29 ноябри соли ҷорӣ дар Институти Физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи илмии байналмилалии «Илмҳои физикӣ ва техникӣ дар фазои ИДМ: масъалаҳо ва дурнамои рушд» баргузор гардид.
Дар конференсияи мазкур муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур, олимону академикон, меҳмонон аз ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дигар манотиқи ИДМ иштирок доштанд.
Ба кори конференсия директори Институт Зарифзода Афзалшоҳ Қаҳрамон – доктори илмҳои физика ва математика ҳусни оғоз бахшида, сухани муқаддимавиро ба муовини президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Амонзода Илҳом Темур доданд. Ӯ меҳмононро, ки аз дохил ва хориҷи кишвар ташриф оварда буданд, хайрамақдам гуфта аз дастовардҳои Институт ёдовар шуд.
Баъдан, тибқи барномаи конференсия, сухан ба меҳмони олиқадр, профессори кафедраи «Физика»-и Институти муҳандисию технологии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, д.и.ф.м. Ҷумаев Мустақим Рофиевич дода шуд. Профессор Ҷумаев М.Р. минатдории худро ба ташкилкунандагони Конференсия иброз намуда, аз ҷонок намудани ҳамкориҳои илмӣ таъкид намуда, сипас маърӯзаи илмии худро дар мавзуи “Натиҷаҳои нави назарияи релятивии газҳои идеалии классикӣ ва квантӣ” баромад намуд.
Дар рафти баргузории конференсия маърузаҳои худро профессори кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, д.и.ф.м. Солиҳзода Давлат Қувват дар мавзуи “Интенсивияти мавҷҳои парокандашуда дар плазма зери таъсири манбаъҳои худфаъол”, мудири лабораторияи физикаи атмосфераи Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ф.м. Абдуллозода Сабур Фузайл дар мавзуи “Консентратсияи массавии зарраҳои муаллақи РМ2.5 дар атмосфераи шаҳри Душанбе”, академик Ғаниев Изатулло Наврузович дар мавзуи “Хосиятҳои гармидиҳӣ, термодинамикӣ ва электрохимиявии хӯлаи сурбу сурма (ССУЗ) бо металлҳои ишқорӣ” ва дигарон дар қисми пленарӣ баромад намудан.
Дар идомаи конференсия олимону академикони дохилу хориҷ фикрҳои худро баён намуда, оид ба пешрафт ва рушди фанҳои табиию риёзӣ маълумотҳои муфассали саривақтии хешро пешниҳод намуданд.
Сипас бахшҳои конференсия аз рӯи самтҳои ҷудогона дар толорҳои Институт баргузор гардид.