӣ тоза аст. Потенсиали бузурги рушди ин соҳаи энергетикаи алтернативӣ ба чунин омилҳои глобалӣ, аз қабили зарурати таъмини амнияти энергетикии миллӣ ва афзоиши арзиши манбаъҳои истихроҷи энергия вобаста аст. Энергияи алтернативӣ дигар бартариҳои беназир низ дорад: масалан, энергияи офтоб барои ҳама дастрас аст, ройгон, амалан тамомнашаванда аст ва раванди ба энергияи электрикӣ табдил ёфтани он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад.
Дар асоси ҳамкории ИФТ АМИТ бо муасисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ омӯзиши хосиятҳои геометрӣ ва электронии маводҳои инноватсиониро бо истифода аз усули назарияи функсионали зичӣ ба роҳ монда шудааст. Дар асоси шартномаҳои грантӣ микропросессорҳои ҳисоббарор ба даст оварда шуданд, ки аз рӯи онҳо ҳисобҳои механикии квантӣ барои муайян кардани қонуниятҳои вобастагии параметрҳои оптикии маводи нав аз хосиятҳои электронии геометрӣ гузаронида мешаванд, ки имкон медиҳад дарёфти технологияҳои нави самаранок ва системаҳои устувор амалӣ гардад. Мақсад аз ин ҳисобҳо зарурияти кор карда баромадани технологияи ба вуҷуд овардани системаҳои хеле самарабахши фотоэлектрикӣ мебошад, ки нури офтобро ба энергияи электрикӣ табдил медиҳад. Мавҷудият, истеҳсоли арзон, хосиятҳои танзимшаванда, арзиши нисбатан паст ва токсикологияи паст омилҳои асосии таҳқиқот дар ин соҳа мебошанд.
Айни замон дар ИФТ АМИТ лоиҳаи таъсиси як лабораторияи инноватсионии синтези нанопленкаҳо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯ аст, таҳия шуда истодааст, ки анҷом ва ба истифода додани он дар солҳои наздик ба нақша гирифта шудааст. Дар доираи ин лоиҳа кормандони ҷавони ИФТ АМИТ дар Донишгоҳи Ҷазираҳои Балеари Испания ва Донишгоҳи Новаи Португалия аз таҷрибаомӯзӣ гузашта истодаанд.
Таҳқиқ ва татбик намудани натиҷаҳои соҳаи физикаи ҳароратҳои паст — таҷҳизоти криохирургӣ. Дар ИФТ АМИТ якҷо бо Институти илмӣ-таҳқиқотии гастроэнтерологии кишвар таҷҳизотеро ихтироъ карда шуд, ки дар он нитрогени моеъро барои нест кардани хуҷайраҳои ноаёни сироятшудаи маҳалли узви бемор истифода бурдан мумкин аст. Танҳо дар соли аввали ихтироъ (соли 2016) аллакай 50 нафар беморони сил ва омоси ҷигар ва дигар бемориҳо бо истифода аз технологияи нав ҷарроҳӣ карда шуда (профессор С.Аҳмедов), беморон шифо ёфтанд. То имрӯз зиёда аз 300 амалиёти бомуваффақияти криохирургӣ анҷом дода шудааст. То ихтирои чунин таҷҳизот, ин технология дар маркази онкологии Маскав, Ҳолланд, Италия ва Ҷопон низ истифода шуда, усули таҳияшудаи табобат то соли 2016 барои кишвари мо дастрас набуд.
Албатта тавсифи дастовардҳои илми физикаю техникаи кишварро, ки бевосита бо шарофати сиёсати сулҳҷӯёнаи Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар ва ноил шудан ба Истиқлолияти давлатӣ ба даст оварда шуданд ва имкон доданд, ки бо ташкилоти илмии кишварҳои рушдкардаи ҷаҳон ҳамкории васеъро ба роҳ монем тӯлонӣ идома додан мумкин аст. Вале баъзе аз натиҷаҳои илмии қайдшуда далели он мебошанд, ки сулҳу субот ва Истиқлолияти давлатӣ шарти ягона ва асосии рушди илму маориф ва некуаҳволии шаҳрвандони кишвари азизамон мебошад.
Дар интиҳо қайд менамоем, ки ҳайати кормандони Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баҳри рушди илму техникаи кишвар тамоми потенсиали хешро бефосила ба пажуҳиши илмӣ-таҳқиқотӣ ва корҳои татбиқ равона менамоянд, то ки бо натиҷаҳои наву бунёдии илмӣ ба боз ҳам баланд шудани нуфузи ҷумҳурӣ дар миқёс ҷаҳон саҳми худро бештару амиқтар гузоранд.
Фаро расида истодани 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҳамкорон ва кулли ҳамватанон табрик гуфта, саломатӣ, бурдбориҳо ва муваффақиятҳои илмӣ орзу менамоем!
Манбаъҳои истифодашуда
- https://www.forbes.com/the-worlds-most-valuable-brands/#47d2c901119c.
- https://www.apple.com/shop/buy-iphone.
- https://www.moneycontrol.com/news/business/companies/data-story-it-takes-hundreds-of-dollars-to-buy-an-iphone-but-just-over-a-dollar-to-make-one-2365065.html.