Тоҷикистон
Форсӣ: جمهوری تاجیکستان
Русӣ: Республика Таджикистан
Англисӣ: Republic of Tajikistan
Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان) —дар Осиёи Марказӣ воқеъ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهور تاجیکستان) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.
Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) ҳамсарҳад аст. Марзҳои Тоҷикистон бисёр пур печутоб буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва дарёи Аму мегузарад. Тоҷикистон кишвари кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони зеризаминиву об дорад, лекин кишвар ба дарёҳои озод дастрасӣ надорад.
Идҳои расмии Тоҷикистон
- 1 январ — Соли нави мелодӣ
- 23 феврал — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 8 март — Рӯзи модар
- 21 — 24 март — Иди байналмилалии Наврӯз
- 9 май — Рӯзи Ғалабaи халқҳо дар ҶБВ (1941-1945)
- 27 июн — Рӯзи ваҳдати миллӣ
- 1 сентябр — Рӯзи дониш
- 9 сентябр — Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 5 октябр — Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 8 октябр — Иди Меҳргон
- 6 ноябр — Рӯзи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
- 24 ноябр — Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Иди Рамазон — 1 рӯз — ҳар сол (мутобиқи тақвим)
- Иди Қурбон — 1 рӯз — ҳар сол (мутобиқи тақвим)
- Иди Сада
Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбекистон сохта шуд. Соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.
Тоҷикистони соҳибистиқлол
Таъсисёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатдории соҳибистиқлоли халки тоҷик ва эҳёи навини тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикӣ дар каламрави хеш асос гашт.
Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд ба амалӣ сохтани барномаи ислоҳоти иқтисодӣ барои солҳои 1995—2004 ва барномаҳои дигар шурӯъ намуд. Барои аз хатари гуруснагӣ эмин доштани аҳолӣ ва бо озуқа таъмин намудани бозори дохилӣ Фармонҳои Президенти ҶТ Э. Раҳмон аз 9 октябри соли 1995 «Дар бораи 50 000 га замин ҷудо намудан барои хоҷагии назди ҳавлигӣ» ва 1 декабри соли 1997 иловатан ҷудо намудани боз 25 000 га замин аҳамияти калон дошта буд.
Дар натиҷаи ислоҳотҳои иқтисодии дар ҷумҳурӣ амалӣ гардида муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ, ки асоси онро моликияти хусусӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ ташкил медиҳад, ҷорӣ шуда истодаанд.
Истиқлолияти озуқаворӣ, амнияти энергетикӣ ва раҳоёбӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ — ҳадафҳои стратегии сиёсати дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҳамин ҳадафҳои бунёдӣ тадриҷан дар амал татбиқ шуда истодаанд.
Қабули Конститутсияи ҷумҳурӣ ва интихоботҳои умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри 1994, 1999, 2006, 2013) боз як қадами устувор дар давлатдории кишвар гардид. Тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз (26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016, интихоботҳои вакилон ба Маҷлиси Олии (2 палатагии) Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои навбатӣ дар такмили сохтори сиёсии ҷумҳурӣ гаштанд.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони истиқлолият дар доираи Созмони Милали Муттаҳид (СММ — ООН), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА — ОБСЕ), Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ — ШОС) ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда истодааст. Ҳамкории Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад.
Саноат
Дар ҷумҳурӣ чунин соҳаҳои асосии саноат арзи вуҷуд доранд:
- коркарди маъданҳои кӯҳӣ ва металҳои нодир;
- истеҳсоли ангишт (дар кони ангишти Шӯроб, Фон-Яғноб (кокс) ва Назаргиёҳ (антрасит));
- истеҳсоли газ ва нафт (дар водии Вахш, Ҳисор, Хоҷа Сартез дар Кӯлоб ва вилояти Суғд);
- истеҳсоли металҳои ранга (арзиз, тилло, нукра, сурб, цинк, висмут, ртуть, вольфрам, молибден);
- саноати сабук (асосан коркарди пахта ва хуроквори);
- саноати кимиё (Комбинати кимиёи Ёвон, Заводи азотбарории Вахш);
- саноати масолеҳи сохтумонӣ;
- саноати мошинасозӣ;
- саноати пилла.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар соҳаи саноат — 219 корхонаи нави саноатӣ бо таъсиси 2942 ҷойи корӣ, аз ҷумла, дар вилояти Суғд — 59 бо 969 ҷойҳои кории нав, вилояти Хатлон — 57 корхона бо 678 ҷойҳои кории нав, ВМКБ — 3 корхона бо 87 ҷойҳои кории нав, шаҳри Душанбе — 60 корхона бо 812 ҷойҳои кории нав ва НТҶ — 40 корхона бо 386 ҷойҳои кории нав сохта ба истифода дода шуд. Аз шумораи умумии корхонаҳои нав: 38 — корхона ба соҳаи мошинсозӣ, 53 — корхона ба саноати сабук, 50 — корхона ба соҳаи масолеҳи сохтмон, 62 — корхона ба саноати хӯрокворӣ, 2 —корхона ба саноати маъдан, 1 — корхона ба саноати ангишт, 5 — корхона ба соҳаи табъу нашр ва 8 — корхона ба дигар соҳаҳо рост меояд.
Энергетика
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
Нерӯи асоси энергетикаи Тоҷикистонро Нерӯгоҳҳои барқии обӣ истеҳсол мекунанд. Ҳаҷми умумии муайяншудаи иқтидори Нерӯгоҳҳои барқии обӣ — 4070 МВт аст.
Тоҷикистон дорои захираҳои ғании гидроэнергетикӣ мебошад. Ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ — 527 млрд кВт. соатро ташкил медиҳад. Аз рӯи ҳаҷми умумии захираҳои гидроэнергетикӣ Тоҷикистон дар ҷаҳон ҷойи ҳаштумро ишғол мекунад.
Дар Тоҷикистон ҳоло чунин Нерӯгоҳҳои барқии обӣ амал мекунанд:
1.1. НБО Норак — бо иқтидори 3000 МВт;
1.2. НБО Бойғозӣ — бо иқтидори 600 МВт;
1.3. НБО Сангтӯда–1 — бо иқтидори 670 МВт;
1.4. НБО Сангтӯда–2 — бо иқтидори 220 МВт;
1.5. НБО Сарбанд — бо иқтидори 240 МВт;
1.5. НБО Шаршара — бо иқтидори 29,9 МВт;
1.7. НБО Марказӣ — бо иқтидори 15,1 МВт;
1.8. НБО Қайроққум — бо иқтидори 126 МВт дар Сирдарё;
1.9 Силсилаи НБО Варзоб (НБО Варзоб-1,Варзоб-2 ва Варзоб-3) — бо иқтидори умумии 25,7 МВт.;
1.10. Нерӯгоҳи Помир-1;
1.11. Нерӯгоҳи барқи обии Роғун — 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО Роғун бо иқтидори 600 МВт ба кор дароварда шуд; иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шудааст;
1.12. Силсилаи НБО — и хурд.
Ба истифода додани НБО «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе — 2», хатҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», «Қайроққум-Ашт», «Айнӣ –Панҷакент», «НБО-и Роғун» -Зеристгоҳи «Душанбе-500», таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ сабаби таҳкими иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқ дар ҷумҳурӣ гардид. Ду сол боз (аз соли 2018) дар натиҷаи мулоқоту гуфтушунидҳои сатҳи олии Сарони ду давлат — Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамкории энергетикҳои тоҷику ӯзбек боз барқарор гардид, ки ин барои ҳарду тараф манфиати хеле калонеро молик аст. Баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Осиёи Марказӣ додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт. Дар давраи Истиқлолият иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика, бе назардошти НБО «Роғун», ба миқдори 1520 МВт зиёд шуд. [31]
20 марти соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Норак ба татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии НБО «Норак» оғози расмӣ бахшиданд. Дар натиҷаи татбиқи ин лоиҳа НБО «Норак» таҷдид ва эътимодноктар гардида, иқтидори лоиҳавияш аз 3000 ба 3300 МВт бардошта хоҳад шуд.23 августисоли 2019 ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО «Қайроққум» оғози расмӣ бахшида шуд. Баъди татбиқи лоиҳа тавоноии НБО «Қайроққум аз 126 мегаватт ба 176 мегаватт расонида мешавад.
Иқлим
Иқлими Тоҷикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кӯтоҳу серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар моҳи январ дамои ҳаво аз +22 °C (дар ноҳияи Панҷ) то −61 °C (дар Булункӯл), дар моҳи июл дамои ҳаво аз −8 °C (дар Булункӯл) то +50 °C (дар ноҳияи Панҷ) тағйир меёбад.
Вобаста аз пастиву баландии маҳалл аз сатҳи дарё, дар Тоҷикистон чанд навъи иқлим ташаккул меёбад: