Таҷрибаи ҷаҳони имрӯза собит намудааст, ки яке аз масъалаҳои муҳими рушди илм – омода намудани кадрҳои ҷавони баландихтисос мебошад, зеро онҳо ҷузъи меҳварӣ ва муҳаррикони асосии ҷомеаи мутамаддини муосирро ташкил медиҳанд. Аслан, имкониятҳо барои ба таври миқёсан васеъ ва ба таври бунёдӣ боз ҳам афзудани суръати рушди илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ зиёд аст, барои ин танҳо корбарии саҳеҳу мукаммал ва ҷавонони боинтизому лаёқатманд лозим мебошанд. Масъалаи ташкил намудани дастгирии чунин равандҳо бошад, ҳалшаванда аст, агар шартҳои номбаршуда амалӣ гарданд, яъне – тавассути ба роҳ мондани ҳамкории саҳеҳу самаранок бо марказҳои бонуфузи кишварҳои ҷаҳон ва интихобу омода карда тавонистан ҷавонони ҳам аз ҷиҳати тартибу эҳтиром ва ҳам аз ҷиҳати донишу малака масъулиятдошта.
Дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба раванди омода намудани кадрҳои илмии сатҳи баланди байналмилалӣ диққати махсус дода мешавад. Омода намудани кадрҳои соҳаи физикаю техника дар институт бо риояи талаботҳои баланд ба роҳ монда шудааст, оғоз аз мустаҳкам кардани дониш ва малакаҳои базавӣ то ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ, ҳам аз ҷиҳати назарияӣ ва ҳам аз ҷиҳати амалӣ. Ба баробари ин, аз ҷумлаи талаботҳои қатъиро интизоми намунавӣ ва иштирок дар корҳои созандаи ҷамъиятӣ ташкил медиҳад, ки унсурҳои муҳими раванди омода намудани на танҳо олими варзида, балки шахсияти мукаммал низ мебошанд.
Ин буд, ки якчанд соли охир институт бо як қатор марказҳои илмии кишварҳои ҷаҳон ҳамкории дуҷонибаро вобаста ба бурдани таҳқиқоти ҳамҷоя ба роҳ мондааст. Дар ин раванд, шарти асосиро сатҳи ташаккулёбии олимони ҷавон ташкил медиҳад, ки яке аз талаботи калидӣ ва ҳалкунандаи марказҳои илмии ҷаҳонӣ мебошад. Зеро мақсади асосии мароқ зоҳир намудани фондҳои байналмилалӣ ва ҳамкории илмӣ – ҳосил намудани натиҷаҳои илмии дар бозори ҷаҳонии технологияҳои баланд рақобатпазир мебошад. Яъне ҳар як лоиҳаи ҳамкорӣ аз ҷониби фондҳои илмии кишварҳои хориҷӣ танҳо дар он сурат маблағгузорӣ мешавад, агар натиҷаҳои илмии дар ҳақиқат арзишманд ҳосил карда тавонем. Ба даст овардани чунин сатҳи натиҷаҳо бошад танҳо бо иштироки ҷавононе, ки интизоми баланду, иродаи қавӣ ва дониши чуқури муосири соҳа (физикаю техника, риёзиёт, технологияи муосири барномасозӣ) доранд, амалишаванда мебошад.
Айни ҳол 2 нафар аз олимони ҷавони институт дар самти таҳқиқ, оптимизатсия ва синтези нанокомопозитҳои таркибии унсурҳои лавҳаҳои офтобии насли нав дар лабораторияи департаменти илмҳои фундаменталӣ ва Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио, таҳти дастгирӣ ва роҳбарии илмии профессори донишгоҳи мазкур Т.Ямомото дар коромӯзии 20-рӯза қарор доранд.
Ҷопон дар самти рушди нанотехнология ва истеҳсоли маҳсулоти наносаноатӣ кишвари пешсаф дар миқёси ҷаҳон мебошад. Аз ин лиҳоз, омӯхтани таҷрибаи олимону мутахассисони кишвари мазкур барои ҷавонони тоҷик потенсиали бебаҳои амалӣ ва назариявӣ дорад. Ҳоло раванди ҳамкории институт бо донишгоҳи кишвари мазкур рушд ёфта истода, моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ, дар назар дошта шудааст, ки боз 2 нафар олимони ҷавони институт ба лабораторияҳои ин донишгоҳ барои коромӯзии думоҳа ирсол мешаванд.
Раванди коромӯзии унвонҷӯи соли якуми институт (Олимов А.) дар лабораторияи илмии Донишгоҳи Васэдаи ш.Токио