Санаи 10-уми октябри соли 2025 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Масъалаҳои мубрами физика ва техника» баргузор гардид. Дар конференсия олимону муҳаққион аз хориҷи кишвар, ҳамчунин аз муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо ва Донишгоҳҳою марказҳои илмии ҷумҳурӣ ширкат намуданд.
Дар миёни меҳмонони фахрии конференсия олимони шинохта ҳузур доштанд, аз ҷумла профессор Холмуродов Холмирзо Тағойқулович аз Институти муттаҳидаи тадқиқоти ядроии шаҳри Дубна, профессор Таковитский Сергей Александрович аз Институти марказии аэродинамикии ба номи профессор Н.Е. Жуковскийи Федератсияи Русия, ва н.и.ф.м., дотсент Мухторов Одил Фозилович аз Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Ҳузури онҳо ба кори илмӣ ва сатҳи байналмилалии чорабинӣ руҳияи тоза ва муҳтавои нав бахшид.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ ҳамасола чунин конференсияҳои сатҳи байналмилалиро баргузор менамояд, ки ҳадафи онҳо тақвияти ҳамкориҳои илмӣ, мубодилаи таҷриба ва густариши робитаҳои байни муассисаҳои тадқиқотии кишварҳои гуногун мебошад. Дар доираи чунин ҳамкориҳо самтҳои нави таҳқиқоти илмӣ ташаккул ёфта, заминаи муҳиме барои рушди таҳқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ дар соҳаҳои физика, техника ва технологияҳои муосир фароҳам меояд.
Қайд кардан зарур аст, ки аз замони таъсисёбӣ Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба яке аз марказҳои пешбари илмӣ-тадқиқотии кишвар табдил ёфтааст. Ин муассиса на танҳо пойгоҳи муҳими тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои ҷумҳурӣ мебошад, балки маркази ташаккули самтҳои нави илмӣ ва татбиқи дастовардҳои техникӣ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ низ ба ҳисоб меравад.
Дар институт таҳқиқот дар соҳаҳои физикаи ядроӣ ва радиатсионӣ, физикаи ҷисми сахт, акустика, оптика, масолеҳшиносӣ ва физикаи гармо ба роҳ монда шудаанд. Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар соҳаҳои энергетика, сохтмон, тиб ва мониторинги экологӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Институт ба таҳқиқоти бунёдӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд, зеро бе рушди онҳо пешрафти устувори илмҳои амалӣ ғайримумкин аст. Маҳз дар заминаи чунин тадқиқот технологияҳои нав, системаҳои энергетикии такмилёфта, масолеҳи муосир ва усулҳои ченкунии ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ таҳия мегарданд.
Дар солҳои охир бо ташаббус ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаҳои илм ва маориф ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидаанд. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: «Ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи дониш, касбият ва қобилияти илмии шаҳрвандонаш вобаста аст».
Ин суханони хирадмандона ҳамчун дастури амал барои тамоми низоми илмии кишвар хизмат намуда, муҳаққиқонро ба таҳкими инфрасохтори инноватсионӣ, муосиргардонии марказҳои тадқиқотӣ ва рушди захираи кадрӣ раҳнамун месозанд.
Дар доираи Барномаи давлатии рушди илм барои солҳои 2021–2030 Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фаъолияти худро ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба, ҷалби ҷавонон ба фаъолияти илмӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалии замони муосир равона намудааст.















