11–12 сентябри соли 2026 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Назарияи муосири солитонҳо ва системаҳои динамикии ғайрихаттӣ» баргузор гардид. Конференсия ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20-солагии омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, инчунин ба 60-солагии зодрӯзи академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов олими барҷаста, физик, ташкилкунандаи соҳаи илм ва омӯзгор, бахшида шуд.
Дар кори конференсия олимон, профессорҳо, муҳаққиқон ва мутахассисони муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷомеаи илмии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок доштанд. Дар байни меҳмонони фахрии конференсия Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Чен Фумин профессори факултети химия ва муҳандисии химиявии Донишгоҳи Ҳайнан, директори Институти физикаю техникаи ба номи С.А. Азимови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Олимов Хусниддин Косимович, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Олимов Қосим, инчунин номзади илмҳои физикаю математика Сой Эдуард Николаевич иштирок намуданд.
Қисмати пленарии конференсия бо сухани ифтитоҳии Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт оғоз гардид. Дар ҷараёни конференсия маърӯзаҳои илмӣ оид ба масъалаҳои мубрами физикаи муосир, химия ва муҳандисии химиявӣ, физикаи оморӣ, физикаи энергияи баланд ва дигар самтҳои таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ пешниҳод гардиданд.
Яке аз маърӯзаҳои пленарӣ ба профессор Фумин Чен тааллуқ дошт, ки дар мавзӯи «Бенамакгардонии электрохимиявӣ» маърӯза намуд. Дар маърӯза равишҳои муосири электрохимиявии тоза ва ширинкунии об мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки дар шароити афзоиши талабот ба оби тоза ва ҷустуҷӯи технологияҳои каммасрафи энергетикӣ аҳамияти хос доранд. Ин самти таҳқиқот дар пайванди таҳқиқоти бунёдӣ ва технологияҳои амалӣ қарор дошта, барои ҳалли масъалаҳои марбут ба захираҳои обӣ ва рушди устувор аҳамияти муҳим дорад.
Баромади директори Институти физикаю техникаи ба номи С.А. Азимови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Олимов Хусниддин Косимович низ таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Дар ҷараёни баромади худ ӯ оид ба сохтори институт, самтҳои асосии фаъолияти илмии он, таҳқиқоти гузаронидашаванда ва вазифаҳои афзалиятноки воҳидҳои илмӣ маълумот пешниҳод намуд. Ба рушди таҳқиқот дар соҳаҳои физикаи энергияи баланд, физикаи ядроӣ, физикаи зарраҳои элементарӣ ва дигар самтҳои мубрами физикаи муосир таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови АМИТ Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон бо маърӯзаи пленарӣ дар мавзӯи «Назарияи статистикии гармигузаронии анизотропии моеъҳои магнитӣ» баромад намуд. Маърӯза ба омӯзиши хусусиятҳои физикии моеъҳои магнитӣ ва рушди равишҳои статистикӣ-физикӣ барои таҳқиқи гармигузаронии онҳо бахшида шуда буд.
Дар барномаи конференсия бахши махсуси «Ба ёди олим» ҷойгоҳи хос дошт, ки ба хотираи неки академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов бахшида шуд. Иштирокчиён саҳми барҷастаи ӯро дар рушди илми физикаи ватанӣ, ташкили фаъолияти илмӣ ва тарбияи насли нави муҳаққиқон таъкид намуданд. Мероси илмӣ, ғояҳо, корҳои илмӣ ва мактаби илмии таъсисдодаи академик имрӯз низ дар фаъолияти шогирдон, ҳамкорон ва пайравони ӯ идома доранд.
Дар бахши ёдбудии конференсия наздикон, ҳамкорон ва шогирдони академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов хотираҳо ва суханони сипосгузории худро баён намуданд. Дар ин чорабинӣ инчунин хоҳари академик Райҳон Ҳалимовна Муминова иштирок намуд, ки аз ҷониби ташкилкунандагон ва иштирокчиёни конференсия самимона истиқбол ва барои ширкат дар ин чорабинии хотирмон изҳори сипос карда шуд.
Баргузории Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ «Назарияи муосири солитонҳо ва системаҳои динамикии ғайрихаттӣ» як рӯйдоди муҳими илмӣ буда, ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, табодули натиҷаҳои таҳқиқот ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни олимони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Чин ва дигар марказҳои илмӣ мусоидат намуд.
Чунин чорабиниҳои илмӣ барои муҳокимаи масъалаҳои муосири илми бунёдӣ ва амалӣ, ба роҳ мондани робитаҳои нави илмӣ, рушди таҳқиқоти муштарак ва омода намудани мутахассисони ҷавон шароити мусоид фароҳам меоранд. Дар ин раванд ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши муҳим дошта, барои муттаҳид намудани иқтидори илмии муассисаҳои таҳқиқотии кишварҳои гуногун ҷиҳати ҳалли масъалаҳои мубрами илмӣ-техникӣ имконият фароҳам месозанд.
Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон минбаъд низ ба рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ, баргузории конференсияҳои илмӣ, семинарҳо ва дигар чорабиниҳое, ки ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими робитаҳои илмӣ ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ равона шудаанд, мусоидат менамояд.
Конференсияи баргузоргардида қадами дигаре дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди таҳқиқоти муосири физикаю техникӣ буда, ҳамзамон арҷгузорӣ ба хотираи олими барҷаста ва намояндаи мактаби илмии тоҷик академик Ҳикмат Ҳалимович Муминов ба ҳисоб меравад.














