Ҳамкасбони гиромиқадр!
Шуморо барои иштирок дар кори Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалии «Назарияи муосири солитонҳо ва системаҳои динамикии ғайрихаттӣ», бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф ва 60-солагии академик Муминов Ҳ.Ҳ., ки 11-12 сентябри соли 2026 баргузор мегардад, даъват менамоем.
Бахшҳои асосии конференсия
- Назарияи солитонҳо ва системаҳои ғайрихаттӣ
- Физикаи назариявӣ, моделсозии математикӣ
- Физикаи ҳолати конденсӣ, нанотехнологияҳо ва маводҳои нав
- Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
- Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
- Физикаи тиббӣ ва биологӣ
Забони кории конференсия: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ.
Маводҳоро барои конференсия лутфан то 20 августи соли 2026 ба суроғаи электронии phti.tajikistan@gmail.com ирсол намоед.
Макони баргузории конференсия:
ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ, 299/1 – Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Телефонҳо барои тамос:
Р.С. Маҳмадбегов – (+992) 985016660,
М.М. Саидов – (+992) 981019102.
Маълумоти иловагиро аз ин ҷо дастрас карда метавонед.
