Home Uncategorized Муаррифии дастовардҳои институт барои муҳассилони Мактаби байналмилалии Душанбе

Муаррифии дастовардҳои институт барои муҳассилони Мактаби байналмилалии Душанбе

by usto
Муаррифии дастовардҳои институт барои муҳассилони Мактаби байналмилалии Душанбе

Санаи 12 октябри соли 2023 дар асоси дархости шуъбаи Вазорати корҳои хориҷӣ ва мувофиқа бо Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ муаррифии раванди таҳқиқот ва дастовардҳои институт барои муҳассилони синфҳои 10 ва 11-и Мактаби байналмилалии Душанбе баргузор гардид.

Чорабинии мазкур дар чаҳорчубаи эълон шудани солҳои 2020-2040 ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, бо мақсади баланд баровардани тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии насли наврас, аз ҷумла дар соҳаи физикаю техника амалӣ карда шуд. Мавзуи интихобшуда – шиносоӣ бо таҳқиқоти Маркази байналмилалаии таҳқиқоти физикӣ-ядроии институт, аз ҷумла реактори ядроии таҳқиқотии «Аргус-ФТИ» буд, ки яке аз нодиртарин дастгоҳи илмии соҳа ба ҳисоб меравад.

Ёдрас мешавем, ки  бунёди маркази ядрои-таҳлилӣ дар асоси манбаъи тавонои афканишот – реактори «Аргус-ФТИ» ба таъмин намудани ҳаҷми калони таҳқиқотҳои аналитикӣ рабт дорад, ки барои соҳаҳои гуногуни илм ва хоҷагии халқи кишвар зарур мебошанд. Реактори «Аргус-ФТИ» дар институт интиҳои солҳои 80-уми асри XX насб карда шудааст. Реактор имконият медиҳад, ки селҳои нейтронии зичиашон нисбатан баланд (то 7х1011 см2с-1) ба даст оварда шаванд, ки ин истифодабарии реакторро барои мақсадҳои таҳлили активатсионӣ, ба даст овардани изотопҳои кутоҳмуддат ва ғ. самаранок мегардонад. Бо баробари ин реактори «Аргус-ФТИ» таҷҳизоти оддӣ ва мӯътамад буда, бо тавоноии на он қадар калон бехатарии кафолатшуда, шароити мусоиди истифодабарӣ ва арзиши дастраси истифодабариро таъмин менамояд.

Лаҳзаҳо аз ҷараёни ташрифи муҳассилон ба институт:

0 comment

Related Articles