27 августи соли 2021 дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Рушд ва дастовардҳои илми физика дар солҳои истиқололият», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор гардид. Дар конференсия олимон ва мутахассисони шинохтаи кишвар маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла дар қисми пленарӣ, маърӯзаҳои доктори илмҳои физикаю математика, академики АМИТ С.Одинаев, доктори илмҳои физикаю математика, узви вобастаи АМИТ Т.Х.Салихова, доктори илмҳои физикаю математика, профессор С.Ф. Абдуллоев, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент А.А.Абдурасулов ва дигар олимон шунида шуд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар тӯли 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони институт зиёда аз 3800 маводи асосии илмӣ, аз ҷумла зиёда аз 120 монография ва 1200 мақолаи илмиро дар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр кардаанд.
Дар маҷмӯъ, дар ин давра зиёда аз 180 ҳуҷҷат оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла беш аз 140 патент ва санадҳои татбиқ, зиёда аз 40 шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии захираҳои иттилоотӣ дар Маркази миллии патенту иттилооти кишвар ва дар Хадамоти федералии моликияти зеҳнии “Роспатент” -и Федератсияи Русия ба қайд гирифта шудаанд. Рушди илм ва таҳқиқоти сатҳи баланд танҳо дар замони осоишта ва волоияти қонуну тартибот имконпазир аст, ки ин неъматҳои бебаҳо дар кишвари мо таъмин карда шудааст ва барои таҳсилу таълим ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ҳама шароит мавҷуд аст.