Home Uncategorized КОРОМӮЗИИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ дар марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ

КОРОМӮЗИИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ дар марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ

by usto
КОРОМӮЗИИ ОЛИМОНИ ҶАВОНИ Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ дар марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ

Яке аз роҳҳои омода намудани мутахассисони ҷавон ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо марказҳои илмии кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдкарда мебошад. Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин раванд бо як қатор муассисаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкориҳои судманди илмиро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла институт солҳои тулонӣ бо Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси ш.Лейпсиг (Олмон) дар самти физикаи атмосфера, аз соли 2018 бо Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио (Ҷопон), аз соли 2021 бо Донишгоҳи ҷазираҳои Балеари Испания ва Донишгоҳи Новаи ш.Лиссабони Португалия дар самти таҳқиқ ва синтези маводҳои функсионалӣ вобаста ба омода намудани кадрҳои ҷавони тоҷик тариқи коромӯзиҳо ва таҳқиқоти илмии ҳамҷоя ҳамкорӣ менамояд.

Дар ин раванд, айни замон як нафар унвонҷӯ ва як нафар олими ҷавони институт ба коромӯзии лабораторияи Департаменти илмҳои бунёдӣ ва муҳандисии Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио дар самти омӯзиши таҷрибавии синтези маводи функсионалӣ сафарбар шуда, як нафар унвонҷӯ дар Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси Олмон дар коромӯзии таҳқиқи таркиб ва равандҳои атмосферӣ қарор дорад.

Раванди коромӯзии докторанти соли сеюми институт (Нозиров Д.) дар Институти таҳқиқоти тропосферии ба номи Лейбнитси Олмон

0 comment

Related Articles