Home Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ”

Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи “Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ”

by usto

4-6 октябри соли 2021 бо ташаббуси Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, баргузории Конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Омилҳои нав дар физикаи ҳолатҳои конденсӣ: интиқоли квантӣ, маводҳои нав ва технологияҳои пешсаф» ба нақша гирифта шудааст. Дар чорабинии мазкур иштироки олимони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷаи дур пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла маърузаҳои олимони хориҷӣ аз кишварҳои ИМА, Итолиё, Изроил, Қазоқистон, Олмон, Озарбойҷон, Туркия, Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Эрон дар назар дошта шудааст. Тибқи нақшаи асосии конференсия муҳокимаи муаммоҳои илмӣ аз ҷумла дар самти падидаҳои топологӣ дар маводҳои хурдмиқёсӣ, нимметалҳои Дирак ва Вейл, оптикаи квантӣ ва нанофотоника, маводҳои нави табдили термоэлектрикии энергия, маводҳои функсионалии хурдмиқёсӣ ва дигар самтҳои ҷадиду мубрами соҳаи физикаю техника баргузор хоҳанд шуд. Бо сабабҳои маҳдудиятҳои пандемӣ олимону мутахассисони хориҷӣ дастовардҳои илмии хешро тариқи маҷозӣ (онлайн) пешниҳод намуда метавонанд.

Бояд зикр намуд, ки конференсияи мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии физикаи назариявии ба номи Абдус Саломи кишвари Итолиё (https://www.ictp.it/) дастгирӣ шудааст. Ёдрас мешавем, ки маркази мазкур таҳти сарпарастии Ташкилоти махсуси СММ оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (UNESCO) ва Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (IAEA) амал намуда, мақсади асосии он – мусоидат намудан ба тараққиёти илм дар кишварҳои рушдкардаистода мебошад.

Институт ҳамчунин ба Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ба нақшаи чорабиниҳои илмӣ ворид намудани конференсияи байналмилалии мазкур ва ба Раёсати Ҷамъияи физикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои машваратҳои муҳими ташкилотӣ ва ҳамдастӣ миннатдории худро баён менамояд.

Дастовардҳои муосири илми ҷаҳонӣ меҳвари асосии рушди ҷомеаи имрӯза ва асоси тараққиёти иқтисодиёт ва баланд баровардани сатҳи иҷтимоии ҳаёти мардуми ҷаҳон мебошанд. Дар кишвари мо тӯли 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ шароитҳои хуб барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таълиму таҳсил аз ҷумла дар самти илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ фароҳам оварда шудаанд. Чорабиниҳои ҳамҷояи илмӣ бо олимону мутахассисони физикдони марказҳои илмии бонуфузи хориҷӣ барои боз ҳам баланд шудани сатҳи таҳқиқоти бунёдии илмӣ дар кишвар ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд муҳим буда, амалан яке аз сарчашмаҳои асосӣ ва ивазнашавандаи ғояҳои созандаи рушди интенсивии илму истеҳсолот ва иқтисодиёти ҷаҳони имрӯза мебошанд.

СОҲА ВА МАҚСАДҲО
Конференсияи байналмилалӣ, ки тариқи онлайн (барои иштирокчиёни хориҷӣ) баргузор мегардад соҳаҳои муҳимтарини физикаи ҳолатҳои конденсиро дар бар мегирад, ки айни замон фаъолона омӯхта мешаванд ва доираи васеи масъалаҳоро дар бар мегирад, аз ҷумла падидаҳои топологӣ, назарияи нимметалҳо, муаммоҳои оптикаи квантӣ ва нанофотоника, шабакаҳои квантӣ, табдили энергияи термоэлектрикӣ, маводи функсионалии хурдандоза, ҳисобҳои назариявии сохтори электронии маводҳои нав, спинтроникаи фавқулноқилӣ, гирбодҳои дученаи топологӣ. Ҳадафи конференсия тарғибу ташфиқи донишҳои нави соҳаи физикаю техника, ғояҳо ва натиҷаҳои нав, муаммоҳо ва дурнамои соҳа бо таваҷҷӯҳи махсус ба технологияҳои пешрафтаи илмӣ мебошад. Ҳадафи мазкур тавассути пешниҳоди гузоришҳои коршиносони машҳури ҷаҳон дар мавзӯъҳои дар боло зикршуда, бахусус барои пажӯҳишгарони ҷавони кишвар – магистрантҳо, докторантҳо, муҳаққиқон, инчунин ҳамаи хоҳишмандон ва иштирокчиёни конференсия, ки дар соҳаҳои гуногуни физикаи ҳолатҳои конденсӣ фаъолият мебаранд амалӣ хоҳад шуд.
МАВЗӮЪҲО
Мавзӯъҳои маърӯзаҳои конференсия, ки аз ҷониби устодони даъватшуда фаро гирифта мешаванд, ба масъалаҳои мубрами физикаи ҳолатҳои конденсӣ ва татбиқи он дар технологияҳои квантӣ, маводҳои нави функсионалӣ ва коркардҳои пешсафи илмӣ бахшида шудаанд.
Лексияҳо ва мубоҳисаҳои кӯтоҳ ба мавзӯъҳои зерин бахшида мешаванд:
– падидаҳои топологӣ дар маводҳои хурдандоза;
– фавқулноқилияти Дирак;
– оптикаи квантӣ ва нанофотоника;
– маводҳои нав барои табдили термоэлектрикии энергия;
– маводҳои функсионалии хурдандоза;
– шабакаҳои квантӣ ва татбиқи онҳо;
– динамикаи наномагнит, ки бо гузариши дарози Ҷозефсон алоқаманд аст;
– тадқиқи хосиятҳои электронӣ, геометрӣ ва чандирии люминофорҳои сурх.
ОЛИМОНИ ДАЪВАТШУДА*
Giulio Casati (University of Insubria, Italy) – confirmed
– Riccardo Adami (Politecnico di Torino, Italy)
Iman Askerbeyli (Ankara University, Turkey) – confirmed
Anastasios Bountis (P.G. Demidov Yaroslavl State University, Yaroslavl, Russia) – confirmed
– Reinhold Egger (Heinrich-Heine-Universitat Dusseldorf, Germany)
Yuval Gefen (Weizmann Institute of Science, Israel) – confirmed
Makhsud I. Saidaminov (Chemistry, ECE & CAMTEC, University of Victoria, Canada) – confirmed
– Elchin Jafarov (Institute of Physics, Azerbaijan National Academy of Sciences, Azerbaijan)
Ali Rezakhani (Sharif University of Technology and Institute for Research in Fundamental Science (IPM), Iran) – confirmed
Vahid Karimipoor (Sharif University of Technology, Iran) – confirmed
Seyed Akbar Jafari (Sharif University of Technology, Iran) – confirmed
– Andrei Kolovski (L.V. Kirensky Institute of Physics, Russia)
Aikaterini Mandilara (Nazarbaev University, Kazakhstan) – confirmed
Davron Matrasulov (Turin Polytechnic university  in Tashkent, Uzbekistan) – confirmed
Farhan Saif (University of Ulm, Germany) – confirmed
Vittorio Peano (Max Planck Institute for the Science of Light, Germany) – confirmed
– Jambul Yusupov   (Yeoju Technical Institute in Tashkent, Uzbekistan)
Tagoymurod Kh. Salikhov (Research Institute of the Tajik National University, Tajikistan) – confirmed
Ilhom Rahmonov (Joint Institute for Nuclear Research, Russia) – confirmed
Sabur Abdullaev (S.U.Umarov Physical–Technical Institute of the NAST, Tajikistan) – confirmed
Neslihan Akcay (Baskent University, Ankara, Turkey) – confirmed
Mehrdod Subhoni (S.U.Umarov Physical–Technical Institute of the NAST, Tajikistan) – confirmed
   
* Мукаммал мегардад
МАВЗӮИ БАРОМАДҲО (даъватшуда) *
Critical temperature and plasmon spectrum of Dirac superconductors: the case of graphene monolayer on substrate (Iman Askerbeyli)
Energy Transport in 1-Dimensional Models of Engineering Materials (Anastasios Bountis)
Heat control, Onsager relations and efficiency of thermal machines (Giulio Casati)
Anyonic interferometry in quantum Hall phases (Yuval Gefen)
Simulation of a simple spin system on the IBM Quantum Computer (Vahid Karimipoor)
Spacetime structures in solid state physics (Seyed Akbar Jafari)
Multimode waveguides: a way for coherent and non-dispersive propagation (Aikaterini Mandilara)
Predicting band structures and topological invariants using deep learning (Vittorio Peano)
Resonance features of the DC-SQUID with the Phi-0 junctions (Ilhom Rahmonov)
Correlation Picture for Dynamics of Open Quantum Systems (Ali Rezakhani)
Novel Materials for Solar Energy (Makhsud I. Saidaminov)
From Anderson localization to dynamical localization: Cold atoms in driven Systems (Farhan Saif)
Theory of the photoacoustic effect with superfluid solution 3He-4He (Tagoymurod Kh. Salikhov)
Variations of aerosol optical thickness, water vapor and Ångström parameter over the semi-arid zone of Tajikistan (Sabur Abdullaev)
Emerging Cu2SnS3 Thin Film Photovoltaic Absorbers: Production, Characterization and Device Performance (Neslihan Akcay)
First-principles studies of the electronic, geometrical and elastic properties of Mn4+ doped А2XY6 red phosphors (Mehrdod Subhoni)

* Мукаммал мегардад
БАРНОМА
* Мукаммал мегардад
КУМИТАИ ТАДОРУКОТ
Ҳамраисони конференция:
Фарҳод Шокир (ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ, Тоҷикистон), Ҷулио Касати (Донишгоҳи Инсубрия, Итолиё)
Кумитаи маҳаллии тадорукот:
Тағоймурод Салихов (Институти илми-таҳқиқотии ДМТ)
Фитрат Холмуродов (ИФТ)
Сабур Абдуллоев (ИФТ)
Хайём Раҳмонов (ИФТ)
Шавкат Азимов (ИФТ)
Меҳрдод Субҳонӣ (ИФТ)
ПОСТЕР
* Мукаммал мегардад
БАҚАЙДГИРӢ*
Котиботи конференция
E-mail: phti.tajikistan@gmail.com
* Бақайдгирӣ барои маърузачиёне, ки дар барнома қайд нашудаанд.
МАКОНИ БАРГУЗОРӢ
734063, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1. Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Маҷлисгоҳи асосӣ, ошёнаи 3.



АКСҲО
* Мукаммал мегардад
ТОҶИКИСТОН
Видеомавод
https://phti.tj/tj/тоҷикистон-видеомаводҳо/
ДАСТГИРӢ
ТАМОС
Фарҳод Шокир (ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ, Тоҷикистон)
E-mail: farhod0475@gmail.com
Хайём Раҳмонов (ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ, Тоҷикистон)
E-mail: khayom-tj@mail.ru
Котиботи конференсия (ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ, Тоҷикистон)
E-mail: phti.tajikistan@gmail.com