ИНСТИТУТИ ФИЗИКАЮ ТЕХНИКАИ БА НОМИ С.У.УМАРОВ

by usto

Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИФТ АИ ҶТ) яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ-таҳқиқотии кишвар буда, соли 1964 таъсис дода шудааст. Аз соли таъсисёбӣ дар лабораторияҳо ва озмоишгоҳҳои институт масъалаҳои муҳими илми физика, хоҷагии халқ ва коркарду татбиқи технологияҳои нав дар саноати кишвар баррасӣ, таҳқиқ ва ҳал карда мешуданд.

Ҳоло корҳои илмӣ-таҳқиқотии зерсохторҳои институт самтҳои муосири физикаи ядроӣ, физикаи назариявӣ, физикаи ҳолатҳои конденсӣ, оптика ва электроникаи квантӣ, муаммоҳои физикию техникии энергетика, физикаи атмосфера ва татбиқи методҳои физикии таҳқиқ дар соҳаи тибро дар бар мегирад.

Дар чаҳорчӯбаи самтҳои зикршуда масъалаҳои методҳои ядроӣ-физикии таҳқиқ, нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энергияи фавқулбаланд, физикаи нимноқилҳо, шаклбандӣ ва сохтори кристаллҳо, физикаи сегнетоэлектрикҳо ва диэлектрикҳо, физикаи ҳолатҳои конденсӣ дар ҳароратҳои паст, спектроскопия, оптикаи ғайрихаттии когерентӣ (электроникаи квантӣ), акустика, равандҳои физикӣ дар атмосфера ва манбаъҳои таҷдидпазири энергия таҳқиқ шуда истодаанд.