Home НУКТАҲОИ АСОСӢ

НУКТАҲОИ АСОСӢ

by usto

аз фаъолияти Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
дар соли 2020

Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (минбаъд – Институт) соли 1964 бо мақсади рушди ҳаматарафаи таҳқиқоти физикӣ-техникӣ дар кишвар, ҳалли масъалаҳои мубрами бунёдии илмӣ ва амалӣ, коркарду татбиқи технологияҳои нав, омода намудани кадрҳои илмии соҳаи физикаю математика ва техника таъсис дода шудааст. Аз соли таъсисёбӣ инҷониб Институт дар самтҳои – усулҳои ядроӣ-физикии таҳқиқот, нурҳои кайҳонӣ ва физикаи энергияҳои фавқулбаланд, физикаи нимноқилҳо, физикаи ҳолатҳои конденсӣ дар ҳароратҳои паст, спектроскопия, оптикаи когерентии ғайрихаттӣ (электроникаи квантӣ), акустикаи физикӣ, равандҳои физикӣ дар атмосфера, моделсозии компютерии равандҳои физикӣ ва маводҳои инноватсионӣ, манбаъҳои таҷдидпазири энергия, таҳқиқи сохтори кристаллҳо ва ғ. фаъолият бурда истодааст.

Дар соли 2020 дар лабораторияҳои Институт корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ аз руйи самтҳои зерин ба роҳ монда шуданд:

  • Коркарди нанотехнологияи ҳосил кардани сохторҳои ҷавфӣ дар асоси нимноқилҳои пайвастагиҳои InP ва InGaPAs ва тадқиқи сатҳи нурафканиш.
  • Бо аэрозол олудагии атмосфера: ғафсии оптикии аэрозоли атмосфера дар соҳаи ултрабунафш, соҳаи нури намоён ва инфрасурхи наздик; буғи об ва параметри Ангстрем.
  • Коркарди маводҳо, сохторҳо ва системаҳо бо мақсади истифодаи комплексии захираҳои барқароршавандаи энергия.
  • Хусусиятҳои интиқол, такшониш ва ҷамъшавии радионуклидҳои техногенӣ дар объектҳои муҳити зист дар шароити куҳистони баланди Тоҷикистон.
  • Таҳқиқоти таъсири факторҳои антропогенӣ ба хосиятҳои спектроскопии гиёҳҳои шифобахш.
  • Кор карда баромадани монокристаллҳои функсионалӣ, маводҳои наносохторӣ ва наносистемаҳо барои техникаи электронӣ ва таҳқиқи таҷрибавӣ ва назариявии онҳо.

Дар қатори корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Институт ҳамчунин раванди тайёр кардани мутахассисони илмӣ низ дар докторантура (PhD), дар самти 6D060400 иборат аз 23 ихтисоси физикӣ ва магистратураи назди Институт аз руйи ихтисосҳои

  • Физикаи ҷисмҳои сахт;
  • Микроэлектроника;
  • Физикаи назариявӣ;

ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи нақшаи таълимии Академияи хурди илмҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – аъзоёни бахши “Физика”-и Академияи хурди илмҳо бо машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ фаро гирифта шудаанд. Кулли самтҳои фаъолияти Институтро зиёд ва тӯлонӣ шарҳ додан мумкин аст, вале барои ҳосил намудани тасаввуроти умумӣ оид ба равандҳои фаъолият, натиҷаҳо ва дастовардҳои Институт маълумотҳоро дар шакли мухтасар меорем.

Фаъолияи Институт дар соли 2020:
НАТИҶАҲО ВА ДАСТОВАРДҲО

1). Нашри натиҷаҳои илмӣ. Соли 2020 аз ҷониби олимону мутахассисони Институт зиёд аз 185 мақолаи илмӣ ва фишурдаҳои мақолаҳо ба нашр расонида шуд, ки аз онҳо зиёда аз 25 адад мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои бонуфузи хориҷи кишвар дарҷ гаштанд.

2). Нашри китобҳо. Ҳамчунин аз ҷониби кормандони Институт дар соли ҷорӣ 3 китоби таълимӣ таҳия ва ба нашр супорида шуд, ки аз онҳо 2 адад ба забони миллӣ ва як адад ба забони русӣ омода шудаанд:

 «Маълумотнома аз физика», 159 с.
 «Системаи автоматии идоракунии алоқа ва хабардоркунӣ», 260 с.
 «Возобновляемые источники энергии в республике Таджикистан. Исследование энергетических характеристик фотоэлектрического преобразователя солнечной энергии», 148 стр.

3). Тарғиби илмомӯзӣ. Кормандони Институт дар соли ҷорӣ баҳри тарғибу ташфиқи омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ дар зиёда аз 20 барномаҳои телевизион ва радио иштирок намуданд ва зиёда аз 35 мақолаҳои илмӣ-оммавии онҳо дар расонаҳои ВАО нашр шуд.

4). Конференсияи байналмилалӣ. Санаҳои 9-10 октябри соли 2020 бо ташаббуси Институт дар ш. Душанбе Конференсияи VII байналмилалӣ оид ба «Масъалаҳои муосири физика» баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 30 нафар олимони хориҷӣ тариқи онлайн-алоқа баромад намуданд. Конференсияи мазкур дар 5 бахш доир ба самтҳои зерин баргузор гардид:

 Физикаи назариявӣ, системаҳои динамикӣ
 Муҳитҳои конденсӣ, нанотехнологияҳо ва маводҳои нав
 Масъалаҳои энергетикаи таҷдидпазир ва ғайрианъанавӣ
 Нурҳои кайҳонӣ, физикаи ядроӣ ва технологияҳо
 Физикаи атмосфера, тағйирёбии иқлим ва масъалаҳои об
 Физикаи тиббӣ.

Дар раванди кори конференсия зиёда аз 100 баромадҳо шунида шуданд, ки аз он зиёда аз 30 фисадро маводҳои олимони хориҷӣ ташкил доданд. Дар конференсия аз ҷумла аз кишварҳои ИМА, Ҷопон, Федератсияи Россия, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Белоруссия тариқи технологияи онлайн маърӯзаҳои худро пешниҳод намуданд.

5). Конференсияи байналмилалии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон. Соли ҷорӣ, дар раванди кори Конференсияи байналмилалии “Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии миёни ӯзбекону тоҷикон”, ки 14-15 сентябри соли 2020 дар ш.Душанбе баргузор гардид, байни Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ ба имзо расид, ки ба роҳ мондани таҳқиқоти илмии ҳамҷояро дар самтҳои афзалиятнок ва барои рушди кишварҳои ҷонибҳо муфид пешбинӣ менамояд, аз ҷумла дар самти физикаи ядроӣ, физикаи назариявӣ, физикаи ҳолатҳои конденсӣ, оптика, электроникаи квантӣ, муаммоҳои физикӣ-техникии энергетика, татбиқи методҳои таҳқиқоти физикӣ дар соҳаи тиб, методҳои ядроӣ-физикии таҳқиқот, физикаи нурҳои кайҳонӣ ва энергияҳои фавқулбаланд, физикаи нимноқилҳо, шаклбандӣ ва сохтори кристаллҳо, физикаи сегнетоэлектрикҳо ва диэлектрикҳо, спектроскопия.

Оид ба оғози ҳамкории мазкур ахборот дар расонаҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ маълумот бо забони тоҷикӣ нашр шуд:
 Созишномаи ҳамкории илмӣ ба имзо расид // Рӯзномаи “Овози тоҷик” дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Санаи нашр 22.09.2020 (https://ovozitojik.uz/news/view?id=4265).

6). Олимпиадаҳои фаннӣ. Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои физикӣ ва техникӣ аз ҷониби Институт 2 олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ ташкил карда ва гузаронида шуд.


6.1. Ҳамин тавр санаи 12-уми марти соли 2020 олимпиадаи донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанни физика барои дарёфти “Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон” дар соли хониши 2019-2020 баргузор гардид. Дар он 23 нафар донишҷўён иштирок доштанд, аз ҷумла 7 нафар дар бахши физикаи тахассусӣ ва 16 нафар дар бахши ғайритахассусӣ. Дар олимпиада 15 нафар аз Донишгоҳҳои ш. Душанбе, 3 нафар аз Донишгоҳҳои вилояти Суғд ва 5 нафар аз Донишгоҳҳои вилояти Хатлон ширкат варзиданд. Аз рӯи натиҷаи ҷавобҳои иштирокчиёни олимпиада комиссия ба хулосаи зерин омад:

 дар бахши тахассусӣ: ҷойи 1-ум Холов Ю.Б. –донишҷӯи соли 1-уми ДДТ; ҷойи 2-юм Матробиён Н.С. – донишҷӯи соли 1-уми ДСРТ. Ҷойи 3-юм насиби донишҷӯёни зерин шуд: Илёсов Ш. – донишҷӯи соли 5-уми ДДҚ ба номи Н. Хусрав, Холов К.- донишҷӯи соли 5-уми ДДОТ ба номи С.Айнӣ.
 дар бахши ғайритахассусӣ: ҷойи 1 – Қурбонали Ҷ.- донишҷӯи соли 5-уми ДТХ; ҷойи 2 – Тураев У.- донишҷӯи соли 1-уми ДТТ ба номи академик М.Осимӣ. Ҷойи 3-юм насиби донишҷӯёни зерин шуд: Азимов У.- донишҷӯи соли 1-уми ДДТТ ба номи А.Сино, Юсупов И.- донишҷӯи соли 1-уми ДТТ ба номи академик М.Осимӣ.

6.2. Санаҳои 12-13 ноябри 2020 сол олимпиадаи толибилмони литсейҳо, гимназияҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни физика барои дарёфти «Ҷоми Академияи милии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид. Дар олимпиада 39 нафар хонандагон иштирок намуданд. Аз рӯи натиҷаи ҷавобҳои иштирокчиёни олимпиада комиссия ба хулосаи зерин омад:

 дар байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ: ҷойи 1-ум – Тоҷиддинзода Х.- хонандаи синфи 11-и мактаби №42; ҷойи 2-юм – Хуршедаи И.- хонандаи синфи 10-и мактаби №66. Ҷойи 3-юм насиби толибилмони зерин шуд: Рустамзода М.- хонандаи синфи 11-и мактаби №29; Шоимов Ш.- хонандаи синфи 10-и мактаби №55.
 дар байни толибилмони литсейҳо ва гимназияҳо: ҷои 1-ум – Юсупов А.- хонандаи синфи 11-и литсей барои хонандагони болаёқат; ҷойи 2-юм – Қаландаров Д.- хонандаи синфи 10-и литсей барои хонандаи болаёқат. Ҷойи 3-юм насиби толибилмони зерин шуд: Дустов С. – хонандаи синфи 11-и литсейи филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносов; Нурублоева Ш.- хонандаи синфи 10-и литсейи филиали ДДМ ба номи М.В.Ломоносов.

7). Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ. Институт бо як қатор муассисаҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ менамояд, аз ҷумла:
 бо Институти муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ (ш. Дубна, ФР), ИИТФҲ (НИИЯФ) ба номи Д.В.Скобелтсин;
 Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В.Ломоносов;
 Маркази миллии таҳқиқотии «Курчатовский институт»;
 Институти муҳандисию физикии Москва (МИФИ);
 Донишгоҳи россиягии Дустии халқҳо, Руссия (РУДН);
 Донишгоҳи байналмилалии «Дубна»;
 Донишгоҳи давлатии информатика ва радиотехникаи Белорус;
 Донишгоҳи Назарбоев (ш. Остона, Қазоқистон);
 Донишгоҳи миллии Авруосиё ба номи Л.Н. Гумилев (ш. Остона, Қазоқистон);
 Лабораторияи равандҳои атмосфераи Расадхонаи асосии геофизикии ш. Санкт-Петербург;
 Лабораторияи оптикаи аэрозол Институти физикаи атмосфера ба номи А.М. Обухови Академияи илмҳои Россия;
 Маркази имконоти факултаи геоэкологияи Донишгоҳи Давлатии Санкт-Петербург;
 Институти масъалаҳои физикию техникӣ ва маводшиносии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳуруии Қирғизистон;
 ТОО «Маркази илми-техникии тарақиёти хоҷагии манзили коммуналии Қазоқистон»;
 Донишгоҳи таҳқиқотии миллии ба номи С.П. Королёви ш. Самара;
 Институти таҳқиқотҳои тропосферии ба номи Лейбнитс (ш. Лейпциг, Олмон). Дар доираи ёддошти тафоҳум ва шартномаи байни ИФТ ба номи С.У.Умаров ва Институти таҳқиқотҳои тропосферии ба номи Лейбнитс (ш. Лейпциг, Олмон) ба имзо расида, таҳти лоиҳаи Таҷрибаи чангу ғубории осиёимиёнагӣ (Central Asian DUST Experiment –CADEX) таҳқиқотҳои якҷоя идома доранд. Ёдрас менмоем, ки дар асоси ин ҳамкорӣ ба Институт таҷҳизоти гаронарзиши Лидар – яке аз навтарин технологияи таҳқиқи таркиби атмосфера ворид карда шуд, ки дар Осиёи Миёна ягона буда, умуман дар ҷаҳон 6-ум маротиба насб шудааст. Тариқи технологияи мазкур имконияти таҳқиқи дақиқи таркиби атмосфера то ба баландии 44 км пайдо шудааст.
 Донишгоҳи Васедаи Ҷопон. Дар доираи таҳқиқоти сохтори навтаъсиси Институт – кластери ҳисоббарор ҳоло дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Васедаи Ҷопон хисобкуниҳо дар чаҳорчӯбаи самти назарияи функсионали зичӣ идома доранд.
 Коллеҷи илмҳои атмосферии (http://atmoseng.lzu.edu.cn/) Донишгоҳи Ланчжоуи Чин (https://en.lzu.edu.cn/). Бо ин коллеҷ Ҳуҷҷати ҳусни тафоҳум (Memorandum of Understanding) имзо гардидааст, аз соли 2018 инҷониб ҳамкорӣ идорма дорад. Тибқи ин ҳуҷҷат ҳамкориҳо то соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло дар нақша ҳаст, ки боз як лабораторияи муосир тариқи грант аз донишгоҳи мазкур ба Институт дастрас гашта, ба бунгоҳи обуҳавосанҷии Айвоҷ барои омўзиши чангу хок насб карда мешавад.
 Лабораторияи калидии давлатии илмҳои криосферии Институти шимолу-ғарбии экологияи муҳити атроф ва захираҳои Академияи илмҳои Чин, воқеъ дар ш. Ланджоуи Чин. (http://english.nieer.cas.cn/rh/rd/201505/ t20150505_146917.html).
 Агентии байналмилалии неруи атомӣ (АБНА, ш.Вена, Австрия). Институт дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии АБНА ва бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва Раёсати АМИТ пайваста кормандонро барои коромӯзӣ ба муассисаҳои илмии кишварҳои ҷаҳон мефиристад.

8). Оид ба Институти додани мақоми «Ташкилоти базавии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмии соҳаи физикаю техника». Санаҳои 12-13 феврали соли 2020 дар ш. Мински Ҷумҳурии Белоруссия ҷаласаи гурӯҳи экспертӣ вобаста ба созиши лоиҳаҳои муассисаҳои базавии кишварҳо – аъзоёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физика (Институти физикаи ба номи П.Н.Лебедеви АИР (ФИАН)) ва физикаю техника (Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ) дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар интиҳои ҷаласа қарори зерин қабул карда шуд:
 Ҳуҷҷатҳои ҷаласа ба кишварҳо-иштирокчиёни ИДМ барои мувофиқаи дохилии лоиҳаҳои низомномаҳо оид ба муассисаи базавии кишварҳо – аъзоёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физика ва оид ба муассисаи базавии кишварҳо – аъзоёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника, ҳамчунин лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ равона гардад.
 Мувофиқи тартиботи муайяншуда лоиҳаи низомномаҳо оид ба муассисаи базавии кишварҳо – аъзоёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физика ва оид ба муассисаи базавии кишварҳо – аъзоёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника, ҳамчунин лоиҳаи қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ ба муҳокимаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ пешниҳод гардад.

Дар ҳолати ба Институт дода шудани мақоми ташкилоти базавӣ Институт – омоданамоӣ, бозомӯзии касбӣ, баланд баровардани тахассуси кадрҳои илмӣ, мубодилаи иттилоот оид ба таҷриба, инноватсияҳо, таъминоти методии дар ин соҳа истифодашаванда, ҳалли масъалаҳои илмӣ-методӣ, ташкилотӣ, гузаронидани таҳқиқотҳои муштарак, конференсияҳои байналхалқии соҳавӣ ва илмӣ-амалӣ, семинарҳо, симпозиумҳо ва намоишгоҳҳоро дар сатҳи нав ба роҳ монда метавонад. Ҳамчунин ба функсияи ташкилоти базавӣ дохил мешаванд ташхиси лоиҳаҳои санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрии барои қабул дар чаҳорчӯбаи ИДМ баррасишаванда, ки ба соҳаи ташкилоти базавӣ вобастаанд, омода намудани хулосаҳо ва тавсияҳои мувофиқ оид ба ҳамоҳангсози санадҳои меъёрӣ ва мубодилаи санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷаласаи VI-уми Шӯро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми бунёдии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ аз санаи 12.10.2018, пешниҳоди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ додани мақоми «Ташкилоти базавии кишварҳо – иштирокчиёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмии соҳаи физикаю техника» қабул шуда буд. Вобаста ба ин, Гурӯҳи корӣ омода намудани лоиҳаи Низомномаи ташкилоти базавиро ба АМИТ пешниҳод намуд. Лоиҳаҳои Низомномаи аз ҷониби АМИТ ва Институт омодашуда ва Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ санаи 15-16 апрели соли 2019 дар ҷаласаи Гурӯҳи кории Шӯро (ш.Минск) мукаммал гаштанд ва маводҳои ниҳоӣ ба аъзоёни Шӯро барои мувофиқа ирсол шуда буд. Дар ҷаласаи санаи 28.11.2019 Шӯро баррасии маводҳои ниҳоии Гурӯҳи корӣ, аз ҷумла Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ вобаста ба Институт дода шудани мақоми ташкилоти базавӣ пешбинӣ шудааст.

9). Экспедитсияи илмии “Помир-2020”. Моҳи июли соли равон (10-25 июл), бо иштироки кормандони МБТФЯ (Азизшоев Қ., Одинаев С., Шанбиев М., Аминҷонов Ш.Ю.) ва Раёсати институт (Ф.Шокир, Х.Р.Раҳмонов) Экспедитсияи тобистонаи Помир-2020 ташкил карда шуд.

Чӣ тавре, ки медонем, моҳи августи соли 2008 Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсисдиҳӣ ва фаъолияти МБИТ Помир-Чақалтой, бо мақсади бурдани таҳқиқотҳои ҳамҷояи ядрои-физикӣ ва астрофизики нурҳои кайҳонии энерегияҳои фавқулбаланд имзо карда шуд. Аз соли 2015 инҷониб ҳамасола бо иштироки кормандони институт экспедитсия тобистона ташкил карда мешавад.

Соли ҷорӣ маротибаи 6-ум аст, ки як гурӯҳи муҳаққиқони ҷавони Институт санаҳои 10-25 июл дар истгоҳи Ақ-Архар дар чаҳорчӯбаи мавзӯи экспедитсияи илмии Помир-2020 таҳқиқотҳо гузарониданд. Дар ин чаҳорчӯба олимони ҷавон таҳти роҳбарии устодон масъалаҳои илмии зеринро таҳқиқ намуданд:

 Таҳлили маҳал вобаста ба гамма-, бета- ва афканишоти нейтронӣ.
 Таҳлили фаъолнокии ҳаҷмии муназзами радон-222 (радон) ва радон-220 (торон) дар ҳавои фазо ва дохили иншоотҳо.
 Таҳлили пасманзари шабонаи фазо.
 Ҷамъоварии намунаҳои репрезентативии хоку растанӣ барои гузаронидани таҳлили гамма-спектрометрӣ.
Таҳқиқот дар паҳноҳои баландкӯҳҳои Помир, дар н.Мурғоби ВМКБ дар 3 пойгоҳҳои илмии бақайдгирӣ ва таҳқиқи нурҳои кайҳонӣ бурда шуд:
 Пойгоҳ дар мавзеи Ак-Архар, дар баландии 4360 м, солҳои сохтмону таъсисёбӣ – 1971-1975 – макони асосии таҳқиқот;
 Пойгоҳ дар мавзеи Чечектӣ, дар баландии 3860 м., солҳои сохтмону таъсисёбӣ – 1944-1946;
 Пойгоҳи нопурра бунёдшуда дар мавзеи Колуч-кул, дар баландии 4270 м, солҳои оғози сохтмон – 2012-2013.

Ҳамин тавр, соли ҷорӣ масъалаҳои назди ҳайати экспедитсионӣ гузошташуда ба пуррагӣ таҳқиқ шуда, вазифаҳои ба нақша гирифташуда иҷро шуданд.

Бояд қайд намоем, ки таҳқиқи радиофаъолнокӣ ҳамчун афканишоти баъзе аз ядрои ҳастаҳо ва худи афканишот ҳамчун афканишоти ионизатсиякунанда ҳодисаи табиӣ буда, миқдори муайяни он дар ҳама муҳитҳо ва ҳатто дохили организми одам мавҷуд мебошад. Яъне афканишоти ионизатсиякунанда ҳодисаи доимӣ буда, одатан ҳамчун пасманзари радиатсионии муҳити атроф номбар карда мешавад. Афканишоти ионизатсиякунанда ва моддаҳои радиофаъолнок дар соҳаҳои гуногун ба таври самаранок истифода мешавад – аз истеҳсоли энергия то истифодабарӣ дар тиб, саноат ва хоҷагии халқ. Мубрамияти ин масъала дар он аст, ки дар вақти истифодабарӣ ва умуман дар раванди корҳо хавфи радиофаъолнокӣ нисбати кормандон, аҳолӣ ва муҳити атроф бояд ҳатман баҳо дода шуда, назорат карда шавад. Муайян карда шуд, ки пасманзари радиатсионии мавзеи Ақ-Архар дар фосилаи 0.06-0.13 мкЗв/соат мебошад ва қобили қабул буда, барои организми одам ва муҳити атроф ягон зарар ё таъсири манфӣ намерасонад. Харитаи радиатсионии мавзеъҳои таҳқиқшуда вобаста ба моҳи июли соли 2020 бо ташхиси зиёда аз 40 нуқта дар фосилаи 4360м-5000м аз сатҳи баҳр сохта шуд.

10). Оид ба татбиқи натиҷаҳои илмӣ ва ихтироот дар амалия. Дар ҳамкорӣ бо Институти гастроэнтерология дар соҳаи коркарди насли нави асбобҳои криоҷарроҳӣ бо рӯйпӯши антиадгезионӣ, ки ҳангоми ҷарроҳӣ ҷараёни бефосилаи ҳаҷми калони нитрогени моеъро таъмин мекунад, якчанд татбиқи ихтирооти олимони институтро қайд намудан мумкин аст. Татбиқи амалии дастгоҳҳои криоҷарроҳии ихтироъшуда дар соли 2020 дар муассисаҳои зерини тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва соли ҷорӣ 4 санади татбиқ низ гирифта шудааст:

 Шӯъбаи ҷарроҳии ҷигар ва ғадуди зери меъдаи Пажуҳишгоҳи гастроэнтерологияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар табобати 23 бемор;
 Шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии вилоятии Хатлон ба номи Б.Воҳидов, ш. Бохтар – дар табобати 6 бемор;
 Шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Ҳақназаров, ш. Кӯлоб – 8 бемор;
 Шӯъбаи ҷарроҳии сили абдоминалии Муассисаи давлатии “Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина” – дар табобати 2 бемор.

Умуман бошад, тариқи дастгоҳҳои криоҷарроҳии аз ҷониби олимони Институт ва Институти гастроэнтерология ихтироъшуда аз соли 2016 инҷониб зиёда аз 243 беморон ҷарроҳӣ карда шуданд. Бояд қайд намоем, ки то ихтирои дастгоҳҳои мазкур ҷарроҳии бемориҳои ҷигар дар дохили кишвар имконнопазир буд.

11). Саҳми Институт дар таҳқиқ ва пешгири бемории COVID–19. Вобаста ба бемории ҳамагири соли 2020 саҳми олимону мутахассисони Институт дар пешгирии бемории коронавирус (COVID–19) дар соли ҷорӣ аз ихтирооту дастовардҳои зерин иборат аст:

 Аз ҷониби Институт дар раванди коркарди реактори истеҳсоли маводи зиддивирусии NAOCL (гипохлорити натрий) системаи таъминоти барқ барои ҳама реакторҳои истеҳсоли NAOCL-и АМИТ бо тавононии гуногун кор карда баромада ва насб карда шуд;
 Аз ҷониби бахши конструктории АМИТ, ки дар яке аз лабораторияҳои Институт қарор дорад, асбоби нафасгирии сунъӣ сохта шуда, барои озмоиш ба шуъбаи “Ёрии таъҷилӣ” супорида шуд.
 Ду нафар олимони Институт аз моҳи майи соли 2020 ҳамчун аъзои 2 Шўрои байниидоравӣ (назди АМИТ ва ВТҲИАҶТ) оид ба муайян намудани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус (COVID – 19) ва пешниҳод намудани тавсияҳо интихоб шуда, фаъолият бурда истодаанд.
 Аз ҷониби мутахассисони Институт тавассути моделсозии компютерӣ модели паҳншавии бемории COVID – 19 кор карда баромада ва ба Раёсати АМИТ пешниҳод шуд.

12). Фаъолияти Шӯрои диссертатсионии Институт. Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031 (ШД) доир ба ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос дар назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти фармоиши №72-и Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) аз санаи 06.12.2017с. аз рўйи самтҳои илмии 6D060400 – Физика ва 6D071700 – Энергетикаи ҳароратӣ таъсис дода шудааст.

Мувофиқи фармоиши Раиси КОА аз санаи 02.03.2020с. таҳти №38 ба ШД қабули диссертатсияҳо барои баррасӣ ва ҳимоя аз рўи ихтисосҳои зерин иҷозат дода шудааст:

  1. 6D060400 – Физика:
     01.04.07 – Физикаи ҳолатҳои конденсӣ;
     01.04.15 – Физика ва технологияи наносохтор, физикаи атом ва молекула;
     01.04.16 – Физикаи ҳастаи атом, зарраҳои бунёдӣ.
  2. 6D071700 – Энергетикаи ҳароратӣ:
     05.14.08 – Дастгоҳҳои энергетикӣ дар асоси намудҳои барқароршавандаи энергия.
  3. 6D061200 – Метеорология
    25.00.30 – Обуҳавошиносӣ, иқлимшиносӣ, обуҳавошиносии кишоварзӣ.

Раиси Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031, д.и.ф.-м., академик Ҳ.Ҳ. Муминов мебошанд.

Соли ҷорӣ 6 ҷаласаи ШД, аз ҷумла – 2 ҳимояи диссертатсияҳо (барои соҳиб шудан ба дараҷаи номзади илм) баргузор гардида, 2 диссертатсия барои ҳимоя роҳ дода шуд.

13). Ҳимояи таҳқиқоти диссертатсионӣ аз ҷониби кормандони Институт. Соли 2020 кормандони зерини Институт рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд:

 Идибегзода Халимахон Идибег, ихтисос – 01.04.07 – Физикаи ҳолатҳои конденсӣ;
 Одинаев Фатҳулло Раҳматович, ихтисос 02.00.04 – Химияи физикӣ
 Давлатмамадова Саъбик Шомамадовна, ихтисос 01.04.07 – Физикаи ҳолатҳои конденсӣ.

14). Мукофотҳо ва Ҷоизаҳо. Соли ҷорӣ 5 нафар устодони Институт сазовори мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста” ва “Нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” гаштанд.

Санаи 04.09.2020 2 нафар устодони зерини Институт дар ҳайати муаллифон Раҳимӣ Ф., Аҳмадзода С.М., Муминов Ҳ.Ҳ., Аҳмедов С.Ш., Одинаев Ф.Р. барои силсилаи корҳо таҳти унвони “Коркарди насли нави дастгоҳҳои криоҷарроҳӣ ва истифодаи он дар ҷарроҳии бемориҳои шикам” бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шуданд:

 Ҳ.Ҳ. Муминов – мудири шуъбаи наномавдҳои ва нанотехнология.
 Ф.Р. Одинаев – мудири лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият.

Санаи 04.09.2020с. 2 нафар кормандони зерини Институт сазовори Мукофоти давлатии “Медали хизмати шоиста” гардиданд:

 С.Ф. Абдуллоев – мудири лабораторияи физикаи атмосфера.
 Ф.Р. Одинаев – мудири лабораторияи физикаи фаросардӣ ва фавқулноқилият.

Санаи 14.04.2020с. 2 нафар кормандони зерини Институт сазовори “Нишони аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” гардиданд:

 Р.А.Қориева – ходими пешбари илмии лабораторияи физикаи кристаллҳо.
 С.Юнусова – ходими пешбари илмии сектори физикаи назариявӣ.

15). Лаҳзаҳо аз ҳаёти Институт дар соли 2020.

Иштирок ва баромади директори Институт дар ҷаласаи гурӯҳи экспертӣ вобаста ба созиши лоиҳаҳои муассисаҳои базавии кишварҳо – аъзоёни ИДМ дар соҳаи омоданамоии кадрҳои илмӣ аз руйи илмҳои физикаю техника. Минск, Кумитаи иҷроияи ИДМ –12-13 феврали соли 2020.
Конференсияи байналмилалии “Саҳми сарварони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар таҳкими дӯстӣ, ҳамсоягии нек, эътимод ва ифтитоҳи саҳифаҳои нав дар муносиботи шарикии стратегии миёни ӯзбекону тоҷикон”. Душанбе, Китобхонаи миллии Тоҷикистон – 14-15 сентябри соли 2020. Имзо шудани Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ ва Институти физикаи ядроии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Конференсияи VII байналмилалӣ оид ба «Масъалаҳои муосири физика». Душанбе, ИФТ ба номи С.У.Умарови АМИТ – 9-10 октябри соли 2020.
Озмун барои толибилмони литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе аз фанни физика барои дарёфти «Ҷоми Академияи милии илмҳои Тоҷикистон» бахшида ба эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» солҳои 2020-2040. Душанбе, Раёсати АМИТ, ИФТ ба номи С.У.Умаров – 12-13 ноябри соли 2020.
Экспедитсияи илмии “Помир-2020”. Ҷараёни таҳқиқот дар пойгоҳҳои илмии мавзеи Ак-Архар (дар баландии 4360 м), мавзеи Чечектӣ (3860 м) ва мавзеи Колуч-кул (4270 м). ВМКБ, н.Мурғоб – 10-25 июли соли 2020.
Раванди семинарҳои илмии ИФТ ба номи С.У.Умаров. Соли 2020.
Раванди баррасии рисолаҳои илмӣ дар Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031 доир ба ҳимояи диссертатсияҳо барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос дар назди ИФТ ба номи С.У.Умаров. Соли 2020.
Ҷаласаи Шўрои байниидорави назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба муайян намудани сабабу оқибатҳои бемории коронавирус (COVID – 19). Муаррифии “Модели компютерии таҳаввули паҳншавии бемории пандемӣ ва роҳҳои пешгирии он” аз ҷониби директори ИФТ ба номи С.У.Умаров. Душанбе, Раёсати АМИТ – 15 июни соли 2020.
Ҷараёни фаъолияти гурӯҳи корӣ иборат аз мутахассисони Институтҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба коркарди реактори истеҳсоли маводи зиддивирусии NAOCL. Аз ҷониби мутахассиси ИФТ ба номи С.У.Умаров, мудири лабораторияи криофизика Ф.Р.Одинаев насб шудани системаи таъминоти барқи реакторҳо. Маркази инноватсионии АМИТ –феврал-марти соли 2020.
Аз ҷониби кормандону устодон муаррифӣ шудани дастовардҳои лабораторияҳои Институт, Бюрои конструктории назди АМИТ ва саҳми олимони тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ тариқи барномаҳои телевизионӣ. Соли 2020.