Ташкилоти мустақили байнидавлатии Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА), ки дар сохтори Созмони миллали муттаҳид амал менамояд, пайваста дар самти неки паҳн нашудани силоҳи ҳастаӣ ва татбиқи сулҳҷӯёнаи технологияи ҳастаӣ амал менамояд. Аз ҷониби АБНА ба таври даврӣ нишастҳои фаннӣ ва семинарҳои илмӣ-омӯзишӣ баргузор мегарданд, ки дар он мутахассисон аз кишварҳо-аъзоёни АБНА коромӯзӣ намуда метавонанд.
Дар кишвари соҳибистиқлоли мо, ки узви комилҳуқуқи АБНА мебошад тамоми шароитҳо барои рушди донишҳои илмӣ-техникии ҷавонони фаъолу маорифпарвар фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон якчанд физикдонҳои ҷавон фаъолият мебаранд, ки илова ба бурдани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҳамчунин дар корҳои ҷамъиятӣ фаъол мебошанд. Дар ин радиф иштироки фаъолонаи ҷавонони институтро дар ташкил ва баргузории Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ва машғулиятҳои бахши физикаи Академияи хурди илмҳо қайд намудан мумкин аст. Аз ҷониби худ Ҳукумати кишвар барои чунин ҷавонон, ки нисбати рушди илму маориф бетараф нестанд имкониятҳои коромӯзиро дар марказҳои бонуфузи илмии кишварҳои хориҷӣ фаораҳам меоранд. Ин буд, ки соли ҷорӣ бо дастгирии Ҳукумати кишвар масъули бахши физикаи Академияи хурди илмҳо, аъзои котиботи техникии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” ходими илмии Маркази байналмилалии таҳқиқоти физикӣ-ядроии институт Одинаев С.Ф. давоми санаҳои 02-15 июл дар Маркази байналмилалии Венаи кишвари Австрия дар самти баланд баровардани малакаҳои техникӣ дар робита ба татбиқи кафолатҳо дар иншооти ҳастаӣ ва ғанӣ гардонидани донишҳо дар татбиқи осоиштаи технологияи ҳастаӣ ва татбиқи онҳо дар давлатҳои худ коромӯзӣ намуд. Аз ҷумла, дар соҳаҳои зерин бевосита таҷрибаҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд:
- асосхои физика ва техникаи ядроӣ;
- хусусиятҳои радиатсионӣ ва ҳифзи радиатсионӣ;
- физикаи реакторҳо, физикаи саломатӣ ва радиохимия;
- хусусиятҳои кори иншоотҳои ядрой.
Иштирок дар чорабиниҳои мазкур барои омода намудани кадрҳои ватанӣ дар самти истифодабарии сулҳҷӯёнаи технологияҳои ҳастаӣ ва ба давлати дорои технологияҳои сатҳи баланди илмӣ табдил додани кишвар асоси бунёдӣ мегузорад.