Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз санаи 21 декабри соли 2021
Фарҳод Шокир
Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Санаи 21 декабри соли 2021 дар Паёми Сарвари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат барои давраҳои оянда муайян карда шуда, вобаста ба пешрафти соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, энергетика ва дигар масаъалаҳои мубрами кишвар вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд.
Аз ҷумла қайд шуд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардидааст ва Ҳукуати кишвар ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа дода истодаанд.
Дар ҳақиқат таҳти роҳбарӣ ва сиёсати маорифпарваронаи сарвари кишвар як қатор иқдомҳои муҳим дар ин самт амалӣ шуда истодаанд, аз ҷумла аз иқдомҳои солҳои охир – эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», таъсиси муассисаи давлатии телевизиони «Илм ва табиат», таъсиси Озмуни ҳамасолаи ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ва озмунҳои дигар, зиёд шудани маоши кормандони илмӣ ва мисоли инҳо иқдомҳои созандае мебошанд, ки аз онҳо на танҳо аҳли илм, балки кулли мардуми олими тоҷик қаноатманд мебошанд.
Дар ин самт, бояд қайд намоем, ки аз давраи пайдоиши аввалин ҷомеаҳои инсонӣ донишҳои илмӣ ҳамчун ҷузъи асосии таркибӣ ва пешбарандаи тамаддуни инсоният нақши муҳим ва калидиро иҷро намуданд. Таърих собит менамояд, ки дар тамоми давраи тараққиёти инсоният дараҷаи нуфузи ҷомеа ва давлат аз сатҳи рушди илми он вобастагии зиёд дорад ва ин вобастагӣ махсусан дар асри XX ва бештар дар асри XXI аён гаштааст.
Агар ба кашфиётҳои бузурги асри XX назар намоем, бевосита дидан мумкин аст, ки онҳо натиҷаи таҳқиқоти маҳз илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва илмҳои ба онҳо ҳамҷоя мебошанд. Аз ҷумла – назарияи квантии Планк, ки солҳои 1920 ба механикаи квантӣ табдил ёфт; кашфи афканишоти рентгенӣ, ки тибби муосирро бе он тасаввур кардан мумкин нест; назарияи нисбияти Эйнштейн, ки ба шарҳ ниёз надорад; ихтирои радиотелеграф, ки тавассути он махсусан садҳо ва ҳазорҳо нафар баҳрнавардон наҷот ёфтанд; кашфи пенитсиллин, ки аввалин маводи зиддимикробии самаранок дар таърихи инсоният аст; мавҷҳои Де Бройль, ки имконият доданд, аз ҷумла дифраксияи электронҳо ва нейтронҳоро шарҳ дода шавад; кашфи сохтори спирали нави КДН; модели сайёравии атом (Резерфорд); ихтирои транзисторҳо, ки аз он рушди бесобиқаи технологияи компютерӣ оғоз ёфт; аввалин парвози инсон ба коинот; кашфи фуллерен; кашфи вартаҳои сиёҳ; назарияи таркиши бузург; ихтирои голография; коркарди инсулин; таснифи гурӯҳҳои хун; назарияи математикии иттилоот; ихтироъи нейлон; кашфи ҳуҷайраҳои бунёдӣ ва ғ.
Дар ду даҳсолаи аввали асри XXI бошад сатҳ ва дараҷаи таҳқиқоти бунёдӣ ба маротибҳо мукаммалтар гаштанд. Аз ҷумла – аввалин маротиба ба комета фуруд омадани таҷҳизоти кайҳонӣ; таҳияи харитаи мукаммалу муфассали эпигеноми одам; коркарди аввалин КДН-и синтетикӣ; аввалин маротиба ба даст овардани акси вартаи сиёҳ; коркард ва парвози аввалин киштиҳои кайҳонии хусусӣ; рушди тавоноии зеҳни сунъӣ; коркарди аввалин компютери квантии мукаммал; аввалин маротиба ба қайд гирифтани мавҷҳои гравитатсионӣ; коркарди аввалин ваксинаи самаранок аз бемории малярия; коркарди аввалин ваксинаи таъсирбахш аз бемории Эбола; ба сатҳи нав баромадани муҳандисии генӣ; исботи теоремаи Пуанкаре; ифшои ҳодисаи телепортатсияи квантӣ; тасдиқи мавҷудияти графен; исботи мавҷудияти плазмаи кваркӣ-глюонӣ дар физикаи зарраҳои элементарӣ; ба қайд гирифта шудани бозони Хиггс; коркарди аввалин дили пурра автономии сунъӣ; коркарди аввалин ваксинаҳои таъсирбахш аз бемории Ковид-19; ба таври интенсивӣ шурӯъ шудани таҳқиқоти бевоситаи сайёраи Миррих; ба кайҳон фиристодани телескопҳои тавоно барои таҳқиқи экзосайёраҳо ва ғ.
Яъне маҳз дар асоси кашфиёту дастовардҳо ва коркардҳову ихтирооти соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инсоният тавонист донишҳои илмиро ҳамчун ганҷи бебаҳо насл ба насл ҳифз ва сарҷамъ намуда, аз муҳити ибтидоӣ то ба сатҳи кайҳон барояд. Бинобар он, иқдомҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар вобаста ба дастгирии самти илму маориф бениҳоят саривақтӣ нисбати талаботҳои муосири ҷаҳони имрӯза мебошанд.
Дар Паёми Сарвари давлат ҳамчунин яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ – масъалаи энергетикӣ баррасӣ гардид. Аз ҷумла қайд карда шуд, ки дар кишвар 98 фоизи нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршавандаи энергия, яъне асосан бо истифода аз нерӯи об истеҳсол гардида, Тоҷикистон аз рӯи фоизи истеҳсоли «энергияи сабз» шашум кишвари пешсафи сайёра мебошад.
Вобаста ба масири рушди соҳаи энерегетикаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари илми физика қайд кардан мумкин аст, ки ҳанӯз дар нимаи якуми асри XX ҳалли амалии масъалаи энергетикӣ ҳамчун масъалаи бо сузишворӣ ва энергия таъмин намудани инсоният дар натиҷаи таҳқиқоти соҳаи физикаи ядроӣ имконпазир гардид. Сухан оид ба кашф шудани нейтрон (соли 1932) ва ҳодисаи тақсимшавии ядрои уран (соли 1939) меравад, ки дар асоси онҳо инсоният аввалин маротиба ба энергияи ядроӣ дастрасӣ пайдо намуд. Ин кашфиётҳо ба пайдоиш ва рушди энергетикаи атомӣ асоси илмӣ гузоштанд, ки дорои як қатор афзалиятҳо мебошад, аз ҷумла – энергоғунҷоиши бузурги сӯзишвории истифодашаванда, имконияти истифодаи такрории сӯзишворӣ (пас аз барқароршавӣ) ва ҳосил нашудани газҳои гулхонаӣ. Дар ҳақиқат, энергияи аз истифодаи як килограмм уран (то 4% ғанишуда) ҳосилшуда, баробар ба энергияи тақрибан 100 тонна ангишт ё 60 тонна нафт мебошад [1]. Ин танҳо як мисоле буд, аз самараи бузурги натиҷаҳои татбиқи дастовардҳои илми физика, ки дар асри XX тамаддуни инсониятро ба сатҳи нави рушди саноатӣ баровардааст.
Вале бо сабабҳои баланд шудани сатҳи талаботу кафолат нисбати бехатарӣ ва мубрам шудани масъалаҳои экологӣ, тозагии иқлиму атмосфера, асри XXI асри ғолибияти энергетикаи таҷдидшаванда хоҳад буд. Чӣ тавре, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар доимо таъкид мешавад, дар ҷаҳони муосир масъалаи истеъмоли энергия хеле мубрам аст. Таҷдиднашаванда будани захираҳои нафт, газ ва ангишт кишварҳои ҷаҳонро водор мекунад, ки дар бораи истифодаи манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ, аз қабили шамол, нури офтоб ва гармии замин чораҷӯӣ намоянд. Ҳоло манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар сохтори саноати ҷаҳонии энергетикӣ мунтазам энергияи атомиро иваз карда истодаанд. Баъзе садамаҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии давлатҳои ҷаҳон аксарияти кишварҳоро водор намуд, ки аз рушди энергияи атомӣ даст кашанд. Аз ҷониби дигар, тибқи арзёбии коршиносон энергетикаи ҳастаӣ айни замон гаронарзиштарин технология мебошад. Бинобар он, масалан, соли 2020 ба технологияи сол аз сол арзоншавандаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия сармояи хеле зиёд равона шудааст, ки дар таърихи соҳа қайд нашуда буд. Ин аст, ки солҳои охир манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия дар саросари ҷаҳон назар ба истгоҳҳои ҳастаӣ бештар нерӯи барқ истеҳсол карданд. Масалан, соли 2020 манбаъҳои таҷдидшаванда зиёда аз 80% афзоиши ҳаҷми умумии нерӯи барқро дар ҷаҳон ташкил доданд, аз ҷумла 260 ГВт иқтидорҳои нав дар асоси манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия ба кор андохта шуданд, ки қариб нисфи он аз ҳисоби энергияи офтобӣ мебошад. Соли 2020 соли самаранок нисбати энергияи шамол низ буд, аз ҷумла 93 ГВт нерӯгоҳҳои барқии бодӣ ба кор андохта шуданд ва тибқи пешгӯиҳо, дар панҷ соли оянда дар ҷаҳон иқтидори иловагии тақрибан 470 ГВт нерӯи шамол ба кор андохта мешавад [2].
Кишвари мо низ дар самти энерегиткаи сабз иқдомҳои созандаро роҳандозӣ карда истодааст ва чӣ тавре, ки аз ҷониби сарвари кишвар қайд карда шуд, дар ин самт асосноккунии 3 лоиҳа бо иқтидори умумии 260 мегаватт оғоз гардидааст, ки дар панҷ соли оянда татбиқ карда мешаванд.
Дар интиҳо, қайд менамоем, ки яке аз хосиятҳои фарқкунандаи асри XXI – шитоби равандҳои ҷаҳонишавӣ мебошад. Сатҳи муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи илм дар давоми даҳсолаҳои охир то он дараҷа афзудааст, ки маҷмӯи мактабҳои миллии илмӣ мунтазам ба фазои ягонаи илмии ҷаҳонӣ табдил ёфта истодаанд. Ин реалияти объективӣ аст, ки аз ҳар яке аз шаҳрванди ҷомеаи имрӯза масъулияти махсусро нисбати таълиму донишандӯзӣ талаб менамояд. Бинобар он, бояд тамоми неруи зеҳнии мардуми бофарҳангу соҳибилми кишвар барои амалӣ намудани иқдомҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар равона гарданд. Зеро ҷомеае, ки ба омӯзиши илм диққати зарурӣ намедиҳад ва таҳқиқоти илмиро дастгирӣ намекунад, дар шароити ҷаҳонишавии махсусан асри XXI ба монанди сарбозе, ки ҷавшан надорад, осебпазир ва дар канори майдони рақобату чолишҳо, муваффиқияту дастовардҳо ва рушду комёбиҳо мемонад.
Манбаъҳои истифодашуда
- Об атомной энергии. Атомэнергопром. Росатом. http://atomenergoprom.ru/nuclear/.
- Прогноз преобразования мировой энергетической системы. https://www.irena.org/.