Home Uncategorized Институт шартнома оид ба ҳамкориҳои илмии дутарафаро ба имзо расонид

Институт шартнома оид ба ҳамкориҳои илмии дутарафаро ба имзо расонид

by usto
Институт шартнома оид ба ҳамкориҳои илмии дутарафаро ба имзо расонид

Санаи 23-юми октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон V-ум Форуми олимони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар Форум зиёда аз 70 мутахассисону роҳбарони марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок варзиданд. Ҳадафи асосии Форум муҳокимаи рушди самтҳои асосии илмҳои бунёдӣ, вусъат додани ҳамкориҳои илмию техникии кишварҳои узви ИДМ ва коркарди роҳҳои баланд бардоштани нақши илм дар иқтисодиёти давлатҳои аъзои ИДМ буд.

            Дар доираи Форум Шӯрои XII-ум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои асосии ба рушди илмҳои бунёдӣ марбут баррасӣ гардиданд. Қайд намудан бамаврид аст, ки бо ташаббуси ин Шуро соли 2017 таъсис додани ташкилотҳои асосии давлатҳои аъзои ИДМ дар самтҳои физика ва техника ба нақша гирифта шуда буд. Вобаста ба ин Академияи милли илмҳои Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умаров мақоми ташкилоти асосии давлатҳои аъзои ИДМ дода шавад. Ҳамин тариқ, бо Қарори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз санаи 10 декабри соли 2020 ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми “Ташкилоти асосии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи омоданамоии мутахассисони илмӣ дар самти илмҳои физикаю техника” дода шуд. Дар ин доира самтҳои асосии фаъолияти Институт ҳамчун ташкилоти асосӣ:

  • омода намудани мутахассисони сохторҳои илмӣ-истеҳсолӣ ва илмӣ-техникии давлатҳои аъзои ИДМ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо;
  • гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки илмӣ бо муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии давлатҳои аъзои ИДМ;
  • коркард намудан ва ҳамоҳангсозии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, омода намудани лоиҳаҳои дахлдор ва баррасӣ намудани онҳо;
  • баргузор намудани конференсияҳо, семинарҳо ва симпозиумҳои байналмилалии илмӣ-амалӣ;
  • омода намудани маводҳои илмӣ, методӣ, иттилоотӣ-таҳлилӣ ва ғ. мебошанд.

Дар доираи ҳамин гуна ҳамкориҳо, ҳамчунин ёддошти тафоҳуми байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон пас аз фарҷоми Форуми олимони давлатҳои аъзои ИДМ дар байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шахсияти директор Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон ва Институти физикаю техникаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар шахсияти директор Олимов Ҳусниддин Қосимович шартнома оид ба ҳамкории илмӣ ба имзо расонида шуд. Дар доираи шартнома ҳамкориҳои илмӣ таҳқиқотӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштараки амалӣ ва мубодилаи ахбороти илмӣ дар самти манбаъҳои барқароршавандаи энергия, физикаи назариявӣ, физикаи нимноқилҳо ва маводшиносӣ, физикаи ядрои атом ва реаксияҳои ядроӣ ба роҳ монда мешавад, ки он таҳқиқотҳои ҳамҷояро дар ин самтҳо таҳрик дода, имкони мубодилаи таҷрибаро фароҳам меорад.

            Ҳамчунин дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ҳамкориҳо ба роҳ монда шуда, амалӣ намудани лоиҳаҳои илмии муштарак, гузаронидани семинарҳо ва конференсияҳои илмӣ, коромӯзӣ ва бозомӯзии кормандони илмӣ, навиштани мақолаҳои илмӣ ва татбиқи амалии онҳо дар назар дошта шудааст.

0 comment

Related Articles