Санаи 6 июни соли 2023 дар мавзеи айвоҷи н.Шаҳритус бо иштироки олимону мутахассисони Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой (ҶХХ), Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (институт), намояндагони Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) ва ҳамчунин хабарнигорони Воситаҳои ахбори оммаи кишвар – ифтитоҳ ва ба кор оғоз бахшидани технологияи муосири таҳлил ва мониторинги таркиби атмосфераи Озмоишгоҳи нави иститут баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳ ва ба кор оғоз бахшидани таҷҳизоти Озмоишгоҳ аз ҷониби Донишгоҳи Ланчжоу, олими варзидаи соҳаи илмҳои атмосферӣ, профессор, академики Академияи илмҳои Хитой Ҷянпин Хуан (Jianping Huang), декани Коллеҷи илмҳои атмосферии донишгоҳи мазкур, профессор Жонвэй Хуан (Zhongwei Huang), ноиби декани коллеҷи мазкур, профессор Лэй Жан (Lei Zhang) ва ҳамчунин 7 нафар олимону мутахассисони донишгоҳи зикршуда иштирок намуданд. Аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон директори институт Ф.Шокир, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи институт, профессор С.Ф.Абдуллаев, муҳандиси пешбари лабораторияи мазкур А.М.Ҷӯраев, гурӯҳи олимони ҷавону докторантони институт ва намояндаи Шуъбаи робитаҳои байналмилалии АМИТ ширкат намуданд. Ҳамчунин дар маросими ифтитоҳ намояндагони ВАО кишвар, аз ҷумла МД ТВ “Илм ва табиат” ва ТВ “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” маросими оғози кори Озмоишгоҳ ва муаррифии онро инъикос намуда, оид ба муҳимияти омӯзиши равандҳои атмосферӣ ва аҳамияти он барои кишвар ва илми муосир бо олимону мутахассисони ҶХХ ва кишвар машварат намуданд.
Бояд зикр намуд, ки тағйирёбии иқлим – яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи муосир мебошад, ки саҳеҳ ва объективона таҳлил намудани равандҳои он барои тоза ва дар ҳолати мӯътадил нигоҳ доштани муҳити зисти атроф, қабл аз ҳама ҳифзи саломатии шаҳрвандон муҳим мебошад. Аз ин ҷумла, яке аз равандҳое, ки дар даҳсолаҳои охир бештар дида мешавад ба вуҷуд омадани хокборишҳо аст, ки дар натиҷаи он дар таркиби атмосфера чангу ғубор аз меъёр бештар мегардад. Бинобар он, ҳоло олимони соҳаи илмҳои атмосферӣ ва иқлимшиносии кишварҳои ҷаҳон ва кишвари мо кӯшиш намуда истодаанд, ки сабабҳои воқеии чунин падидаҳоро ба таври дақиқ таҳлил намоянд. Амалан, равандҳои атмосферӣ гарчанде ба таври локалӣ таъсир мекунанд, вале барои таҳлили сабаб ва асосҳои ба вуҷуд омадани падидаҳои мазкур таҳқиқи динамикаи умумии равандҳои атмосфериро таҳлил намудан лозим аст. Аз ин лиҳоз, олимони кишварҳои гуногун, ки дар онҳо таҳқиқоти илмӣ ба сатҳи зарурӣ расидаанд қувваҳои худро барои омӯзиши динамикаи селҳои ҳавоии атмосферӣ муттаҳид менамоянд. Дар ин маврид, бояд зикр намуд, ки яке аз роҳҳои баланд баровардани саҳеҳияти маълумот оид ба тағйироти таркиби атмосферӣ (хокборишҳо), ҳарорат ва умуман иқлим дар нуқтаҳои бештари сайёраи Замин насб намудани дастгоҳҳои бақайдгирӣ ва таҳлили таркиби атмосфера мебошад.
Ин буд, ки моҳи июни соли 2019 дар натиҷаи ҳамкории институт бо Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси кишвари Олмон (манбаъд – ТРОПОС) ба институт технологияи муосири таҳқиқи лазерии таркиби атмосфера – Лидар (LiDAR: Light Detection and Ranging) ворид ва насб карда шуд. Ҳоло 4 сол сипарӣ мешавад, ки лабораторияи мазкур дар шаҳраки академии пойтахти кишвар ба таври шабонарузӣ таркиби атмосфераро таҳқиқ намуда, ҳамчунин оид ба масири хокборишҳои воридшуда маълумоти дақиқро пешниҳод менамояд. Худи ҳамон соли 2019 вобаста ба бунёд шудани истгоҳи муосири таҳқиқи таркиби атмосфера бо дастгирии институти Олмон – ТРОПОС дар ҳамкорӣ бо институт конференсияи байналмилалӣ оид ба чангу хок дар Осиёи Марказӣ бо иштироки олимони соҳа беш аз 15 давлати ҷаҳон баргузор гардид. Олимони иқлимшинос аз хориҷи кишвар аз табиати дилнишини Тоҷикистон, риояи тартибу эҳтироми мардуми бофарҳанги тоҷик ва фазои ором истиқбол гирифта, вобаста ба роҳ мондани ҳамкории илмӣ оид ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ пешниҳодҳо намуданд.
Аз он вақт инҷониб институт дар ин самт бо донишгоҳу муассисаҳои таҳқиқотии кишварҳои пешсаф ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, институт аз соли 2019 бо Донишгоҳи Ланчжоу, Коллеҷи илмҳои атмосферии донишгоҳи мазкур ва Институти физикаи атмосфераи Академияи илмҳои Хитой дар ин самт ҳамкорӣ намуда истодааст. Дар ин муддат, солҳои 2020-2021 бо сабаби маҳдудиятҳои пандемияи ҷаҳонӣ равандҳои ҳамкорӣ бештар тариқи маҷозӣ ба роҳ монда шуда, аз соли 2022 таҳқиқот ва амалисозии ҳамкориҳои илмӣ байни институт ва ташкилотҳои илмии ҶХХ боз ба маҷрои пурра ворид шуд.
Ҳамин тавр дар натиҷаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ланчжоуи ҶХХ соли ҷорӣ моҳи апрел ба институт лабораторияи мукаммали таҳқиқи лазерии таркиби атмосфера ворид карда шуд. Давоми беш аз як моҳ аз ҷониби мутахассисони лабораторияи физикаи атмосфераи институт таҳти роҳбарии профессор С.Ф.Абдуллаев ва баъдан ибтидои моҳи июн аз ҷониби 10 нафар олимону мутахассисони Донишгоҳи Ланчжоуи ҶХХ, таҳти роҳбарии академик Ҷянпин Хуан лаборатория нави таҳқиқи лазерии таркиби атмосфера дар мавзеи Айвоҷи н.Шаҳритус насб карда шуд.
Ниҳоят, тибқи нақшаи тасдиқшуда санаи 6 июни соли ҷорӣ бо иштироки олимону мутахассисони Донишгоҳи Ланчжоуи Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави таҳқиқи равандҳои атмосферӣ ифтитоҳ ва ба кор дароварда шуд.
Ёдрас мешавем, ки ҳамчун макони насби истгоҳи нав дар асоси таҳлили олимони институт дар мувофиқа бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроия ва дигар сохторҳои дахлдор мавзеи Айваҷи ноҳияи Шаҳритус муайян карда шуд. Макони мазкур бо дарназардошти динамикаи умумии ҷараёнҳои ҳавоии атмосфераи фазои кишвар ва аз ҷумла дар ибтидои масири воридшавии хокборишҳо воқеъ будани мавзеи мазкур интихоб карда шудааст.
Институт барои бомуваффақият таъсиси дода шудани Озмоишгоҳи муосири таҳқиқи равандҳои атмосферӣ пеш ба ҳама онҳое, ки дар ин раванд саҳми худро гузоштанд ва барои амалӣ намудани ин иқдом мусодиат намуданд миннатдории самимонаи худро изҳор менамояд. Аз ин ҷумла Донишгоҳи Ланчжоу ва Коллеҷи илмҳои атмосферии донишгоҳи мазкур ва олимону мутахассисони онҳоро таҳти роҳбарии академики Академияи илмҳои Хитой Ҷянпин Хуан, ки лабораторияи мазкурро пешниҳод намуданд, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Ф.Раҳимӣ ва муассисаҳои АМИТ, ки барои корҳои ташкилотӣ дастгирӣ намуданд, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин ташкилоту идораҳои кишварро зикр намудан зарур аст, ки барои рушди яке аз самтҳои муҳими физкаи тоҷик мусоидат намуданд.
Умедвор ҳастем, ки иқдоми мазкур боз як қадами навбатӣ баҳри ба таври самаранок амалӣ намудани ҳадафҳои стратегияҳои миллии кишвар ва нақшаи амали “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки бевосита бо ташаббус ва аз ҷониби Сарвари кишвар эълон шудаанд мусоидат намуда, боз як қадами рушди имконияти технологии кишвар вобаста ба мониторинг ва таҳлили аэрозолҳои атмосферӣ ва сифати ҳаво мегардад.